Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи САҲА аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мегӯяд, вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон рӯ ба беҳбуд ниҳодааст, аммо ҳамчунон мушкилоте дар заминаи риояи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар вуҷуд дорад.

Ин матлабро Ивар Вики, раҳбари дафтари САҲА дар Душанбе, зимни таҷлили Рӯзи ҳуқуқи башар баён кард. Ин нишаст аз ҷумлаи тадобирест, ки тавассути давлати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ба ифтихори Рӯзи ҳуқуқи башар ташкил шудааст ва масъулони ниҳодҳои давлатӣ, раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносону вакилони мудофеъ ва коршиносон дар он ширкат доранд.

Талошҳои ҳукумат барои ҳифзи ҳуқуқи башар

Ивар Вики, раҳбари дафтари САҲА дар Душанбе, дар ин нишаст ба талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи риояи ҳуқуқи башар таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар бахшҳое аз ҳуқуқи башар, назири ҷилавгирӣ аз мавридҳои қочоқи инсон ва пешгирӣ аз хушунат дар хонавода ва зӯроварӣ алайҳи занон иқдомотеро рӯи даст гирифтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, танҳо дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 6 парвандаи марбут ба қочоқи инсон боз шуда, афроди муҷрим ҳукми зиндон гирифтаанд. Аз сӯи дигар, ҳукумати кишвар дар ин муддат 20 нафар аз шаҳрвандони мавриди қочоқ қарор гирифтаро аз кишварҳои арабӣ бозпас овардааст. Соли гузашта беш аз 100 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ғуломӣ дар кишварҳои арабӣ озод ва ватан оварда шудаанд.

Масоили нигаронкунандаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон

Аммо бо ин ҳам раҳбари дафтари САҲА вуҷуди мавридҳои шиканҷа, озодии баён ва ақида, мушкили баргузории интихоботи шаффофу демократиро аз масоили нигаронкунандаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон номид. Вай гуфт, САҲА омодааст дар рафъу ҳалли ин мушкилот бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Вале Нигина Баҳриева, ҳуқуқшиноси мустақили тоҷик, шиканҷа дар зиндонҳоро яке аз мушкилоти ҷиддии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон медонад. Ӯ мегӯяд, агарчи мавридҳои зуроварӣ ва шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёд рух медиҳад, вале шумори ками онҳо мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор мегирад ва аксари зиндониёни зарардида ба ҷуз аз пайвандони худ наметавонанд ба касе шикоят кунанд.

Ба гуфтаи Нигина Баҳриева, ҷалби созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар ба ин масъала ва ҳамкории онҳо бо ниҳодҳои марбута метавонад дар ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар зиндонҳо нақши муҳим дошта бошад.

Мушкили шиканҷа дар зиндонҳо

Вале Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистон, мегӯяд, то ҳол мавридҳои шиканҷа дар зиндонҳои кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, худи маҳбусон низ мустақиман дар ин бора ба масъулини зиндонҳо муроҷиат ва ё шикояте накардаанд.

Маҳмадали Ватанов, вакили парлумон, мегӯяд, дар қонунгузории Тоҷикистон истифодаи усулҳои зӯроварӣ барои ба даст овардани далели гуноҳ, манъ аст. Аммо ӯ аз таҷрибаи кории худ дар додгоҳ гуфт, ки ҳолатҳои истифодаи зӯроварӣ аз тарафи гумонбаршудагон баён мешуд ва нисбати ин ҳолатҳои баёншуда, чораҳои қонунӣ андешида мешуд.

Нақзи ҳуқуқи зан дар ҷомеа


Дар ҳамин ҳол Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё Омбудсмени Тоҷикистон, гуфт, фаъолияти як соли ин ниҳод ҳокист, ки ҳолатҳои мухталифи нақзи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳама бештар ҳуқуқи инсон ба замин ва ҳаққи занон дар пайи аз ҳам пошидани хонаводаҳо нақз мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон яке аз роҳҳои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башарро дар боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон талаққӣ мекунанд. Ин аст, ки дар нишасти рӯзи ҷумъа ба роҳ мондани таълими фанни ҳуқуқ дар мактабҳои миёна ва олӣ ва ҳамчунин роҳандозии барномаҳои ихтисосии омӯзишӣ дар ҷомеа пешниҳод шуд.
XS
SM
MD
LG