Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия -- мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2018


Ҳайати Русия баъд аз эълони натиҷаи раъйдиҳӣ.

Ҳайати Русия баъд аз эълони натиҷаи раъйдиҳӣ.

Федератсиюни байналмиллалии футбол, ФИФА рӯзи панҷшанбеи 2 декабр эълон кард, ки мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2018 дар Русия баргузор хоҳад шуд. Бино ба натиҷаҳои раъйдиҳии дигар, бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2022 дар Қатар ҷараён хоҳад гирифт.

Русия ҳуқуқи мизбонии бозиҳои қаҳрамонии футболро дар сабқати хеле сангин бо Британия ва дархостҳои муштараки довталабҳои дигар, Испания-Португалия ва Нидерландия- Белгия дастрас кард. Президенти ФИФА Зепп Блаттер хулосаи овоздиҳиро ин гуна эълон кард:

“Хонумҳо ва ҷанобон, мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2018 дар Русия ташкил хоҳад шуд!”


Ин эълонро ҳайати Русия бо фиғону кафкӯбиҳо пешвоз гирифт.

Шеваи интихоб

Субҳи рӯзи панҷшанбе намояндагони кишварҳои довталаб дархости худро ба кумитаи ФИФА, иборат аз 22 узв пешниҳод карданд.

Шореҳони варзиш қаблан ҳадс мезаданд, ки набудани нахуствазири Русия Владимир Путин дар маъракаи интихоб, мавқеи Русияро дар баробари довталабони дигар заъиф кардааст. Қарор буд Путин ба Сюрих сафар кунад, аммо баъдан аз қавлаш гашт ва ишора кард, ки маъракаҳои туҳматомезе бар зидди Русия ҷараён дорад. Аммо ба думболи эълони натоиҷи райъдиҳӣ дар Сюрих, сухангӯи нахуствазири Русия гуфт, ки Владимир Путин билохира озими сафари Сюрих шудааст.

Муовини нахуствазири Русия Игор Шувалов, ки дар маърака иштирок дошт ва шодмонии худро пинҳон намекард гуфт: “Ман қавл медиҳам, мо ҳама қавл медиҳем, ки шумо ҳеҷ гоҳ аз ин тасмим пушаймон намешавед. Биёед таърихро бо ҳам бисозем!”

Сабқати Бекҳем ва Путин

Дархости номуваффақи Британия аз ҷониби тими нирӯманди лоббиҳо бо шумули шоҳзода Уилям, Девид Бекҳем ва нахуствазир Девид Камерон пуштибонӣ мешуд. Аммо бенизомии мухлисони англис баъди бозии ҷудогонаи шаби чаҳоршанбе ба аъзои кумита бетаъсир нагузашт ва ҳамчунин бенизомиҳои футболбозҳои Англия дар солҳои 1970-80 ро ба ёди онҳо овард.

Дар роҳи дарёфти мизбонии бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ дар соли 2022, кишвари Қатар Австралия, Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон ва Кореяи ҷанубиро мағлуб кард.

Маъракаи интихоб дар муҳите ҷараён гирифт, ки худи ФИФА бо иттиҳомҳои марбут ба фасодкорӣ ва фурӯши овозҳо рӯ ба рӯ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG