Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 50 муштарии ширкати хусусии сохтмонии “Мовароуннаҳр” субҳи рӯзи душанбе дар назди даромадгоҳи бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ҷамъ омада, хостори раҳоии раиси ин ширкат Ҷурабек Охунов шуданд. Дар авоили ҳафтаи гузашта Ҷурабек Охунов аз сӯи кормандони интизомӣ боздошт шуда буд.

Эътирозгарон дар назди бинои Додситонии кулл мунтазири посухи додситонӣ дар робита ба сарнавишти пешпардохтҳои худ тайи ду соат мунатазир истоданд.

Сарнавишти норушани муштариён

Чанд тан аз эътирозгарон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки пас аз боздошти раиси ширкати «Мовароуннаҳр» сарнавишти пешпардохтҳояшон барои сохтмони манзил ба ин ширкат норушан боқӣ мемонад.

Яке аз ҳамсӯҳбатҳо гуфт: «Мо тақрибан 700 нафарем ва ҳама аз 10 то 100 ҳазор долларӣ барои сохтмони манзилҳо сармояи пешакӣ пардохт кардаанд. Ҳоло талаб дорем, ки додситонӣ раиси ширкати «Мовароуннаҳр»-ро раҳо кунад, то ки маблағи мардум баргардонида шавад, ё сохтмони манзилҳо анҷом дода шавад. Ҳафтаи гузашта дар назди Қасри президент ҷамъ омада будем, гуфтанд, ки дар зарфи 15 рӯз масъалаҳоро баррасӣ мекунанд. Ин бори чаҳорум аст, ки тақозо мекунем, ба масъалаи мардум расидагӣ шавад, вале то кунун ҳеҷ идора ба доди мо намерасад».

Ва аммо ду соат аз интизори муштариёни норозӣ дар назди додситонӣ нагузашта, бидуни кадом шарҳе кормандони умури дохила эътирозгаронро пароканда карданд. Як мақоми аршади додситонии кулл, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки алайҳи раиси ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷурабек Оъхунов тибқи моддаи 247-и қонуни кайфарии Тоҷикистон бо ҷурми қаллобӣ парванда боз карда шудааст ва феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Қарзи муштариёнро кӣ хоҳад пардохт?

Акрам Давлатов, яке аз кормандони Бозрасии давлатии сохтмони манзилҳо, мегӯяд, ки агарчи раиси ширкати «Мовароуннаҳр» дар боздоштгоҳ мавриди баррасӣ қарор дорад, вале ин ширкат фаъол аст ва бахши муҳосибаи он кор мекунад.

Ба гуфтаи ин сарчашма, додситонӣметавонад аз дороии ин ширкат ҳақи мардумро баргардонад. Ӯ афзуд, аз ҳисоби биноҳо ва сохтмонҳои ин ширкат, тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон, метавон маблағи мардумро пардохт кард.

Дар ҳамин ҳол Шоҳин Шарифов, сармуҳосиби ширкати хусусии «Мовароуннаҳр», мегӯяд, ширкат имкон дорад, маблағи мардум ва қарзи Ориёнбонк ва Тоҷиксодиротбонкро пардохт кунад:

«Мо аз Ориёнбонк ва Тоҷиксодиротбонк қарздорем ва маҷмуи қарзи мо аз ин бонкҳо 12 миллион сомониро дар бар мегирад. Аз мардум шаш-ҳафт миллион доллар қарздорем. Агар ба мо як сол шанс диҳанд, мо хонаҳоро месозем. Аллакай манзилҳо нимасохтаанд».

Ҳуқуқшинос: Раҳоии шартии раиси ширкат зарур аст

Аммо ҳуқуқшинос Шуҳрат Қудратов мегӯяд, ширкат бидуни ҳузури раиси он Ҷурабек Охунов ҳуқуқи баргардондани маблағи мардумро надорад, зеро тамоми қарордод ва амалиёти мухталифи молӣ бо бонкҳо ва шахсҳои алоҳида, аз ҷумла бо муштариёни норозӣ, фақат бо муҳр ва имзои раиси он анҷом дода шудаст.

Ба назари ин ҳуқуқшинос, танҳо дар сурати шартан озод кардан ва ё дар ҳабси хонагӣ нигоҳ доштани раиси ширкат имкони муомила ва роҳҳои баргардондани қарзу маблағи мардум ҷой дорад.

Ҷаноби Қудратов мегӯяд, ин шароитро танҳо Додситонии кул ба хотири ҷилавгирӣ аз зиёни молии мардум метавонад фароҳам орад. Аммо Додситонии кулл мегӯяд, ки парвандаи Ҷӯрабек Охуновро тоза оғоз кардааст ва дар наздиктарин фурсат имкони изҳори назар надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG