Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакхоҳии рӯзноманигорони тоҷик аз Нурсултон Назарбоев


Масъулини чанд расонаи мустақил ва созмони рӯзноманигории Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар назди бинои сафорати Қазоқистон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, бо ироаи номаи нигаронии худ аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон хостори кӯмаки САҲА шудаанд.

Масъулони Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарӣ, Хабаргузории «Авесто», сардабирони ҳафтаномаҳои мустақили «Нигоҳ» ва «Фараж» ва теъдоде аз хабарнигорон дар назди бинои сафорати Қазоқистон гирди ҳам омада ва бидуни тазоҳурот ва шиорпартоӣ номаеро унвонии Нурсултон Назарбоев, президенти ин кишвари Осиёи Марказӣ тақдим карданд.

Дар ин нома мушкилоти ахири расонаҳои мустақил матраҳ шудааст ва муаллифони он хостаанд, то ба ин қазия бо роҳҳои дипломатӣ ва фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ хотима дода шавад.

"Тоҷикистон бояд тааҳҳудоташро иҷро кунад"

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон, дар бораи ин иқдом ба Радиои Озодӣ гуфт, «бо роҳи дипломатӣ низ бояд ба вазъе, ки дар матбуот ба вуҷуд омадааст, таъсир расонем. Зеро Тоҷикистон аъзои САҲА аст ва бояд тааҳҳудоташро дар заминаи озодии баён иҷро кунад. Ба ин хотир дар ин нома меъёрҳои миллӣ ва байналмилалии ВАО—ро тазакур додем ва аз раҳбари Қазоқистон ба унвони кишваре, ки раёсати САҲА-ро бар дӯш дорад, хостори кумак шудем».

Минара Раханова, мушовири сафири Қазоқистон дар масоили робита бо ВАО, бо эҳтироми хоси дипломатӣ гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷикро пазируфт ва онҳоро мутмаин сохт, ки номаи онҳо ба нишасти сарони САҲА дар шаҳри Остона фиристода хоҳад шуд.

Масъулони Маркази САҲА дар шаҳри Душанбе низ гуфтанд, ки аз иқдоми аъзои «Кумитаи 29 сентяб» дар заминаи муроҷиат ба нишасти Остона хабар доранд ва мӯҳтавои талаби масъулони расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ба раҳбарияти ин созмон расонда шудааст.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон
Шикоят ба Н. Назарбоев чӣ хоҳад дод?


Аммо дар ҳоле, ки масъулони "Кумитаи 29 сентябр" ҳадаф аз ин номаро мусоидати мустақими Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар ҳалли мушкилоти марбут ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистон маънидод мекунанд, хабарнигори тоҷик Ҳадяи Сафар мӯътақид аст, ки паёми рӯзноманигорон на ба Қазоқистон, балки ба кишварҳо ва созмонҳои мудофеи демократия аст.

Ӯ мегӯяд: «Нурсултон Назарбоев ба унвони президенти кишвари раҳбари САҲА наметавонад ба мушкилоти мавҷуди расонаҳои тоҷик таъсир бигзорад. Инҷо ҳадаф дигар аст. Рӯзноманигорони тоҷик мехоҳанд то садои онҳо дар сатҳи байналмилалӣ шунида шавад. Зеро дар ин нишаст сарони 56 кишвару созмони бонуфузи байналмилалӣ ширкат доранд. Чун садои рӯзноманигорон дар дохили кишвар шунида нашуд».

Ин дар ҳолест, ки моҳе қабл сафирони Амрико ва кишварҳои аврупоӣ низ дар номае аз вазъи ногувори расонаҳои мустақил ва маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистон изҳори интиқоду нигаронӣ карда буданд.

ВКД: Муроҷиат ба САҲА ба мантиқ мувофиқ нест

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Аммо Давлати Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки мушкилоти чанд расонаи мустақил ангезаи истеҳсолӣ дорад ва ба он тобиши сиёсӣ додан нодуруст аст.

Ӯ гуфт: «Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худ дар назди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА-ро иҷро мекунад. Он мушкилоте, ки дар ин авохир нисбати бархе аз расонаҳои мустақил пеш омад ва ҳамакнун қисман ҳал шудааст, аз иродаи сиёсии Тоҷикистон об намехӯрад ва ба сиёсати давлати Тоҷикистон марбут нест. Ин мушкил сирф истеҳсолӣ аст ва ин нашрияҳо мустақил ҳастанд ва чопхонаҳо низ хусусӣ ва шахсӣ мебошанд. Мутаассифона, ба ин гуна масоил тобиши сиёсӣ додан хуб нест ва муроҷиат ба САҲА низ ба мантиқ мувофиқ нест».

Пас дар ин сурат мушкилоте, ки дар пешорӯи бархе аз расонаҳои мустақил дар чанд моҳи ахир омадааст, кори дасти кист ва ба чи хотир сурат мегирад?

Меҳрварзи Ҳақҷӯ, соҳибназари расонаӣ дар Тоҷикистон, дар посухи ин суол мегӯяд: «Агар ин тасмим аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бошад, пас ин минуси кори ҳукумат аст. Зеро матбуоти озод русурхии онҳост. Вале агар дар ин қазия ҷониби сеюм даст дошта бошад, пас барои ҳукумати Тоҷикистон хизмати хирсонаро ба роҳ мондааст».

Талошҳои бенатиҷаи "Кумитаи 29 сентябр"

Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди масъулони «Кумитаи 29 сентябр», муроҷиатҳои мукаррари онҳо унвонии раисиҷумҳур, мушовири умури матбуоти президент, вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ то ҳол бидуни ҷавоб мондаанд.

Зимнан, аз 29 сентябри соли ҷорӣ чопи нашрияҳои мустақил «Нигоҳ», «Фараж» ва «Пайкон» мутаваққиф шуда ва дастрасӣ ба панҷ сомонаи интернетӣ, аз ҷумла "Авеста" ва "Тоҷ.Нюс" маҳдуд гардид. Ҳамакнун саарнавишти чопи ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Пайкон» ҳамчунон норӯшан аст ва ба гуфтаи масъулони «Нигоҳ», ин нашрия зери фишори чопхонаи «Шарқи Озод» чоп мешавад.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29-и сентябр” низ аз рӯзи баста шудани расонаҳо, яъне 29 -уми сентябр гирифта шуда, ҳадафи он барқарор кардани вазъи қаблии озодии баён ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ҷиҳати оддӣ сохтани вазъи буғранҷгаштаи матбуот дар Тоҷикистон будааст.

Масъулони ин расонаҳо бар ин назаранд, ки бозтоби ҳаводиси шарқи Тоҷикистон, ба хусус ҳамла ба корвони вазорати дифоъ дар 19 сентябр, ки 25 сарбозу афсари тоҷик кушта шуданд, аз сабабҳои ба мушкилоти чопу маҳдудият дучор шудани ин расонаҳо будааст.

Вазъи нигаронкунандаи расонаҳои мустақил


Аммо соҳибназарон вазъи матбуоти мустақил дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистонро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Зеро афзун бар он ки чопхонаҳо ва ниҳодҳои молиётӣ дар ин авохир болои ҳафтаномаи мустақил фишор меоранд, ниҳодҳои давлатӣ ва додрасҳо низ воситаеро барои фишор ба матбуоти мустақил ба кор гирифтаанд.

Ҳарчанд дар охири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ чанд нашрияи мустақил, аз ҷумла, "Азия-плюс", "Озодагон", "Фараж", "Пайкон" ва "Миллат" тавассути ниҳодҳои давлатӣ ва додрасҳо ба додгоҳ кашонда шудаанд, аммо то ҳол қазия ин нашрияҳо ба таври муаллақ мондааст.
XS
SM
MD
LG