Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷиди Номҷӯ, вазири энержии Эрон, дар мулоқоти вазирони энержӣ ва оби Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон пешниҳод кардааст, ки миёни ин се кишвари форсизабон коммиссиюни муштараки истифода аз захоири оби минтақа таъсис дода шавад.

Дар ин ҳамоиш, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои энержӣ ва истифода аз захоири обӣ аз авлавиятҳои равобиту ҳамкориҳои се кишвар арзёбӣ шудааст.

Пешниҳоди таъсиси коммиссиюи муштараки истифода аз захоири об дар ҳолест, ки ҳамчунин як коммиссиюн миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъол аст. Аммо бо ин ҳам кишварҳои поёноби минтақа, назири Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон, дар масъалаи истифодаи захоири об бо кишварҳои болооб - Тоҷикистон ва Қирғизистон мухолифат доранд.

Пас суоли матраҳ низ ин аст, ки оё таъсиси комиссиюни нав миёни кишварҳои форсизабон вокунишҳо ва мухолифатҳои кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистонро ба бор нахоҳад овард?

Эрон харидори оби Тоҷикистон хоҳад шуд


Алӣ Асғар Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, ҳадафи аслии таъсиси ин иқдомро содироти захоири оби Тоҷикистон ба Афғонистону Эрон ва тавсеаи иқтисодии ин кишвар номид.

Вай гуфт: «Об як захираи бузурге аст, ки Тоҷикистон дорад ва мутаасифона ин кишвар танҳо 5 дарсади онро масраф мекунад. Пешниҳод ҳам ин аст, ки бо ҳамкории Афғонистону Эрон оби Тоҷикистон имкони содирот пайдо кунад. Ин сарвати миллии Тоҷикистон табдил шавад ба даромаде, ки битавонад боиси рушди Тоҷикистон шавад».

Алӣ Асғари Шеърдӯст мегӯяд, дар сурати тавофуқи ниҳоӣ иҷрои ин лоиҳа, интиқоли об аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Эрон аз тариқи лулаҳои обгузар сурат хоҳад гирифт.

Сафири Эрон мегӯяд, ин иқдом ба ҳеҷ ваҷҳ ба хотири халал ворид кардан дар ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояи он нест.

Истиқболи Душанбе аз тарҳи нав

Масъулони вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқоти сеҷониба дар шаҳри Теҳрон истиқбол карда ва онро қадами дигаре дар тақвияти ҳамкориҳо барои ҳар се кишвари форсизабон мекунанд.

Ба гуфтаи масъулони давлати Тоҷикистон, мавзӯи содироти об аз Тоҷикистон ба Эрон аз чанд сол ба ин сӯ матраҳ аст. Зеро бархе аз вилоятҳои Эрон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, ба камбуди об мувоҷеҳ ҳастанд ва коршиносон низ мегӯянд, истифода аз захоири оби рӯдхонаҳо миёни ин ду кишвар ба мавзӯи доғ табдил шудааст.

Аммо пешниҳоди ҷониби Эрон дар ҳолест, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ комиссиюни вижае барои истифода ва танзими захоири об фаъол аст, вале дар чанд соли ахир бар сари захоири оби минтақа ва бунёди неругоҳҳои барқӣ баҳсҳо идома дорад.

Саиди Ёқубзод, раиси кумитаи аграрӣ ва муҳити зисти порлумони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки таъсиси комиссиюни муштарак байни кишварҳои форсизабон дар қиболи кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон бар нафъи ин кишвар аст.

Вай мегӯяд: «Дар масъалаи обу энержӣ ҳар қадар созишнома зиёд бошад, ҳамон қадар хуб аст. Барои он ки ҳоло панҷ кишвари Осиёи Марказӣ созишнома дорад. Агар ба овоздиҳӣ гузорем се кишвар, Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар муқобили мо Тоҷикистон қарор мегиранд ва танҳо Қирғизистон тарафдори мо аст. Ба ин хотир мо ҳаракат мекунем, ки Афғонистон ва Эронро низ ҷалб кунем, то овози мо низ бештар шавад».

Комиссиёни нав - таҳкими мавқеи Тоҷикистон
?

Мутахассисони соҳа ва ҳамин тавр таҳлилгарон аз пешниҳоди Эрон барои таъсиси комиссиюни муштарак ҳимоят мекунанд, аммо мегӯянд, ин иқдом хотири кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба хусус Узбакистонро тира хоҳад сохт.

Яраш Пӯлодов, раиси Пажӯҳишгоҳи оби Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ, он барои коҳиши мухолифатҳо ва эътирозоти кишварҳои поёноб дар заминаи истифодаи захоири оби минтақа таконе хоҳад буд.

Ҷаноби Пӯлодов афзуд: «Агар ин иқдом рӯи кор ояд, ба эҳтимоли зиёд ба он ҳамроҳ хоҳанд шуд. Ҳамкорӣ дар минтақа ва берун аз он бояд дар чаҳорчӯби созишномаҳои мутақобилан судманд ва ба ҳамдигар судовар бошад. Мо бояд ҳамкорӣ кунем ва ба ин лоиҳаҳо дигар кишварҳоро ҷалб намоем ва исбот кунем, ки ин на зарар, балки ба манфиат ва фоидаи минтақа аст».

Ҳамакнун интизор меравад, пешниҳоди вазири энержии Эрон аз сӯи кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди омӯзиш ва баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Аммо кишварҳои дигари минтақа ба он чи вокунише хоҳанд дошт, ҳоло ироа накардаанд. Дар ҳар сурат таҳлилгарону соҳибназарон бар ин боваранд, ки ин пешниҳод метавонад таконеро барои ҳамкории одилона ва муассир миёни кишварҳои поёноби минтақа ба вуҷуд оварад.

Тибқи оморҳои расмӣ Тоҷикистон 60 дарсади захоири оби минтақаро дар ихтиёр дорад. Президенти Тоҷикистон истифода аз ин захоирро ҳаққи ин кишвар медонад, вале борҳо ба он таъкид кардааст, ки кишварҳои ҳамсояро бе об нахоҳад монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG