Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 ноябр – рӯзи байналмилалии донишҷӯён


Бо гузашти беш аз 70 сол аз таҷлили рӯзи байналмилалии донишҷӯён, ин қишри ҷомеа ҳанӯз мушкилоти худро дорад ва имрӯз назар ба гузашта бештар ҳалли масоили иҷтимоии худро тақозо мекунанд.

Мирослав Ясурек, раиси Иттиҳодияи донишҷӯёни аврупоӣ дар Ҷумҳурии Чех мегӯяд, имсол созмони онҳо таҷлили рӯзи байналмилалии донишҷӯро бо баргузории чандин чорабинӣ шурӯъ карда, барои баррасии вазъи донишгоҳҳо дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ, ислоҳоти мактабҳои олӣ ва имкониятҳои созмонҳои донишҷӯӣ нишастҳо созмон додаанд.

Таҷлили рӯзи байналмиллалии донишҷӯён

Муҳимтарин чорабиниро онҳо рӯзи 17 ноябр баргузор карданд:

“Субҳи чоршанбе мо маросими ёдбуди ҳодисаҳои рӯзи 17 ноябри соли 1939-ро баргузор карда баъди он раҳпаймоии эътирозиро алайҳи тиҷоратӣ шудани низоми таҳсил дар мактабҳои олӣ баргузор кардем”.

Мирослав мегӯяд, ҳама масъалаҳои мавриди назари онҳо ба баррасӣ ва кӯшиши ҳал кардани масоили иҷтимоие равона шудааст, ки имрӯз дар рӯбарӯи донишҷӯёни чех қарор доранд.

Вай афзуд: “Бубинед, мо ҳанӯз ҳам дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ба сар мебарем ва яке аз мушкилоти бузургтарини донишҷӯёни чех имрӯз пайдо кардани сармоя барои таҳсил мебошад. Азбаски аксари донишҷӯҳо барои идомаи таҳсил пул надоранд, маҷбур мешаванд, кор кунанд. Ва шояд ҳам вазъ аз буда ҳам бадтар шавад, ба он хотир, ки ҳукумат мехоҳад маблағгузории низоми таҳсили олиро коҳиш диҳад. Илова ба ин, ҳоло ҳукумат мехоҳад барои бақайдгирии донишҷӯён пардохти пулро ҷорӣ кунад, ки мо шадидан мухолифи ин ҳастем. Ин ҳам дар ҳолеcт, ки парлумон онро баррасӣ накардааст. Яъне бо ин кор ҳолати молии донишҷӯён боз ҳам бадтар хоҳад шуд”.

Ӯ гуфт, дар маҷмӯъ, як донишҷӯ аз ҳукумати кишвар моҳе тақрибан 700 крон, муодили 38 долларро барои пардохти пули хобгоҳ ва донишҷӯҳои аълохон моҳе як ҳазор крон - муодили 55 долларро ба унвони ҳавасмандии пулии таҳсил дарёфт мекунанд. Мирослав афзуд, ки аз ҳамин хотир ҳам вазъи молии донишҷӯён хуб нест ва аксари онҳое, ки аз кӯмаки волидон маҳруманд, талош мекунанд дар ҷое кор кунанд, то зиндагии худро пеш баранд.

Вазъи мутафовити донишҷӯён нисбат ба гузашта

Он чи, ки ҳоло Мирослав Ясурек, раиси Иттиҳоди донишҷӯёни аврупоӣ дар Ҷумҳурии Чех мегӯяд, аз мушкилоте, ки ҳамсолони онҳо охири соли 1939 доштанд, комилан фарқ мекунад.

71 сол пеш, рӯзи 17 ноябр донишҷӯёни чех зидди нерӯҳои нозии Олмон намоиши эътирозӣ доир карданд. Вале саркӯби ин эътирозҳо ба хушунат печид ва боиси кушта шудани чанд донишҷӯ ва устоди донишгоҳ шуд. Маросими хоксупории онҳо баъди чанд рӯз боиси бештар шудани эътирозҳо гардид.

Панҷоҳ сол баъди он ҳодисаҳо, рӯзи 17 ноябри соли 1989 маросими бузургдошти хотираи донишҷӯёни норозӣ дар шаҳри Прага ба як маъракаи сартосарии сиёсӣ ва эътирозҳо зидди ҳукумати дастнишондаи Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт шуд, ки мунҷар ба суқути ҳукумати вақти Чех гардид. Аз бист сол ба ин тараф дар Аврупо рӯзи 17 ноябр чун рӯзи байналмилалии донишҷӯ таҷлил мешавад.

Вале ҳоло, бо истифода аз ин фурсат, ҷавонони донишомӯзи ин кишварҳо барои матраҳ шудани мушкилоти иҷтимоиву молии худ, ба гӯши мақомдорон расондани эътирозашон ва ҳамчунин, беҳтар кардани шароити таҳсил дар мактабҳои олӣ ва риоя шудани ҳуқуқи худ садо баланд мекунанд. Онҳо мегӯянд, барои онҳо рӯзи 17 ноябр рамзи мубориза барои ҳуқуқ, озодӣ ва демократия шудааст.
XS
SM
MD
LG