Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз амали террористӣ дар Бишкек


Мақомоти амниятии Қирғизистон аз таҳдиди амалҳои терористӣ ба ин кишвар ҳушдор дода ва гуфтанд, як гурӯҳи муташаккилеро кашфу хунсо карданд, ки мехост дар қаламрави кишвар амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Кенешбек Душебоев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба хабарнигорон гуфт, маъмурони амниятӣ рӯзи 25 декабр аз қасди ин гурӯҳ барои бомбгузорӣ дар шаҳри Бишкек ҷилавгирӣ карданд.

Ӯ афзуд: “Чанде пеш рӯзи 25 декабр, талоше барои анҷом додани амалиёти террористӣ сурат гирифт. Як мошини бомбгузоришударо бомдод соати 5 дар назди дарвозаи асосии раёсати умури дохила пайдо карданд, ки дар он 10 кило маводи мунфаҷираи тротил ҷогузорӣ шуда буд. Ба он ҳамчунин пораҳои арматураро насб карда буданд, то нерӯи харобиовари инфиҷор бештар бошад. “

Кенешбек Душебоев афзуд, дар сурати инфиҷори бомби худсохт, ки бо хокаи алюминиум ва дигар маводи мунфаҷира дуруст шуда буд, миқёси харобӣ ниҳоят васеъ мебуд. Ба гуфтаи ӯ, коршиносони қирғиз ба ин натиҷа расиданд, ки ин бомбгузорӣ мисли бомбгузории нокоми 30 ноябри ҳамин сол дар назди Кохи варзишии шаҳри Бишкек будааст, ки бар асари он 7 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, мошини бомбгузоришуда ҳамон мошине будааст, ки чанде пеш аз як шаҳрванди Амрико дар Қирғизистон бо дигар молу амволаш ғорат карданд. Кенешбек Душебоев афзуд, бо иттиҳоми талош барои анҷоми амалҳои терористӣ 9 нафар боздошт шуданд, ки ҳамаи онҳо аъзои гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ҳастанд:

“То кунун маъмурони кумитаи амнияти миллӣ, 9 нафарро боздошт карданд ва панҷ нафари дигарро ҷустӯҷу мекунем. Табиист, ки мо ному насаби онҳоро гуфта наметавонем ва дар мавриди он ки ин ҷиноятро ҳамин гурӯҳ содир кардааст, мо шубҳае надорем. Ҳангоми боздошти муттаҳамон дар хонаҳои онҳо далелҳои шайъиеро пайдо кардем, ки аз амали терористӣ ва ғорати шаҳрванди Амрико гувоҳӣ медиҳанд."

Маъмурони амниятии Қирғизистон мегӯянд, аксари боздоштшудаҳо шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд, ки ба гуфтаи онҳо, бо ҳалқаҳое дар Қазоқистон ва Русия иртибот доштаанд. Дигар ин, ки ба гуфтаи Кенешбек Душебоев, дар хонаҳои ин афрод, муҳимоти ҷангӣ ва ашёву маводи лозим барои бомбгузориву амалҳои терористии дигар пайдо кардаанд. Аз ин рӯ ба гуфтаи раиси Кумитаи амниятии миллии Қирғизистон таҳдиди амалҳои терористӣ ба ин кишвар ҳанӯз аз байн нарафтааст ва аз ин хотир тадобири амниятӣ дар Қирғизистонро тақвият бахшидаанд:

“Ман ва вазири умури дохила ба ниҳодҳои тобеъи худ дастур додем, то дар ҳама самтҳо чорабиниҳои амниятӣ андешида шавад. Тафтишҳои саросарии шиносномаҳои афроде, ки ба Қирғизистон ворид мешаванд ва ё мераванд идома дорад. Тафтиши маконҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои мухталиф низ идома дорад. “

Қирғизистон баъди ошӯбҳои баҳори имсол ва барканории Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқ, тобистон шоҳиди муноқишаҳои қавмӣ миёни ӯзбаку қирғизҳо шуд, ки дар ҷараёни он садҳо нафар кушта шуданд.

Дар Тоҷикистон, ки аз нооромиҳо дар ин ҳамсоякишвари худ нигаронанд, дар остонаи таҷлили соли нави милодӣ тадобири амниятӣ тақвият ёфтааст. Вазорати умури дохила гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна амалҳои терористии эҳтимолӣ ва таъмини амнияти мардум ниҳодҳои интизомӣ ба ҳолати шадиди хидмат оварда шудаанд.
XS
SM
MD
LG