Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақли солим дар тани солим


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарону муттахассисони ин соҳа гуфт, иншооту марказҳои варзишие, ки феълан дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, имкони фарогирии танҳо 10 дар сади аҳолиро доранду халос.

Ӯ дар ин вохӯрӣ бештар аз камбуди мактабу майдонҳои варзишӣ ва нархи гаронии чунин муассисаҳо норозигӣ кард, ки боиси дур шудани наврасону ҷавонон аз варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва монеи рушди ин соҳа мегардад.

Варзиш омили ҷилавгирӣ аз падидаҳои номатлуб

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди раиси ҷумҳур, бо тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш метавон аз падидаҳои номатлубе мисли нашъамандӣ ва гароиш ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ҷилавгирӣ кард. Ба ин далел, президент мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишварро дастур дод, ки беҳтарин ҷойҳоро барои бунёди майдончаҳои варзишӣ ҷудо кунанд ва барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ҳама шароитҳо фароҳам оварда шавад.

«Қаблан дар микрорайонҳо, дар байни биноҳои истиқоматӣ, майдончаҳои хурдӣ варзишӣ ва фароғатӣ барои кӯдакон фаъолият мекард. Ҳамаи инро калонсолон аз байн бурданд. Аз дасти кӯдакону наврасон гирифтему бунёд кардем бо ном, масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хӯрокхӯрӣ. Ҳамаи инро бояд ислоҳ кард.»

Нигаронӣ аз тарзи нодурусти таълими тарбияи ҷисмонӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар нахустин мулоқоташ бо варзишгарон ва мутахасисони ин соҳа, аз тарзи нодурусти таълими тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои миёнаву олии кишвар ва набуди таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин соҳа нигаронӣ кард. Дар натиҷаи пажӯҳиши олимону муттахассисон муайян шудааст, ки ин вазъ боис ба бад шудани вазъи саломати ва ё начандон солим ба воя расидани кӯдакону наврасон гаштааст.

«Вазири тандурӯстӣ, бояд таҳлил карда ба мардум фаҳмонем манфиати варзишро. Онҳое, ки бо варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ машғул ҳастанд, ҳам табъи болида доранд, кам ба духтур муроҷиат мекунанд, аз ҳар ҷиҳат саломатиашон хуб аст.»

Раиси ҷумҳур аз комёбиҳо низ ёд кард....

Аммо дар баробари мушкилоти зиёди соҳаи варзиш аз ҷумла адами шаффофият дар фаъолияти федеросиунҳои варзишии кишвар, раисҷумҳури Тоҷикистон аз муваффақиятҳои варзишгарони тоҷик дар сабқатҳои байналмиллалӣ, ки назар ба солҳои қабл бештар будааст, изҳори хушнудӣ кард.

Давоми 3 соли ахир беш аз дуввуним ҳазор варзишгари тоҷик дар ҳудуди 300 мусобиқаҳои байналмилаллӣ ширкат намудаву дастболо шудаанд. Мавзуна Чориев ҳам яке аз ин варзишгарон ва аз камтарин ҷавондухтарони муштзани тоҷик аст, ки исмаш бо ширкат ва ғолибият дар бозиҳои Осиё ва чанде дигар бозиҳои ҷаҳонӣ ба зудӣ машҳур шуд. Ӯ дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо президенти кишвар пешниҳод кард, то барои ҷалби ҷавондухтарон ба варзиш таваҷҷуҳ бештар зоҳир шавад.

«Толорҳои хуби таълимӣ бошад, ки мо дар он духтаронро ҷамъ оварда ба ин ё дигар навъҳои варзиш ҷалб кунем. Дар варзиш бояд саҳми духтарон ҳам бештар бошад. Президент розӣ шуданд ва ба хусус ба ман ташаккур гуфтанд ва илова карданд, ки мо бовар надоштем духтари тоҷики мо дар ин навъи варзиш муваффақ мешавад.»

Раиси ҷумҳур: "Варзишгарон кишварро тарк накунанд"

Носир Бозоров, сармурабии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини дзюдо мегӯяд, мулоқоти президенти кишвар бо варзишгарони тоҷик, дар шароити феълӣ бисёр муҳим буд, чун онҳо аз чанд ҷиҳат мушкил мекашанд. Носир Бозоров, мутахассиси навъи гӯштини дзюдо меафзояд, баъди ин мулоқот машавад як таккони ҷиддиеро дар соҳаи варзиш интизор шуд. Ӯ аз мушкилоти варзишгарони тоҷик ёдрас шуда гуфт.

«Имрӯз дар Тоҷикистон варзишгарон ангуштшумор не, хеле бисёранд, вале аз сабаби камбуди молӣ, онҳо наметавонанд дар ин ё он кишвари хориҷӣ тамрин намоянд ва маҳорати варзишии худро сайқал диҳанд.»

Нуқтае муҳими дигаре, ки президент дар мулоқоташ бо варзишгарон ишора ё аниқтараш норозигӣ кард, ин тарки кишвар ва аз номи дигар давлатҳо дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ширкат кардани варзишгарони тоҷик буд. Дар ин мулоқот ҳамчунин таъкид шуд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар соли 2011 сохтмони беш аз 20 иншооти варзишӣ дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG