Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cоли 2011-ум Тоҷикистонро чӣ интизор аст?


Дар соли харгӯши 2011, сиёсатшиносон тахмин мезананд, ки сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон нармтар мешавад ва низ кишварҳои минтақаву ИДМ, аз муносибатҳои гармтару дӯстона кор мегирад.

Зеро бо қавли онҳо соли 2011-ум аз таъсиси ин иттиҳод 20 сол сипарӣ мешавад ва ин кишварҳо ба ҷомеи ҷаҳонӣ муррифӣ кардан мехоҳанд, ки иттиҳоди таъсисдодаашон муваффақ буд.

Ва аммо таҳлилгарони масоили амниятӣ бар инанд, ки амнияти Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҳатто Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил марбут ба вазъи амниятии Афғонистон аст ва агар таҳаввуле дар раванди амниятии он кишвар ба вуқӯъ биёяд, пас он вазъ дунболагири Тоҷикистону минтақа ва он иттиҳод хоҳад буд.

Дар ҳоле, ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз поймол шудани ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил нигаронанд, ҳуқуқшиносони тоҷикро он чи ба умед кардааст, ки Институти дифоъ аз ҳуқуқи инсон пас аз интиқодҳои шадиди солҳои гузашта, ниҳоят дар соли нав фаъолияти худро назаррас мекунад.

Аммо иқтисодшиносони тоҷик мегӯянд, нархи пунба, ки соли ҷорӣ дар бозори ҷаҳонӣ барои бори аввал дар солҳои ахир бесобиқа боло рафт, пас шонс ва ё имконияти муносибе барои эҳёи иқтисодиёти кишвар фароҳам шудааст.

Вале таҳлилгарони дигар бахшҳо аз соли 2011 чӣ интизорот доранд, онро дар навори радиои «Озодӣ» бубинед:

Интизорот аз соли нав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
XS
SM
MD
LG