Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вахш» ва «Хайр» - муддаиёни медалҳои биринҷии сабқати Лигаи олӣ


Рӯзҳои 14-ум ва 15-уми ноябр бозиҳои даври 34-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд. Соҳибони ҷойҳои якуму дуввум пешакӣ муайян шуданд, вале мубориза барои ҷои саввум идома хоҳад кард.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бо 75 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст ва пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд, рӯзи якшанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров қувваозмоӣ хоҳад кард.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки бо 65 имтиёз дар ҷои дуввум аст ва медалҳои нуқраи мусобиқотро азони худ кардааст, бо тими қафомондаи «Равшан»-и Кӯлоб вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ 14-уми ноябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври навбатӣ рӯзи душанбе баргузор мешавад. Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бо рақиби аслиаш – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа қувва меозмояд. Ин бозии марказии даври 34-ум барои ҳарду даста, ки муддаиёни медалҳои биринҷианд, бозии ҳалкунанда мебошад. Ҳоло «Вахш» бо 53 имтиёз дар ҷои севум аст. «Хайр” бо 48 имтиёз дар ҷои чаҳорум қарор дорад.

Бозии охирини даври 34-ум байни ССКА “Помир”-и Душанбе ва дастаи меҳмон– “Хуҷанд»-и Хуҷанд 15-уми ноябр дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар сурат мегирад.

Бозиҳои даври 34-уми мусобиқот соати 14 бо вақти Душанбе шурӯъ хоҳанд шуд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Истиқлол»

29

23

6

0

71-17

75

2.

«Регар-ТадАЗ»

29

20

5

4

77-22

65

3.

«Вахш»

29

15

8

6

40-24

53

4.

«Хайр»

29

14

6

9

52-38

48

5.

«Энергетик»

30

11

4

15

38-42

37

6.

ССКА «Помир»

29

8

10

11

31-46

34

7.

«Хуҷанд»

29

7

8

14

38-52

28

8.

«Парвоз»

29

4

6

19

30-68

18

9.

«Равшан»

29

1

3

25

18-87

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 30 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 16, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 14, Жаилтон ОЛИВЕЙРА («Регар-ТадАЗ»), Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13-голӣ.
XS
SM
MD
LG