Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон


Нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба шиддат боло меравад. Бино бар натоиҷи мониторинги вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, назар ба моҳи сентябр қиммати шир - 30 дарсад, шакар - 23,7 дарсад, равған - 21,4 ва тухм - 20,8 дарсад баланд рафтааст.

Мақомоти ин вазорат гуфтаанд, афзоиши нархи ин маҳсулот дар саросари ҷаҳон мушоҳида шуда, ба омилҳое, чун хушксолӣ, ки боиси кам шудани ҳосил ва камбуди маҳсулот шудааст ва ҳам ба боло рафтани нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ бастагӣ дорад.

Бар асоси ин арзёбӣ, нархи як кило шакар дар бозорҳои Душанбе ба 6 сомонӣ расидааст, дар ҳоле, ки моҳе пеш 4 сомониву 85 дирам буд. Як литри равған, ки моҳи октябр то 7 сомонӣ буд, феълан аз 8,5 то 10 сомонӣ ба фурӯш меравад. Нархи як литр шир аз 2, 5 сомонии қаблӣ ба 3,3 сомонӣ расида, як тухм ба ҷойи 60 дирами моҳи октябр 72 дирам шудааст.

Афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ болоравии қимати хӯроквории воридотӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро дар пай овард. Ба гуфтаи мақомот беш аз 50 дарсад бозори маҳсулоти ғизоии кишвар, аз ҷумла орду гандум, равғану шакар ва маҳсулоти шириву гӯшт, аз ҳисоби воридот таъмин мешавад. Ба гуфтаи манбаъҳо бо ин вуҷуд, ки имсол аз хориҷ беш аз 50 000 тонна шакар ворид шудааст, нархи як кило шакар, ки аз Русияву Эрон ва Беларусу ҳатто Бразилия ворид карда мешавад, алакай 23,7 дарсад афзуда ба 6 сомонӣ расидааст.

Дар Тоҷикистон қимати маводи ғизоӣ имсол ба таври бесобиқа боло рафта, вазъи мардуми камбизоати кишварро боз ҳам бадтар кард. Қиммати маҳсулоти нонӣ, ки ғизои аслии мардуми Тоҷикистон аст, соли равон боз ҳам афзудааст.
XS
SM
MD
LG