Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси Миллӣ қонуни манъи истеъмоли тамокуро тасвиб кард


Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи саввуми худ зери раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, қонунеро тасвиб кард, ки бар пояи он истифода аз маҳсулоти тамоку дар қаламрави кишвар сар аз соли 2011 маҳдуд хоҳад шуд.

Лоиҳаи қонун дар бораи « Маҳдудиятҳо дар истифодаи маҳсулоти тамоку дар Тоҷикистон» аз ҷумлаи беш аз 40 сануда қонуне буд, ки иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе 16 декабр баррасӣ ва мавриди тасвиб қарор дод.

Ин лоиҳаи қонун ба ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон таҳия шуда ва баррасии порлумони кишвар ироа шудааст.

Маҷлиси намояндагон, палати поёнии порлумони Тоҷикистон ин лоиҳаро ҳанӯз дар якуним моҳи пеш тасвиб кард.

Ба ин тартиб, тибқи муқарароти ин қонун, кашидани сигор дар ҳудуди мактабу беморхона, корхонаву муассиса, осоишгоҳҳо ва иншоотҳои варзишиву фарҳангӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ хоҳад шуд.

Ҳамчунин қонун фурӯши маҳсулоти тамокуиро масофаи дуртар аз сад метр дар назди боғчаҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар муасисоти фарҳангиву беҳдоштӣ манъ кардааст.

Дар сурати нақзи ин муқарарот, қонун муҷозотеро дар шакли ҷарима ба андозаи аз 5 то 15 нишондод барои шахсони воқеъӣ ва аз 3 то 300 нишондод барои шахсони ҳуқуқӣ дар назар дорад. Як нишондод баробар ба 35 сомонӣ аст.

Ба ин тартиб пас аз имзои ин қонун тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, иҷрои он ба ҳукми қонун хоҳад даромад.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ, дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаи қонунҳо дар бораи «мудофиа», «Дар бораи Палатаи савдо ва саноат», «дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баррасӣ ва тасвиб шудаанд.

Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Палати болоии порлумони Тоҷикистон аст, ки аз 34 вакил иборат мебошад. Ҳама аъзои Маҷлиси Миллӣ, намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ — демократӣ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG