Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Қирғизистон


Парлумони Қирғизистон рӯзи шанбе бори дуввум ба ташкили ҳукумати эътилофӣ иқдом карда, умедвор аст, аз эҳтимоли баргузории интихоботи ҷадиди парлумонӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз ноком шудани талоши аввали парлумон барои ташкили чунин эътилоф, раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева ин бор аз Омурбек Бабанов, раҳбари ҳизби Република, хостааст, ба ташкили эътилофи ҳоким шурӯъ кунад.

Бабанов сар аз имрӯз 15 рӯз дар ихтиёр дорад, ки се ҳизб аз 5 ҳизби роҳёфта ба парлумони ҷадиди Қирғизистонро дар як эътилофи ҳоким ба ҳам биёрад.

Султон Хонназаров, сухангӯи хонум Отунбоева ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар пайи муроҷиаташ ба раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Алмосбек Аҳтамбоев, раисиҷумҳур Роза Отунбоева рӯзи 3 декабр бо раҳбарони ҳамаи 5 фирқа машварат дошт. Имрӯз дар натиҷаи ин машваратҳо ӯ тасмим гирифт, ташкили аксарияти парлумонӣ ва ба дунбол - ҳукуматро ба раҳбари ҳизби Республика Омурбек Бабанов вогузор кунад.”

Нокомии раиси ҳизби Ота-Макон

Нарасидани ҳамагӣ 3 раъйи вакилон ба Омурбек Текебаев, раҳбари ҳизби Ота-Макон, имкон надод, то раиси парлумон интихоб шавад
Талоши аввали парлумони Қирғизистон барои ташкили чунин эътилоф баъди онки барои интихоби раҳбари ҳизби Ота-Макон Омурбек Текебоев ба мақоми раиси парлумон ҳамагӣ 3 раъй нарасид, бенатиҷа анҷом ёфт.

Интихоботи парлумонии рӯзи 10 октябр дар Қирғизистон бидуни кадом ғолиби умда анҷом ёфт. Ба ҳайъати парлумон 5 ҳизб роҳ ёфтанд, вале ин аҳзоб ҳар кадом чизе дар байни аз 7 то ҳудуди 9 дарсад ба даст оварданд, ки имкони дар алоҳидагӣ сохтани эътилофи ҳокимро баробари сифр мекунад.

Дар пайи барканории Қурмонбек Боқиев аз мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ дар натиҷаи ошӯбҳои хунини моҳи апрел парлумони ҷадид талош дорад, салоҳиятҳои низоми раёсатҷумҳуриро коҳиш дода, дар Қирғизистон нахустин низоми демократияи парлумонӣ дар Осиёи Марказиро эҷод кунад.

Ҳизбҳои парешон дар парлумони Қирғизистон


Рӯзи 30 ноябр баъди музокироти шадид 3 ҳизб аз 5 ҳизбе, ки ба парлумон роҳ ёфтаанд, ҷиҳати ташкили эътилоф тавофуқ бастанд. Ин эътилоф аҳзоби Сотсиал-демократ, Ота-Макон ва ҳизби тоза таъсисёфтаи Республикаро дар бар мегирад.

Бо ин ҳол, ду ҳизби дигар – Отажурт, ки дар интихоботи моҳи апрел орои бештарро ба даст овард, ва ҳизби Оруномуси сарвазири собиқ Феликс Қулов, ки аз Русия ҳимоят мекунад, ба ин эътилоф мухолиф нишон дода, гуфтанд, ки ин парлумони мутақосим монеъи тасвиби истилоҳоти шадидан лозим барои Қирғизистон хоҳад шуд.

Ва ҳамагӣ ду рӯз баъд аз ин тавофуқи бадастомада, эътилофи ҷадид дар амри интихоби раиси нави парлумон ноком шуда, дигарбора дар рӯбарӯи хатари фурӯпошӣ қарор гирифт.

Масъулияти сангини Бабанов

Омурбек Бабанов акнун бояд дар зарфи 15 рӯз фирқаҳои ба ҳамдигар мухолифи парлумониро ба ҳам оварда, ба ташкили эътилофи ҷадид даст биёбад, вагарна барои маҷлиси қонунгузории Қирғизистон танҳо як талоши дигар барои таъсиси эътилофи ҳоким боқӣ мемонад. Тибқи Қонуни Асосии Қирғизистон, дар сурати 3 дафъа ноком шудани парлумон дар роҳи ташкили эътилофи ҳоким ва кобинаи вазирон натоиҷи интихоботи рӯзи 10 октябр мунҳал ва интихоботи ҷадиди парлумонӣ даъват мешавад.

Бархе таҳлилгарони умур мегӯянд, Бабанов нисбат ба соъир раҳбарони аҳзоб барои касби ҳимояти аксарияти парлумон ва ташкили эътилофи ҳоким шонси нисбатан хубтаре дорад, чунки ҳизби ӯ намояндагони кланҳои ҳам шимол ва ҳам ҷануби Қирғизистонро дар бар мегирад.

Дар ҳар сурат, нахустин талоши эъмори демократияи парлумонӣ дар Қирғизистон, ки намунааш дар Осиёи Марказӣ то ҳол мушоҳида нашудааст, дар ин шабурӯз бояд имтиҳони сахтеро паси сар кунад, ки натоиҷаш то куҷо дар ин минтақаи саросар иборат аз низомҳои худкомаи раёсатҷумҳурӣ қобили зист будани ин низоми усулан ҷадидро ба намоиш хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG