Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иқдоми давлати Тоҷикистон барои маҳдуд кардани истеъмоли тамокуро як пешрафти бузург дар амри сиҳати омма хонд. Ҳамзамон, Кристина Майер Стендер, ҳамоҳангсози барномаи назорати истеъмоли тамоку аз бахши аврупоии СҶБ, ин иқдомро нокофӣ арзёбӣ кард.

Кристина Майер Стендер дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт:

Дар иртибот ба бахши мамнӯъ кардани истеъмоли тамоку дар маконҳои умумӣ, ба андешаи ман, ин дар воқеъ як пешрафти бузурге дар Тоҷикистон аст. Аммо ҳанӯз бар аҳдномаи байналмилалии “Чаҳорчӯби назорат бар истифодаи тамоку” мувофиқ нест, ки он мамнӯъияти сад дар садии истеъмоли тамоку дар тамоми маконҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ресторану барҳоро талаб мекунад. Дар қонуни Тоҷикистон, сигоркашӣ дар ресторану барҳоро мамнӯъ накардаанд ва мо умедворем, дар оянда чунин хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ин қонун, Тоҷикистон утоқҳои махсус барои сигоркашӣ дар маконҳои умумиро иҷоза медиҳад, ки ин ҳам дар дарозмуддат ба андешаи ман тағйир хоҳад ёфт. Чаро, ки далелҳои мавҷуди байналмилалӣ нишон медиҳад, ки утоқҳои сигоркашӣ бо вуҷуди ҳавокашҳои хуб доштан, атрофиён ва худи сигоркашҳоро аз таъсири бади дуди тамоку эмин нигаҳ намедорад. Вале ин як пешрафти бузурге дар Тоҷикистон аст, вале айни замон ба талаботи байналмилалӣ ҳанӯз ҷавобгӯ нест.

Радиои Озодӣ: Дар худи Тоҷикистон омори расмӣ доир ба теъдоди сигоркашҳо ва ё миқёси сигоркашӣ вуҷуд надорад, дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт чӣ?

Ин суоли хуб аст, зеро ман бояд эътироф кунам, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар ин замина иттилоъи мувофиқ ба қиёс дар арсаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон надорем, аз ҷумла доир ба теъдоди сигоркашҳои ҷавон ва ё бузургсол. Аммо ҳамин ҳафта дар шаҳри Копенҳаген, дар дафтари минтақавии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, намояндаи вазорати беҳдошти Тоҷикистонро дорем, ки доир ба пажӯҳиши байналмилалии тамокукашӣ меомӯзад, ки соли 2011 дар Тоҷикистон анҷом мешавад. Ин пажӯҳиш, омор доир ба теъдоди тамокукашони аз 13 то 15 сола дар Тоҷикистонро мушаххас карда ва омори лозимро дар ихтиёри кишвар ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ қарор хоҳад дод. Ин пажӯҳиш то таътили тобистонаи мактабҳо идома мекунад, ки ин дар воқеъ як пешрафти қобили мулоҳиза дар Тоҷикистон аст.

Радиои Озодӣ: Аммо дар маҷмӯъ истеъмоли тамоку ба вазъи иқтисодӣ ва низоми беҳдошт дар кишварҳои камбизоат ва дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистон чӣ паёмадҳои баде дорад?

Ба андешаи ман сигоркашӣ ба бахши беҳдоштӣ ва иқтисод таъсири манфии мустақим дорад, зеро мо медонем, ки истеъмоли тамоку инсонро мекушад. Мо медонем, ки аз миёни ҳар даҳ фарди болиғ яке аз онҳо аз таъсири сигоркашӣ мемирад, дар саросари ҷаҳон дар ҳар 6 сония як нафар аз таъсири ҳар навъи тамоку ҳалок мешавад. Яъне масрафкунандагони тамоку зуд ва нобаҳангом мемиранд ва хонаводаҳои худро аз сарпараст маҳрум мекунанд. Ин аст як таъсири бади сигоркашӣ ба арсаи беҳдошт ва иқтисоди як кишвар. Дуввум, сигоркашӣ хароҷот барои арсаи беҳдоштиро боло мебарад, зеро мардумро бемор мекунад ва боиси бемориҳои мухталиф мешавад, ки ҳам хароҷоти худи афрод ҳам низоми беҳдоштиро дар ҳар кишвар бисёр зиёд мекунад. Дар маҷмӯъ сигоркашӣ, монеъи рушди иқтисод дар саросари ҳар кишвар мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG