Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коҳиш наёфтани мизони маргумири модару кӯдак дар вилояти Хатлон ниҳодҳои беҳдоштии минтақаро нигарон кардааст. Тибқи оморҳои расмӣ, ҳар моҳ 2 ё 3 нафар зан ба ҳангоми таваллуди кӯдак фавтида, дар соли сипаришуда аз фавти 30 зан хабар дода мешавад.

Матлуба Шоназарова, муовини сардори раёсати беҳдошти вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аксари кулли бонувони фавтида хонашин буда, фосилаи байни зоишро риоя накарда, ҳамчунин аз донишҳои марбут ба ҳомиладорӣ ва ҳифзи сиҳҳатӣ дар марҳилаи то таваллуди тифл бархурдор набудаанд.

Вай афзуд, бештари занони реҳлаткарда дар рустоҳо ба сар мебурдаанд ва зери муроқибати ҳамешагии пизишкони момодоя қарор надоштаанд.

Ӯ афзуд: «Пеш аз ҳама занон ба таваллудхонаҳо дер муроҷиат мекунанд, ё аслан муроҷиат намекунанд. Имрӯз аз 70 то 80 дарсади занони тоҷик ба бемории камхунӣ гирифторанд, бемадорӣ ва хунравӣ ҳам сабаб шудааст, ҳамчунин сатҳи камбизоатӣ ва дар шароити фақру нодорӣ зистани бархе хонаводаҳо ҳам гоҳе бо марги муфоҷои занони ҳомила анҷом мешавад».

Таъсиси гурӯҳи вижа барои таҳқиқи масъала

Матлуба Шоназарова, масъули идораи беҳдоштии Хатлон
Матлуба Шоназарова, масъули идораи беҳдоштии Хатлон, мегӯяд, феълан як гурӯҳи вижаи корӣ таъсис дода шудааст, то ки авомили марги ҳар як занро пажӯҳиш намуда, дар боло бурдани сатҳи маърифати беҳдоштии онон таъсир гузорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, идораи беҳдоштии вилояти Хатлон мехоҳад барномаи иловагии танзими оиларо роҳандозӣ кунад.

Тибқи омори расмӣ, мизони таваллуд дар Хатлон рӯ ба афзоиш буда, дар 10 моҳи аввали соли 2010 ҳудудан 60 ҳазор тифл дар минтақа зода шудааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳудудан аз 15 то 20 дарсади тифлони навзод дар Хатлон дар манозили зист, дар шароити номусоид барои зоиш ва бидуни кӯмаки момодояҳо ба дунё омадаанд. Коршиносон фоизи зоиши хонагиро беш аз 30 дарсад мехонанд. Масъулони риштаи беҳдоштӣ дар шарҳи ин рақам мегӯянд, бештар худи занон аз муоинаи тиббӣ ҳангоми ҳомиладорӣ худдорӣ мекунанд ва ё ҳамсарону аҳли хонаводаашон ба онҳо монеъ мешаванд.

Зоишгоҳи бидуни шароит

Мансур, сокини ноҳияи Бохтар, мегӯяд, 2 моҳ қабл бинобар адами шароити нигоҳубин дар дар зоишгоҳи ноҳия вай ҳамсарашро ба зоишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа оварда буд. Ва аммо ӯ бо талаби пизишкон барои муроқибат аз ҳамсараш ва таваллуди фарзандаш дар маҷмӯъ беш аз 300 сомонӣ пардохтааст.

Вай меафзояд: «Як сабаби асосии муроҷиат накардани занҳо ба таваллудхонаҳо ҳамин пулхоҳии табибон аст. Охир ҳама чунин шароитро надоранд. Агар пул надиҳед, тамоман нигоҳ намекунанд.»

Ва аммо Райҳона Ҳақбердиева, раҳбари созмони ҷамъиятии мавсум ба «Дилафрӯз», мегӯяд, хушунати хонаводаӣ ҳам яке аз иллатҳои аслии афзоиши таваллуди хонагӣ ва худдории занон аз муроҷеъа ба пизишкон будааст, ки дар натиҷа боиси маргумири модарону тифлон мешавад. Хонум Ҳақбердиева аз як зани ҳомиладори хатлонӣ мисол овард, ки ҳамин ахиран бар асари манъи шавҳараш аз рафтан ба зоишгоҳ реҳлат кардааст.

Хонум Ҳақбердиева афзуд, аммо дар аксар маворид сабаби марги занон ба ҳангоми таваллуд пажӯҳиш ва омилони марги вай низ рӯшан ва муҷозот намешаванд.


Зоишгоҳҳо беҳбуд мехоҳанд


Гузашта аз ин ҳама, ба иддаои гурӯҳе аз коршиносон ва сокинони маҳаллӣ, феълан сатҳу сифати хизматрасонӣ дар зоишгоҳҳои канортар аз марокизи шаҳру навоҳии Хатлон беҳбуд мехоҳад. Алии Ҷонон, коршиноси масоили беҳдоштӣ, дар ин робита мегӯяд, мавориде ҳам шуда, ки бар асари адами шароити муолиҷа ва дасттангии пизишкон, занони ҳомиладор фавтидаанд.

Ӯ афзуд: «Масалан, соли гузашта ҳолате буд, ки дар беморхонаи Заргар, дар ноҳияи Бохтар, аз сабаби шароити хуби хизматрасонӣ набудан, як модаре ҳангоми таваллуд вафот карда буд. Баъдан ин таваллудхонаро як муддат баста буданд. Мушкили дигар ин аст, ки на дар ҳама ҷо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳастанд ва барои интиқоли беморони вазнинтар ба беморхонаҳои марказии вилоят оҷизӣ мекашанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар зоишгоҳҳо ва бемористонҳои қаламрави вилояти Хатлон танҳо беш аз 180 пизишку момодоя фаъолият мекунанд. Маркази танзими оилаи вилояти Хатлон мегӯяд, дар бархе аз шаҳру навоҳии минтақа пизишкони маълумотдору момодояҳои кордон намерасанд ва зимнан марказҳои саломатии репродуктивӣ наметавонанд ба ниёзмандон хидматрасонии ҳирфаӣ анҷом диҳанд.

Бо таъкид ба дасти кӯтаҳи худ дар амри ислоҳи вазъ ва ҷилавгирӣ аз афзоиши маргумири бонувон ба ҳангоми таваллуди тифл, мақомоти беҳдоштии Хатлон аз ҳукуматҳои маҳаллӣ хостори кӯмак дар бозомӯзии пизишкону момодояҳо ва мусоидат дар беҳсозии вазъи зоишгоҳҳо шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG