Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии варзишгарони тоҷик дар рӯзҳои аввал дар Чин


Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин, ки 12-уми ноябр шурӯъ шуд, бо ширкати беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора дар 42 навъи варзиш то рӯзи 27-уми ноябр идома хоҳанд кард. Дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 61 варзишгари тоҷик дар 16 навъи варзиш ширкат меварзанд.

Нахуст варзишгарони тоҷик дар риштаи гуштии дзю-до вориди рақобат шуданд. Шавкат Иқболов дар вазни беш аз 100 килограмм дар даври аввал бар рақибаш аз Непал пирӯз шуд, вале аз ду рақиби дигари худ мағлуб гардид ва ҷои панҷумро касб кард.

Паҳлавони дигари тоҷик Муҳаммад Абдураҳмонов дар вазни то 100 килограмм дар даврҳои муқаддамотӣ бар ду рақибаш аз Қатар ва Муғулистон ғолиб омад, вале дар даврҳои баъдӣ шикаст хӯрд. Абдураҳмонов низ дар ҷои панҷум қарор гирифт.

Дар рӯзи дуввуми мусобиқот боз ду гуштигири тоҷик ноком шуданд. Шералӣ Бозоров дар вазни то 90 килограмм аз намояндаи Тайван ва Фарҳод Раҳимов аз паҳлавони эронӣ дар даври аввал мағлуб гаштанд.

Боз се паҳлавони тоҷик – Расул Боқиев, Шӯҳратҷони Фахризода ва Ҷамшед Халилов дар вазнҳои дигар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Варзишгарони тоҷик Сумая Амирӣ, Зулфинисо Саидолимова ва Азиза Қориева дар сабқати занон дар риштаи тениси рӯи миз дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Дар ин навъи варзиш дар сабқати мардон Инъом Саидов ва Акбарбек Яҳёев рақобат хоҳанд кард. Вале дар сабқати дастаӣ дар гурӯҳи А, мунтахаби Тоҷикистон аз тимҳои Ҷопон, Тайван ва Чин бо ҳисоби якхелаи 0:3 шикаст хӯрд.

Инчунин, варзишгарони тоҷик дар мусобиқот дар риштаҳои вазнабардорӣ (Низом Сангов), шиноварӣ (Алишер Чингизов), тирандозӣ (Владимир Манзюк, Каримхон Бобоев, Георгий Багдасаров, Сергей Бабиков), софт-теннис (Раҳматулло Раҷабалиев, Шабнам Юсуфҷонова), теннис (Аҳмадҷони Муҳаммад) ва ушу (Фотеҳ Табаров) ширкат доранд.

16-уми ноябр муштзанҳо вориди рақобат мешаванд. Дар риштаи бокс Тоҷикистонро се нафар Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева намояндагӣ хоҳанд кард.

Варзишгарони тоҷик, ҳамчунин, дар камонварӣ (Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, Фирӯза Зубайдова), варзиши сабук (Дилшод Назаров, Алишер Эшбеков, Фарҳод Қуралов, Аҷмал Амиров), қаиқронӣ (Зокирҷон Набиев, Маҳаммадулло Нодиров, Нодирхон Сафаров, Нурмуҳаммади Тоҳир), каратэ (Бадриддин Умедов), таэквон-до WTF (Шокирҷон Раҷабов, Кристина Коробко, Хусрав Ғиёсов, Шаҳриёр Каримов, Давлатмурод Каримов, Таҳмина Хоҷаева, Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов), гуштии озод ва юнониву румӣ ( Фарҳод Анақулов, Мурод Тӯйчиев, Аҳмад Қодиров, Ҳабибулло Абдуллоев) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Коршиносони соҳа, бахусус, аз варзишгарони маъруфи кишвар, монанди Дилшод Назаров, дар риштаи гурзандозӣ, Расул Боқиев, дар навъи гуштии дзю-до, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева, дар риштаи бокс, натоиҷи баландро чашмдоранд.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар чаҳор давраи Бозиҳои осиёӣ (аз соли 1994-ум то имрӯз) ҳамагӣ 12 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG