Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз он, ки Манучеҳр Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон эълом кард Теҳрон мувофиқи баргузории гуфтугӯҳои кишвараш бо гурӯҳи 5+1 дар Туркия аст, хабаргузории Анатолия ба нақл аз як манбаи дипломатӣ аз омодагии Анқара барои мизбониии ин гуфтугӯҳо хабар дод.

Як манбаи дипломатӣ ба хабаргузории нимарасмии Анатолия гуфт : «Туркия аз замони оғози ин раванд барои расидан ба як роҳи ҳали дипломатӣ талоши бисёре кардааст.»

Туркия мизбони гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон

Ин манбаъ, ки хабаргузории Анатолия номе аз он набурдааст, афзуд: «Мо омодаем то он чи, ки дар тавонамон аст, анҷом диҳем.»

Манучеҳр Муттакӣ вазири хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар як конфронси хабарӣ дар Теҳрон гуфта буд: «Дар ду-се рӯзи гузашта ба дӯстонамон дар Туркия эълом кардаем, Эрон бо баргузории нишасти муштарак бо кишварҳои 5+1 дар Туркия мувофиқ аст.»

Вазири хориҷаи Эрон афзуд : "Дар мавриди макони гуфтугӯҳо бо 5+1 ба тавофуқ расидаем ва гуфтугӯҳо дар заминаи замон ва дастури кор ва мӯҳтавои музокирот низ дар ҳоли анҷом аст."

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи «Замон», чопи Туркия низ гузориш додааст, ки вазорати умури хориҷаи ин кишвар тайид кардааст, ки гуфтугӯҳои Эрон бо гурӯҳи 5+1 мумкин аст дар Туркия баргузор шавад.

Ба навиштаи ин рӯзнома ва ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ, ки номе аз онҳо бурда нашудааст, Эрон рӯзи шанбе дар бораи ин мавзӯъ бо мақомҳои Туркия табодули назар кардааст. Бар пояи ин гузориш, тарафҳои музокиракунанда «ба таври усулӣ» мувафиқати худро ба баргузории гуфтугӯҳо дар хоки Туркия эълом кардаанд.

Азсаргирии гуфтугӯҳо баъд аз як соли таваққуф

Бо ин ҳол, як сухангӯи Катрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии ИА ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки ҳанӯз дар ин маврид ба таври расмӣ чизе аз Эрон дарёфт нашудааст. Ба гуфтаи сухангӯи Катрин Эштон, Иттҳодияи Аврупо дар сурати пешниҳоде аз Эрон, ки дарбаргирандаи замон ва макони мушаххаси гуфтугӯҳо бошад, ба он посух хоҳад дод.

Пештар Катрин Эштон ба Эрон пешниҳод карда буд ин гуфтугӯҳо аз таърихи 15 то 18-уми ноябр дар шаҳри Вена анҷом бигирад.
Гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва панҷ узви доими Шӯроаи Амният ба иловаи Олмон, аз октябри соли 2009 мутаваққиф мондааст.

Дар ин миён, қатъномаи таҳримии 1929 алайҳи Эрон дар Шӯрои Амнияти СММ тасвиб шуд ва бадин тартиб маҷмӮи қатъномаҳои тарҳрии Эрон ба чаҳор қатънома расид. Туркия дар канори Бразилия ба қатъномаи 1929 дар Шӯрои Амният раъи мухолиф дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG