Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Путин бо фанатҳои футбол


Шоми сешанбе шабакаҳои телевизионии Русия аз мулоқоти ғайримунтазираи нахуствазири Русия бо ҳаводорони футбол гузориш доданд. Шореҳон мегӯянд, ки сӯҳбатҳои Путин оҳанги интиқод аз “рафтори сокинони Қафқози Шимолӣ” пуштибонӣ аз гурӯҳҳои нажодпараст рӯшан эҳсос мешуд.

Владимир Путин гуфт, ҳамонтавре ки ӯ ҳодисаи оташзании Қуръонро қабул надорад, ҳамингуна аз қафқозиҳо даъват мекунад, ки фарҳангу суннат, расму таомул ва қонунҳои “ин ҷоро” эҳтиром кунанд, вагарна, гуфт ӯ, маҷбур мешавад муқаррароти муҳоҷиратро боз ҳам шадидтар кунад.

Путин гуфт: “Чаро ман тасмим гирифтам бо шумо вохӯрам? Чунки шумо як нирӯ ҳастед. Вале агар мо нафаҳмем, ки бо ин нирӯ чӣ бояд карду мисли девона бо теғи корд дар саросари ин кишвар даводавӣ кунем, кишвар хароб мешавад. Ин ҷо беш аз 160 қавму миллатҳо зиндагӣ мекунанд, ки зоҳиран метавонанд боиси пайдоиши беш аз 160 созмони миллӣ шаванд. Вале агар мо ба ин чиз роҳ диҳем, аз як Русияи бузург, қавӣ ва корсоз маҳрум хоҳем шуд, ки наметавонад барои шаҳрвандонаш шароити мусоид фароҳам оварда инчунин мавриди эҳтироми ҷаҳон қарор бигирад”.

Гулгузорӣ дар сари қабри нажодпараст


Ин мулоқот, ки дар вазорати варзиш, туризм ва сиёсати ҷавонони Русия доир шуд ногаҳонӣ буд. Путин ҳамроҳ бо ҳаводорони дастаҳои мухталифи футбол, аз ҷумла ҷавонҳои доғистониву осетин ба қабристони Люблино рафт ва дар қабри Егор Свиридов, фанати кушташудаи футбол гул гузошт.

Свиридов, ки 7 декабр дар Маскав дар пайи як задухӯрде бо ҷавонҳои қафқозӣ кушта шуд, тибқи баъзе хабарҳо як узви гурӯҳҳои нажодпараст будааст.

Аслан Черкесов, ҷавоне аз Кабардино-Балкария, ки дар куштори ӯ муттаҳам мешавад, гуфт, он шаб ҳангоми иҷораи таксӣ ҷанҷоле бархост ва “ӯ маҷбур буд ба хотири ҳимояи ҷонаш аз тапонча истифода кунад”. Путин дар мулоқоти ахир бо ҳаводорони футбол аз Черкесов чун як ҷинояткори ашадӣ ё “ресидивист” ёд кард, ки дар гузашта ду дафъа зиндонӣ шудааст.

Аслан Дукаев, раиси бахши Қафқози Шимолии радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди таассуфовар будани ҳодисаи куштори фанати “Спартак”, аммо аз чунин иқдоми Путин бисёр дилсард шудааст. Вай мегӯяд, то ҳол надида буд, ки нахуствазири Русия чунин кореро дар ҳақи қурбониҳои даргириҳо дар Чеченистон, Доғистон ё дигар нуқтаи Қафқози Шимолӣ карда бошад.

“Ин рафтор ба бисёр одамоне, ки дар Маскав зиндагӣ намекунанд, як пайғоми иштибоҳӣ медиҳад, ки ҳаёти як марди рус барояш муҳимтар аз ҳаёти як қафқозӣ, намояндагони Осиёи Миёна ё миллатҳои дигари сокини Русия мебошад”, -афзуд ӯ..

Тарси Путин аз нажодпарастон?

Алексей Малашенко, таҳлилгари маркази Карнегӣ дар Маскав
Вале аз назари дигар таҳлилгарон, мулоқоти Путин бо ҳаводорони футбол шоми сешанбе ба он маъност, ки мақомоти Кремлин аз авҷи бегонаситезӣ дар кишварашон амиқтан тарсида дар оянда намедонанд чӣ гуна пеши роҳи густариши ин ҳодисаҳоро бигиранд.

Александр Малашенко, таҳлилгари маркази Карнегӣ дар Маскав мегӯяд: “Вай тарсид. Ҳеҷ вақт надида будем, ки нахуствазир, Путин, ки иддаои раҳбари миллатро дорад, бо ин гурӯҳи ҷавонҳо мулоқот кунад. Вай акнун фаҳмид, ки танҳо бо нирӯ онҳоро пахш карда намешавад. Воқеият ин аст, ки онҳо аз нирӯву қудрати миллатгароҳои рус тарсиданд”.

Александр Малашенко афзуд, мулоқоти ахири Путин бо фанатҳои футбол чанд пайғоми муҳиме дорад, ки нодида гирифтани он мумкин нест. Вай гуфт, аввал ин ки маъмурияти Маскав дар симои Путин барои нахустин бор эътироф карданд, ки ин як низои байниқавмӣ будааст, чун то ҳол ингуна ҳодисаҳо зери чатри “авбошӣ ё ҷиноятҳои маишӣ” пешкаш мешуд.

Путин эътироф кард, ки дар ҷомеаи Русия ихтилофҳои байниқавмӣ ва зиддиқафқозӣ вуҷуд дорад. Ҳушдори Путин ба қафқозиҳо, ки “бояд эҳтиёткорона рафтор кунанд” ва зиёрати қабри фанати кушташудаи футбол маънои онро дорад, ки Путин заминаҳои хашми онҳоро дарк мекунад, гуфт Малашенко.

Бар тибқи баъзе назархоҳиҳо, 60 дар сади аҳолии Русия розӣ ҳастанд, ки минтақаи Қафқози Шимолӣ аз қаламрави ин кишвар ҷудо карда шавад, ҳарчанд Маскав, бо вуҷуди чунин сиёсати ҷанҷолбарангезу ноодилонааш аз назари қафқозиҳо, ҳеҷ гоҳ ба ин чиз розӣ нахоҳад шуд.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳоло бисёр чиз аз иқдомҳои баъдии мақомоти Кремлин вобаста аст, ки ба чӣ тарз пеши роҳи бархӯрдҳои баъдии миёни гурӯҳҳои нажодпараст ва муҳоҷиронро хоҳанд гирифт. Дар ҳоле, ки такрори ингуна ҳодисаҳоро дар оянда касе аз эҳтимол дур намедонад, ҷамъияти тоҷикистониҳои Русия ҳамоно ҳамватанони худро аз пайвастан ба даъватҳои таҳрикомези гурӯҳҳои хусуматҷӯ ҳушдор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG