Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақаи эътирозгарон сар аз фардо пардохт мешавад


Ба дунболи эътирози нафақахӯрони ноҳияи Кӯлоб, масъулoни Фонди нафақа ва “Амонатбонк» дар минтақа пас аз як машварати муштарак ба ин натиҷа расиданд, ки сар аз фардо, 22-юми декабр, моҳонаи ҳама нафақахӯронро пардохт намоянд.

Масъулини «Амонатбонк» дар Кӯлоб мегӯянд, сокиноне, ки аз нагирифтани нафақа шикоят мекунанд, аксаран нафақаи моҳи ноябрро дастрас накардаанд.

Сафар Салимов, як масъули «Амонатбонк» гуфт, онҳое, ки аз нагирифтани нафақаашон дар чор моҳ шикоят кардаанд, дар ҳуҷҷатҳояшон нуқс доранд ва танҳо бо ин сабаб натавонистаанд, нафақаашонро дастрас кунанд.

Аммо ӯ гуфт: «Талаботи моҳи ноябр 2 миллиону 208 ҳазор сомонӣ буда, аз он 865 ҳазор сомонӣ бақия мондааст, ки имрӯз маблағи боқимонда маблағгузорӣ шудааст ва нафақагирони боқимонда нафақаи худро мегиранд».

Шовалӣ Абдураҳмонов, раиси бахши агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Кӯлоб гуфт: «Ин саҳар мо тамоми маблағи боқимондаро гузарондем ва дигар ягон дирам аз нафақагирон қарздор нестем. Моҳи декабри мондааст, ки маблағҳои 25 фоиза ҷамъоварӣ мешаванд ва мо онро низ пардохт хоҳем кард.»

Ба гуфтаи масъулин миёни онҳо ва баъзе аз нафақагирон нофаҳмӣ рӯх додаст, ки дар зудтарин фурсат он бартараф хоҳад гашт.


Таъхир дар пардохти нафақа


Нафақагирони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар ҳоле эътироз карданд, ки ба қавли худи онҳо, чанд моҳ боз наметавонанд, нафақаашонро дастрас кунанд.

Хуросон Назарова, сокини ин шаҳр мегӯяд, чаҳор набераи ятими нафақагир дорад, вале чаҳор моҳ боз наметавонад, маблағи нафақаи онҳоро дастрас кунад. Ӯ мегӯяд, тайи ин муддат садҳо маротиба ба масъулини «Амонатбонк» муроҷиат кардааст, вале бенатиҷа будааст.

Раҷаб Давлатов, нафақагири дигари эътирозгар мегӯяд, тайи чанд моҳ ба дунболи дастрас намудани нафақа овора аст.

Саъдулло Давлатов, ки бо дигар нафақагирон назди «Амонатбонк» ҳузур дошт, гуфт, дар гумон аст, ки нафақааш маблағи роҳкирояшро бароварда созад.

Карим Мирзоев, сокини деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб мегӯяд, ҳоло аз ӯ талаб доранд, то ҳақи барқу дигар хидматрасониҳоро пардохт кунад. Аммо ӯ мегӯяд, бинобар нагирифтани нафақа наметавонад, қарзҳои худро бисупорад.

Манзура Маниёзова, дигар аз эътирозгарон мегӯяд, бо сабаби нагирифтани нафақа ба мушкили ҷиддии молӣ дучор шудааст.

"То нафақа нагирем, аз назди бонк дур намешавем"

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе эътирозгарон изҳор доштанд, то нафақаи худро нагиранд, аз назди бонк дур намешаванд.

Ба 1 сентябри соли ҷорӣ, мизони қарздорӣ аз нафақа дар шаҳр ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маблағи 1 миллион сомонӣ ва ё беш аз 200 ҳазор долларро ташкил медод.


Ҳамакнун дар моҳҳои баъд, ин маблағ афзоиш пайдо карда ва дар ниҳоят ба эътирози нафахӯрон мунҷар шудааст.

Гузоришҳо ҳокист, ки мизони қарздорӣ аз нафақа, дар ҳама 10 шаҳр ва ноҳияи минтақаи Кӯлоб вуҷуд доштааст.

Зимнан дар шаҳру навоҳии Кӯлоб беш аз 16 ҳазор нафақагир ба сар мебарад, ки талаботи моҳонаи онҳо беш аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG