Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яхбандии роҳ сабаби кушта шудани ду нафар шуд


Дар пайи яхбандии роҳи мошингарди Лахш - Ҷиргатол, дар минтақаи Рашт, мошини тамғаи "НИВА" ба ҷарӣ сарозер шуда, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва ду тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.

Дӯстмурод Забиров, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО гуфт, «ин ҳодиса рӯзи гузашта иттифоқ афтод, ки бар асари он ронанда Амонулло Тоҳиров , соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Ҷарбулоти ноҳияи Ҷмиргатол ва Маҳмаднаим Абдулазизов, соли тавалудаш 1973, сокини ҷамоати деҳоти Сурхоб ба ҳалокат расиданд».



Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Забиров, дар ин ҳодиса ду нафар зан - Сарахон ва Мамлакат Тоҳирова, сокинони деҳаи Ҷарбулоқи ноҳияи Ҷиргатол ҷароҳат бардошта ва ҳоло дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ин нахустин мавриди талафоти одамон бар асари вуқӯи ҳаводиси табии дар соли ҷории милодӣ аст. Ҳарчанд тибқи иттилои Кумитаи вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон, охири соли гузашта дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ низ бар асари яхбандии роҳ, як мошин ба садама дучор шуда буд, аммо ҳеҷ талафоте дар пай надоштааст.

Баста шудани гарданаҳои Анзоб ва Хобурубот

Дар ҳамин ҳол вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон аз муваққатан баста шудани гарданаҳои Анзоб ва Хобурубот хабар додааст. Тибқи фармони ин вазоратхона, ба ронандагон ва мусофирон ҳушдор дода шудааст, ки ба хотири таъмини бехатарӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаи нохуш, аз сафар тариқи роҳҳои мошингарди Душанбе - Ҷиргатол, тавассути гарданаи Хобуробод ва Душанбе - Чаноқ, тавассути гарданаи Анзоб худдорӣ кунанд.

Ин ниҳоди давлатӣ гуфтааст, сафар дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, тавассути тунели "Истиқлол" ва сафар дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ аз тариқи нақби "Озодӣ" ва ё Шар-шар тавассути шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб-Шӯробод-Хоруғ сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво барои имрӯз 7-уми январро абрӣ дониста ва борону резиши шадиди барф дар манотиқи кӯҳиро пешгӯи кардааст.

Аммо бо ин ҳам, бар асоси пешгӯии ин марказ, ҳарорат шабона то 5 дараҷа сард ва рӯзона то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Танҳо дар қаламрави вилояти Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво рӯзона 5- 10 дараҷа ва шабона 13 — 18 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG