Пайвандҳои дастрасӣ

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар даври 36-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, ҷои саввумро касб кард ва соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.

Дар ин бозӣ, ки 24-уми ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, голи Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 20-ум тақдири медалҳои биринҷиро ҳал кард. Воқеъан, дар охири нимаи аввали дидор сардовари бозӣ Рустам Холов ҳамлагари «Вахш» Аҳтам Ҳамроқулов ва бозигари «Регар-ТадАЗ» Ҳасан Рустамовро барои задухӯрд миёни ҳарду аз майдон ронд.

Ба ин тартиб, дастаи «Вахш», сарфи назар аз бозии охиринаш бо тими «Истиқлол»-и Душанбе, дар соли ҷашни 50-солагиаш бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Дар бозии дигари даври охирин дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Ду голи меҳмононро Обидҷон Исмоилов, яке аз нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот, аз ҷаримаи 11-метра дар дақиқаҳои 10-ум ва 50-уми бозӣ ба ҳадаф расонд. Ду голи дигарро Раҳмоналӣ Баротов дар дақиқаи 17-ум ва Низом Раҳимов дар дақиқаи 63-юм заданд. Як голи меҳмонон ба Ҳусейн Ҷалолов (дақиқаи 41-ум) марбут аст.

Вале ин ғалаба ба дастаи «Хайр» имкон надод, ки аз рақиби аслиаш – «Вахш» пеш гузарад. Футболбозони шаҳри Ваҳдат бо 54 имтиёз зинаи чаҳорумро касб карданд. Коршиносон натиҷаи ба даст овардаи дастаи нави лигаи олӣ - «Хайр»-ро дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар хеле хуб арзёбӣ мекунанд.


Дастаи «Истиқлол», ки пешакӣ соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот гаштааст, 27-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими «Вахш», барандаи медалҳои биринҷӣ, бозии мавқуфмондаи даври 24-уми мусобиқотро анҷом медиҳад.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки пешакӣ медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳибӣ кардааст, бозиҳояшро ба анҷом расонд.

Ду дастаи шаҳри Душанбе – “Энергетик» ва ССКА “Помир” барои ҷои панҷум талош доранд. Бозии охирин миёни ин ду даста 26-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе баргузор хоҳад шуд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Истиқлол»

31

25

6

0

75-17

81

2.

«Регар-ТадАЗ»

32

22

5

5

81-24

71

3.

«Вахш»

31

16

8

7

42-26

56

4.

«Хайр»

32

16

6

10

59-42

54

5.

«Энергетик»

31

11

4

16

38-43

37

6.

ССКА «Помир»

31

9

10

12

34-48

37

7.

«Хуҷанд»

32

8

8

16

42-58

31

8.

«Парвоз»

32

6

6

20

35-73

24

9.

«Равшан»

32

1

3

28

18-95

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 30 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 18, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 17, Жаилтон ОЛИВЕЙРА («Регар-ТадАЗ»), Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13-голӣ.

Даври 36-ум

26-уми ноябр (ҷумъа)
ССКА «Помир» - «Энергетик», варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе.

Бозии мавқуфмондаи даври 24-ум

27-уми ноябр (шанбе)
«Истиқлол» - «Вахш», варзишгоҳи марказии Душанбе.

Ҳарду бозии охирини мусобиқот соати 14 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG