Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи 5+1 музокироти ҳастаӣ бо Эронро аз сар гирифт


Раҳбари ҳайати эронӣ Саид Ҷалилӣ ва вазири хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон ҳини музокирот дар Женева
Раҳбари ҳайати эронӣ Саид Ҷалилӣ ва вазири хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон ҳини музокирот дар Женева

Дар Женева - пойтахти Швейтсария даври аввали музокироти барномаҳои ҳастаии Эрон шурӯъ шуд. Дар ду соли ахир барои аввалин бор аст, ки гурӯҳи 5+1 мавзӯи барномаҳои ҳастаии Эронро баҳс мекунад.

Гурӯҳи 5+1 иборат аз иборат аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британия, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон таҳти сарварии вазири хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон ва ҳайати Эрон таҳти сарпарастии Саид Ҷалилӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, ба гуфтушунид ҳозир шудааст.

Шубҳа аз натоиҷи нишаст

Дипломатҳое ғарбӣ мегӯянд, гумон намеравад, ки ин нишаст натиҷаи чашмгир дошта бошад, зеро ҳайъати Эрон гуфтааст, барномаи ғанисозии ураниум барои баҳс боз нест. Ҷониби Эрон ба баҳси мавзӯъҳои дигар бартарӣ медиҳад.

Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайъати Эрон дар баҳсҳои ҳастаӣ, гуфт, муваффақияти ин мулоқоти дурӯза ба равишу рафтори ҷониби муқобил вобаста аст.

Ҷонибҳо дар ҳоле ба нишасти Женева шурӯъ карданд, ки як рӯз пеш Эрон зимни пахши як изҳороти ҳадафмандона аз истеҳсоли “кейки зард”- и тавлидшуда дар муҷтамаи Гачини Бандар Аббос хабар дод.

“Мулоқоти хастакунанда”

Дипломаҳои ғарбӣ аз ин мулоқот интизороти зиёд надоранд, аммо мегӯянд, созиш барои мулоқоти дигар дар соли нав низ ҳамчун дастовард арзёбӣ хоҳад шуд. “Танҳо ҳаминро метавонам бигӯям, ки мулоқот бисёр хастакунанда хоҳад буд.” – гуфтааст як дипломати Иттиҳоди Аврупо ба хабаргузории Ройтерс.

Давлатҳои ғарбӣ аз дербоз ба талошҳои Эрон дар роҳи расидан ба ғанисозии ураниум бо назари шубҳа менигаранд ва мегӯянд, Теҳрон дар пайи сохтани бомбаи атомӣ мегардад. Эрон дар навбати худ борҳо батакрор гуфтааст, ки барномаҳои ҳастаии кишвар хусусияти мулкӣ доранд ва ниёзҳои Эронро ба энержӣ барварда месозанд.

Дар посух ба сарпечиҳои эрон аз қатъи фаъолиятҳои марбут ба ғинисозии ураниум аволи соли равон Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Эронро таҳрим кард. Амрико ва Иттиҳоди Аврпуо низ тадобири якҷонибаеро алайҳи Теҳрон анҷом доданд.

Таҳримҳои камасар алайҳи Эрон

Ба хотири фишор рӯи Эрон субҳи имрӯз Кохи Сафед эълом кард, ки президент Барак бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Чин, ки дар гузашта борҳо бо истифода аз “вето” Эронро аз таҳримот раҳо карда буд, тобистони соли ҷорӣ ба эмбарго алайҳи Эрон ҳамроҳ шуд.

Бо ин ҳол Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси барномаҳои ҳастаии Эрон, рӯзи якшанбе гуфт, ки кишвараш тасмим гирифтааст, фаъолиятҳои ҳастаии худро идома диҳад ва истеҳсоли кейки зард дар сайти ҳастаии Исфаҳон аломатест, ки мухолифатҳои ғарб ба Эрон кор надоданд.

Оғои Солеҳӣ зимни сӯҳбат дар телевизион давлатӣ гуфт, дастоварди ахир ба маъноест, ки эрон метавонад реактори донигоҳи Теҳронро бо урани ғаинишудаи худӣ таъмин кунад.

Ҷанги лафзии Эрон бо Ғарб

Мулоқоти рӯзи душанбе дар Женева дар ҳоле ҷараён мегирад, ки ҳафтаи гузашта ду донишманди соҳаи ҳастаии Эрон мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар пайи як ҳуҷум дар Теҳрон Маҷид Шаҳриёрӣ, донишманди саршиноси Эрон, кушта ва Фаридуни Аббосӣ, донишманди дигари ҳамин соҳа, маҷруҳ шуд. Раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод масъулияти ин ҳуҷумро бар души Ғарб ва Исроил гузоштааст.

Эрон ҳамчунин аз Оҷонсии Байналмилаии Нирӯи Ҳастаӣ домангир аст ва ин ниҳодро ба он муттҳам мекунад, ки ба ҷойи нозирони ҳастаӣ ҷосусҳоро ба пойгоҳҳои Эрон равон мекунад.
XS
SM
MD
LG