Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи "Миллат" ва вазорати кишоварзӣ ба таъхир афтод


Баррасии баҳси мутақобилаи миёни вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи мустақили сиёсии «Миллат», ки қарор буд, субҳи имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз сар гирифта шавад, мавқуф гузошта шудааст.

Иллати таъхири мурофиаи додгоҳӣ шарҳ дода намешавад. Ва феълан таърихи мушаххаси дигаре ҳам барои баргузории мурофиаи навбатии додгоҳӣ тайин нашудааст.

Масъулини нашрия ва вазорати кишоварзӣ қаблан огоҳиномаи додгоҳро дар мавриди баргузории ҷаласаи додгоҳ дар соати 10-и рӯзи 1 -уми декабр дарёфт карда буданд.

То кунун ду навбат баррасии додгоҳии баҳси миёни «Миллат" ва вазорати кишоварзии Тоҷикистон пушти дарҳои баста ҷараён гирифтааст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби нашркардаи ҳафтаномаи “Миллат” дар моҳи декбари соли гузашта, таҳти унвони “Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод” ба додгоҳ шикоят бурда, ин матлабро тӯҳматомез номидааст. Вазорати кишоварзӣ хостори пардохти 1 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима аз сӯи «Миллат» шудааст.

Масъулини нашрияи “Миллат” иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо хабари фасодзадагӣ дар вазорати кишоварзиро бо такя ба гузориши раиси Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи порлумон нашр кардаанд.

Ва дар навбати худ нашрияи «Миллат» низ аз болои вазорати кишоварзӣ ба додгоҳи мазкур шикояти мутақобил бурда, хостори пардохи 1 сомонӣ ҷарима аз сӯи вазорати кишоварзӣ шудааст.

Мақомоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, «ҳарчанд ҳафтанома кормандони соҳаро дар истифодаи ноҷо ё дуздии беш аз 5 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст, вале бо вуҷуди талаби исботи арқоми овардашуда, ҳафтанома ҳуҷҷатеро дар ин замина пешниҳод накардааст».

Аммо масъулини «Миллат» мегӯянд, ба иловаи ин ки нашрия посухи вазорати кишоварзиро дар ин бора нашр кардааст, дар муқобили иддаои ин ниҳоди давлатӣ далели собите, аз ҷумла гузориши Сафаралӣ Гулов, раиси Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон (даъвати қаблӣ) ва маводҳоеро, ки қабл аз ҳафтаномаи «Миллат» дар ин бора чоп шудааст, дар даст доранд.

Ва бар асоси банди 36 Қонуни матбуоти Тоҷикистон ҳафтанома барои нақли қавли вакили Маҷлиси намояндагон посухгӯ намебошад.

Ахиран, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ матлаби мавриди баҳси нашрияи «Миллат»-ро барои ташхиси коршиносӣ ба кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон фиристод ва гуфта мешавад, ки посухи онро ҳам дарёфт кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бозрасии даъвои додрасонҳо Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев ва Фахриддин Додометов алайҳи се нашрияи мустақили Тоҷикистон – “Азия-плюс”, “Фараж” ва “Озодагон” дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчунон матраҳ аст.

Додрасҳо аз се нашрияи мустақили чопи Душанбе ва вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев барои нашри як матлаби, аз нигоҳи онҳо, саропо бӯҳтону тӯҳмат маблағи бузурге товон хостаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG