Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарор буд, фазои таҷлил аз 16-умин солгарди Қонуни асосиро эъломияҳои расмӣ дар бораи нақши ин санади муҳим дар ҳаёти кишвар муайян кунад. Вале бархе аз сиёсатмадорон мегӯянд, аз мӯҳтавои Сарқонун ва иҷрои амрҳои он қонеъ набуда, хостори такмил ва ҳатто таҳияи матни комилан нави он мебошанд.

Ин нукта замоне рӯшан гашт, ки аз раҳбарон ё намояндагони аршади аҳзоби сиёсии Тоҷикистон суол шуд, ки оё дар ин муддат Сарқонуни Тоҷикистон тавонист, вазифаи Конститутсияи як кишварро иҷро кунад ва заминаи давлатсозию давлатдории муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гардад?

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи панҷшанбе дар як конфаронси байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, қонуни асосии кишвараш баёнгари манфиатҳои олии мардум буда, низоми устувори давлатӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократию дунявии кишвар ва роҳи ояндаи онро таъин мекунад. Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 1994 дар назархоҳии умумие, ки якҷо бо интихоботи президентӣ ҷараён гирифт, ба тасвиб расида, баъдан ду дафъа тағйир дода шуд.

Намояндагони ҳизби ҳоким аз ин натиҷагирӣ, ки раисиҷумҳур ба миён гузошт, ҳимоят мекунанд. Раҳбари ҷиноҳи ҳизби халқию демократии Тоҷикистон дар порлумони кишвар, Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, "сарқонуни кишвар ба ҳайси як ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои бунёд ва пешбурди ҷомеаи Тоҷикистон эътироф шудааст. Ва имрӯз метавон гуфт, ки он як санади аз лиҳози ҳуқуқӣ хеле мукаммал ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллию давтлатии тоҷикон ба ҳисоб меравад."

Агар вожаи "мукаммал"-ро аз ин гуфтаҳо дар маркази диққат қарор диҳем, ноиби раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Шокирҷон Ҳакимов ин калимаро ба маънои манфӣ истифода мекунад ва се ҷиҳати марбут ба қонуни асосии кишварро тазаккур медиҳад: "Қонуни асосии Тоҷикистон, аввал ин ки мукаммал нест, дувум ин ки ба талаботи шароити муосири Тоҷикистон ҷавобгӯ нест ва аз ҳама муҳимаш, амалӣ намешавад."

Ҷаноби Ҳакимов меафзояд, бархе аз меъёрҳои Қонуни асосӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ бошанд ҳам, мақомот дар иҷрои онҳо ба муносибати дугона роҳ медиҳанд. Яъне нукоти қонун дар баробари афрод ё ниҳоду созмонҳо вобаста ба мансубияти ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва маҳзабии онҳо татбиқ мешавад."Аз ҷумла дар риояти ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон, ширкати озодона ва фаъолонаи онҳо дар идораи давлат ва ғайра." Вай меафзояд, ҳарчанд давлат бино бар Қонуни асосӣ худро "иҷтимоӣ" меномад, сиёсати он иҷтимоӣ нест ва манфиатҳои шаҳрвандони одиро дар назар намегирад.

Ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон аз ин ҳизб, Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, агар қонун мукаммал мебуд, пайиҳам ба тағйиру тасҳеҳи он зарурат пайдо намешуд. Аммо зикр мекунад, тағйирот дар қонуни асосӣ на барои густариши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ё беҳбуди вазъи иҷтимоӣ, балки мутобиқи хости як шахс ё як гурӯҳ ва барои таъмини манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ сурат гирифтааст. Вай изофа мекунад, ки бархе аз қонунҳо ба Қонуни асосӣ мухолифанд, аз ҷумла Қонуни дини Тоҷикистон, ки ҳуқуқи мусулмононро ба таври ҷиддӣ маҳдуд кардааст.

Ёдовар мешавем, Қонуни асосии Тоҷикистон бори аввал дар соли 1999, зимни Созишномаи умумии истоиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон бо тағйиру тасҳеҳ рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла ба муқаддимаи он вожаи "дунявӣ" ворид гардид ва ин илова дар баробари иҷозаи расмӣ ба фаъолияти ҳизби мазҳабӣ имконпазир гашт ва порлумони дупалатаӣ таъсис ёфт.

Дар соли 2003 мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Қонуни асосӣ ба ҳафт сол дароз, аммо ба ду давр маҳдуд гашт ва мунаққидон гуфтанд, ин тағйир ба хотири тӯл додани мӯҳлати раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон то соли 2020 ба вуқӯъ пайвастааст. Зимни иловаҳои дигар дар кишвар низоми қавии президентӣ таъсис шуд, ки амалан ба ҳокимияти комили яке аз шохаҳои қудрат сабаб гардид.

Бо вуҷуди ин, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва низ узви Маҷлиси намояндагон, Исмоил Талбаков мегӯяд, Қонуни асосӣ аз беҳтарин қонунҳост ва набояд аз он камию костӣ ҷуст ва ҳар кас чунин мекунад "ё одам нест, ё аз ин олам нест." Вай иҷрои Сарқонунро ба фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва иродаи ҳар шаҳрванди кишвар бастагӣ дод.

Сарони се ҳизби дигар низ тақрибан ба ҳамин шакл сӯҳбат мекунанд, ки як тобиши шиоргуна мегирад. Раиси Ҳизби аграрӣ, Амир Қарокулов ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вазири нақлиёту мухобироти кишвар Олим Бобоев, раиси Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффоров, мегӯянд, аҳзоби онҳо бо Қонуни асосии мамлакат ҳеч гуна мушкиле надоранд.Ҷаноби Бобоев меафзояд, "иҷрои ҳамаи амрҳои Сарқонун кори якшаба нест. Барои татбиқи бархе аз меъёрҳои он бояд ниҳодҳо, институтҳои муайяни ҷомеа сохта ва фаъол шаванд ва барои ин фурсати муайян зарур аст."

Аммо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Масъуди Собир мегӯяд, нукоти асосии Сарқонуни кишвар дар тамоми давраи мавҷудияташ амалӣ шуда натавонист ва ба ҳайси орзуҳои нек дар рӯи коғаз боқӣ монд. "Ҷомеаи шаҳрвандӣ сохта нашуд, ҳуқуқи инсон ҳимоят намегардад, баробарии ҳама дар назди қонун таъмин намешавад."

Дар ҳоле ки бархӯрди 5 ҳизб -- Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба Қонуни асосӣ мусбат аст, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ин масъала ақидаи мухолиф доранд. Ноиби раиси сотсиал-демократҳо, Шокирҷон Ҳакимов ҳатто бар ин аст, ки бояд Қонуни асосии нав бо ширкати гурӯҳҳои илмӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардад, "зеро Қонуни асосии феълии кишвар дар шароити душвор ва бо шитобзадагӣ таҳия ва дар ҳоле қабул шудааст, ки мардум дар робита ба ҷанги шаҳрвандӣ таҳти хатар, таҳдид, фишор ва тазъйиқ қарор доштанд ва гӯё ин санадро маҷбурӣ пазируфтанд."

Тавре маълум мешавад, муносибати ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ба қонуни асосии кишвар яксон набудааст. Ҳатто онҳое, ки сарқонуни кишварро "бахтнома" меноманд, иқрор мекунанд, ки на ҳамаи бандҳои он дар Тоҷикистон амал мекунанд. Ин ноқаноатмандӣ ба наздикӣ ё дурӣ аз дастархони қудрат низ бастагӣ дорад, вале боз ҳам шояд бино бар манфиатҳои ҳизбӣ ва комилан татбиқ нашудани меъёрҳои Сарқонун дар оянда ҳарчӣ бештар талабҳои бознигарӣ, таҳрир ва тағйири қонуни асосиро ба бо орад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG