Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти вилояти Хатлон аз бодлесу шӯршавии заминҳои корами обӣ дар минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд. Танҳо дар соли 2010 беш аз 12,5 ҳазор ҳектор замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки дуюним ҳазор ҳектораш заминҳои корами обӣ мебошанд.

Кишт нашудани заминҳои корам ва ғайриқобили истифода гардидани он, ба иқтисоди минтақа зиёни молӣ оварда, боиси поин рафтани мизони истеҳсоли масолеҳи кишоварзӣ шудааст.

Фатҳулло Ҳурматов, раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин дуюним ҳазор ҳектор замини обӣ ҳоло комилан бодлес ё эрозия шудааст:

Фатҳулло Ҳурматов, раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон
Сабабҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ҳамин заминҳо асосан дар он аст, ки бисёри ҳамин заминҳо аз сабаби норасоии об, обёрӣ нашудан, ҳамчунин болоравии сатҳи обҳои зеризаминӣ, поккорӣ нашудани ҷӯй ва заҳкашҳо, вайрон будани қубурҳои обгузар, кор накардани насосҳои обкаш ва адами шароити киштукор барои кишоварзон, барои ҳамин холӣ мондаанд ин заминҳо...”

Ҷаноби Ҳурматов афзуд, шӯршавии заминҳои корами обӣ бавижа дар навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Қумсангиру Қубодиёни вилояти Хатлон бештар ба мушоҳида расида, кишту парвариши сабзаҷоту ғаладона дар онҳо номумкин шудааст.
Вазъи баамаломада бисёре аз кишоварзони минтақаро ба ташвиш оварда, онҳо аз мақомоти давлат хостаанд, дар амри ислоҳи вазъ талоши бештар ба харҷ диҳанд.

Оймаҳмад Боев, сокини ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, мегӯяд, бар асари афзоиши намии заминҳо, ки дар пайи истифодаи номуассири ҷӯю заҳкашҳо ба миён омадааст, боғи иборат аз садҳо дарахти мевадиҳандааш хушкидааст:

“Аз ҳамин обҳои зеризаминӣ бисёр дарахтони шафтолу, зардолу ва дигар дарахтон қоқ шуданд, зироатҳо ҳам талаф ёфтанд. Намии замин бисёр аст дар ноҳияи мо. Вақтҳои пеш буд, ки тракторҳо заҳкашҳоро меканданд, обҳои зеризаминӣ аз роҳи ҷӯю қубурҳо мерафтанд, заминҳои кишоварзӣ аз оби зеризаминӣ эмин мемонданд, кишоварзӣ рушд мекард. Ҳоло худи халқа қувваташ барои пешгирии вазъият намерасад. Мо маблағҳои кофӣ надорем, ки худамон ҷӯю заҳкашҳоро поккорӣ кунем...”

Оймаҳмад Боев мегӯяд, бар асари афзоиши намии замин ва талаф додани дарахтони боғаш ҳудудан 15 ҳазор доллар зиён дидааст.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадалӣ Қаюмов, сокини ноҳияи Ёвон, мегӯяд, шӯршавии заминҳои кишт дар панҷ соли ахир ба як мушкили доғи риштаи кишоварзии минтақа табдил ёфтааст:

Ҳама намуди зироатҳо хушкида истодаанд, зироату полезӣ, дарахтон аз даст рафта истодаанд. Дар ҳамин 5 соли ахир зироатро мекорем, ҳосили ночиз мегирем, ё аслан ҳосил намегирем. Ҳама шӯраю ботлоқ шудааст. Хеле мехоҳем, ки ҳукумат ба мо кӯмак кунад...”

Бо талаби ислоҳи вазъ, яъне обёрӣ ва ҷилавгирӣ аз афзоиши намии заминҳо, кишоварзон борҳо ба мақомоти давлат муроҷиат намудаанд, аммо ба иддаои худи деҳқонон, талошҳои муассире дар робита ба ҳалли ин масъала ба харҷ дода нашудааст.

Ин ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи масъулони кумитаи заминсозӣ, бахши аъзами молиёте, ки барои истифодаи замин пардохта мешавад, танҳо ба хотири беҳсозии вазъи замини шӯрзадаю бодлес масраф мегардад. Ҳамчунин Бонки осиёии рушд ҳам ваъда кардааст, ки ояндаи наздик барои коркард ва ба ҳолати пешин бозгардондани заминҳои шӯршуда дар Хатлон, маблағ ихтисос медиҳад. Аммо дар мавриди ҳаҷми ин кӯмаки молӣ иттилоъ дода намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG