Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳсҳои бархоста миёни Тоҷикистону Узбакистон ва эътирози сокинони рустои Ҳушёрии ноҳияи Варзоб ба ширкати Иноватив Роуд Солюшнз, ки масъули пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ аст, аз мавзӯъҳои меҳварии матбуоти ин ҳафтаи чопи Душанбе будаанд.

“Фараж”, ки акнун баъди се ҳафтаи аз чоп бозмонданаш дубора нашр мешавад, баста шудани якҷонибаи гузаргоҳи марзии Саразм-Ҷартеппаро ба баҳс кашидааст.

Муаллифи матлаби “Узбакистон дарвозаи модаршаҳри тоҷиконро мебандад”, инро таҳрими навбатии Узбакистон номидааст, ки монеи рушди соҳаҳои ҳаёти кишвар шудаанд”.

“Шояд ҳамаи ин аз беҷуръатии мо бошад. Агар сари вақт пеши роҳи ин таҳримҳоро нагирем, оқибати он вазнин хоҳад шуд. Бовар дорам, ки солҳои наздик бо баҳонаҳои гуногун Узбакистон мисли Исроил, ки Фаластинро дар муҳосира гирифтааст, моро дар муҳосираи иқтисодиву сиёсӣ қарор хоҳад дод”,-афзудааст муаллифи мақола.

“Набарди дипломатӣ” матлаби дигаре аз “Фараж” аст, ки низ ба мавзӯи баҳси Тоҷикистону Узбакистон рабт дорад.

Нуралии Давлат, муаллифи ин матлаб, дар охири мақолааш гуфтааст, ҳукумати кишвар аз тариқи додгоҳи байналмилалӣ ва ҳам аз тариқи расонаҳои хабарӣ фаъолияти худро дуруст ба роҳ монад то, ки ин қазияро ба нафъи худ ҳал кунад.”

“Истиқлол”
баёнияи вазорати умури хориҷии Узбакистон дар бораи ин, ки бар хилофи иддаоҳои ҷониби Тоҷикистон гӯё транзити молу коло аз тариқи роҳи оҳан ба кишвар 102 дарсад афзудааст, танқид карда ва онро бо мақоли “Дузди зӯр соҳиби говро мебандад” хулоса кардааст.

“Чархи гардун” низ дар саҳифаи аввали худ аз ҷанги лафзии Тошканду Душанбе натиҷагирӣ карда, изҳороти пайиҳами мақомоти узбак дар як ҳафтаи ахирро “ранҷиши Тошканд” меномад. Муаллифи ин матлаб навиштааст, танҳо дар он сурат Тоҷикистон аз “асорат”-и Узбакистон раҳо хоҳад хӯрд, ки бо ҳамсоякишварҳои дигараш тарҳҳои коммуникатсионӣ ва энержиро ҳарчӣ зуд амалӣ кунад.

“Миллат” дар саҳифаи аввали худ акси нуқтаи пулситонӣ ё тарозуи ширкати Иноватив Роуд Солюшнзро, ки масъули пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ аст, чоп кардааст. Ин нашрия аз эътирози як гурӯҳ сокинони рустои Ҳушёрии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад, ки мегӯянд, аз мушкили роҳи пулакӣ ба дод омадаанд.

“ИмрӯзNews” низ ба ин масъала дахл карда, навиштааст, “мардуми ҷамъшуда то ҳадде ба ғазаб омада буданд, ки мехостанд нуқтаи пулчинии дуюмро вайрон кунанд.”

“Озодагон” дар шумораи тозаи худ ба муносибати 16-умин солгарди Қонуни асосӣ аз соҳибназарон пурсидааст, ки “Сарқонун ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад?”

Аксари назардиҳандагон ба ворид кардани иловаҳо ба Қонуни асосӣ заруратеро надидаанд. Ҷунайд Ибодов, ҳуқудони тоҷик гуфтааст, “муҳимтар аз ин, масъалаи амалӣ кардани моддаҳо, бандҳо, нуктаҳо ва меъёрҳои Сарқонун мебошад. Агар тавонем, ки қонунҳоро дар амал татбиқ намоем, ин бурди мо хоҳад буд.”

Вале гурӯҳе аз назардиҳандагон гуфтаанд, ки қонун догма нест ва дар сурати зарурӣ бояд ислоҳот ворид карда шавад.

Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар остонаи фасли зимистон кӯшиш кардааст, ба ин суол посух дарёбад, ки мақомот оё дар истифодаи барқ лимити ғайричашмдоштеро роҳандозӣ мекунанд ё хайр?

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Наҷот” гуфтааст, таъмини барқ ба аҳолӣ ба боду ҳаво бастагӣ дорад.
Агар зимистон сардтар ояд, маҷрои дарё камтар мешавад ва ин боис мегардад, ки аҳолӣ тибқи талабот бо барқ таъмин нашавад”,-илова кардааст ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG