Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Аҳдҳои забонӣ» ё паймони қонунӣ?


Додгоҳи вилояти Суғд мегӯяд, қисми зиёди парвандаҳое, ки дар додгоҳҳо бозбинӣ мешавад, парвандаҳои шаҳрвандӣ буда, ба баҳсу талошҳои пуливу молӣ миёни афроди алоҳида рабт доранд.

Барои ҳар сокини Тоҷикистон ҳангоми муомилоти молӣ бо якдигар забонӣ, ба қавле «мардона даст дода», қавлу байъат кардан як кори маъмулӣ ҳисоб мешавад. Масалан, вақте ки як кас аз каси дигар пул қарз мегирад, танҳо ба ваъдаи забонӣ ё аҳди хаттии вай иктифо мекунад ва ин муомиларо дар нотариуси давлатӣ ба ҳукми қонунӣ намедарорад. Аммо баракс, дар сурати сарпечии қарздиҳанда бисёриҳо барои ёриву додхоҳӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунанд.

Марямбону Солеҳова – як сокини Хуҷанд, аз ҷумлаи он касонест, ки ба қавле бо ду дасти худ калиди автомобили “Опел”–и худро як сол пеш ба дасти харидор дода, то ҳол барои гирифтани маблағи он бо ду по аз паси харидор медавад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо сари пардохти маблағи арзиши автомобил забонӣ аҳду паймон карда буданд :

«Харидор ба ману шавҳарам ваъда дод, ки пули автомобиламонро дар як моҳ медиҳад. Мо ба қавли вай бовар карда, автомобилро ҳуҷҷатӣ ба номаш гузаронидем. Аммо харидор ба гапаш наистод ва давоми як сол пулро кам – кам пул медод. Акнун боз 500 доллари дигар мондааст. Аммо харидор дигар пул додан намехоҳад. Намедонем чӣ кор кунем …»

Ҳамсуҳбатам афзуд, вай ва шавҳараш тасмим гирифтаанд, харидорро бо шоҳиди ягона рӯ ба рӯ кунанд ва баъди он ҳам аз додани маблағи боқимонда сар печад, ба додгоҳ арз баранд.

Ин ҳодисаи ба бисёр сокинони Тоҷикистон ошно аст. Вақти муомилоти пуливу молӣ байни одамон бастани аҳду паймонҳои забонӣ бо яклигар ба ҳукми одат даромадааст. Танҳо баъзан қарздиҳанда аз қарзхоҳ як забонхатти оддӣ мепурсад.
Оё сабаби ин чӣ аст? Чаро сокинон аз равишҳои қонунӣ сарфи назар мекунанд?

Бо ин савол ба Бахтиёр Насруллоев – вакили дифоъ, раҳбари «Маркази ҳимоят аз ҳуқуқи инсон» дар шаҳри Истаравшан муроҷиат кардам.

Вай гуфт:"Қонунгузории Тоҷикистон дар ин ҷиҳат нокомил аст. Фарз кардем, ду нафар бо роҳи нотариалии қонунӣ додугирифти пулӣ мекунанд. Аммо байни онҳо баҳс хезад ва ба додгоҳ кашида шавад, хеле дурудароз, ҳатто солҳо давом мекунад. Барои ҳамин ҳам шаҳрвандон кӯшиш мекунанд муомилаҳои пулию молиро байни ҳамдигар бе огоҳии мақомоти дахлдори давлатӣ анҷом диҳанд."

Ҳамчунин, ба назари ҳуқуқшинос – Бахтиёр Насруллоев, дар шароити фарогир шудани ришваю фасод дар Тоҷикистон, бархе аз сокинон гумон мекунанд, агар мақомот аз дороии онҳо хабар ёбанд, мепурсанд, ки манбаъи сармояи онҳо аз куҷост, оё андози он пардохта шудааст ва ғайра ва ин одамонро бим медиҳад. Ва кӯшиш мекунанд муомилоти тиҷоратии худро аз мақомот пинҳон доранд.

Вай гуфт, дар фаъолияти кориаш зиёд дар баҳсҳои додгоҳӣ сари қарзу тақсими молу мулк иштирок кардааст. Ва дидааст, ки даъвогар дар муқобили қарзгирифтаи саркаш ҷуз шоҳиди забонӣ ва «қавлу ваъдаҳои забонӣ» дигар шоҳиду санаде барои ҳаққонияти даъвиаш пешниҳод карда наметавонад. Аз оқои Насруллоев пурсидам, чунин баҳсҳо одатан бо чӣ натиҷа анҷом меёбанд ?

Вай гуфт : «Аксари онҳое, ки забонӣ аҳду паймон мебанданд, масалан вақти қарз додан ё муомилоти дигари молӣ кардан, дар додгоҳ ноком мемонанд. Яъне - маблағ ё моли худро рӯёнида наметавонанд

Ҳуқуқшинос – Бахтиёр Насруллоев афзуд, беҳтар аст шаҳрандон муомилоти пуливу молиро бо якдигар бар замми қавлу ваъдаҳои забонӣ бо санадҳои қонуни нотариуси давлатӣ низ тақвият диҳанд. Ба назари вай, ин кор ҳадди ақал масъулияти ҷонибҳоро дар адои масъулиятҳо меафзояд ва виҷдони онҳоро назди қонун тарс медиҳад.

Дар ин робита бархе аз ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, қонунгузории Тоҷикистон муомилаҳои пуливу молӣ бо аҳду паймони забониро манъ накардааст, дар баробари ин аз роҳи инсонгароӣ масъулияти баррасии даъвии шаҳрвандон сари иҷро нашудани «аҳдҳои забонӣ» - ро дар муомилоти пуливу молӣ бар ӯҳда дорад. Аз ин рӯ, ин ҷанбаи қонун бознигариву такмил мехоҳад.

Аммо Алии Бозравӣ - вакили дифоъ аз шаҳри Хуҷанд ба омили дигари ин ҳолат ишора мекунад ва мегӯяд, сатҳи маърифати ҳуқуқии бархе аз сокинон паст аст ва дар қонунӣ кардани муомилоти тиҷоратии худ танбалӣ мекунанд . Ё ки нодорӣ барои бо сарфи маблағ қонунӣ кардани аҳди забонӣ домангир мешавад..

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мусоҳиби авваламон - Марямбону, сокини шаҳри Хуҷанд, бо вуҷуди ваъдахилофиҳои шахсе, ки автомобили онҳоро харида, маблағи онро пурра доданӣ нест, вай ва шавҳараш умедворанд харидор баъди мулоқоти чашм ба чашм бо шоҳиди ягонаи ин муомила сари инсоф меояд ва баҳси онҳо то додгоҳ кашида намешавад.

Чунки онҳо зери санаде имзо гузоштаанд, ки маблағи автомобили худро аз харидор гирифтааанд ва автомобил, бо роҳи қонунӣ ба номи харидор. Дар сурати баҳси додгоҳӣ қонун низ умдатан пуштибони харидор хоҳад буд.

Аммо мегӯяд Марямбону, ин муомила ба вай сабақ дод, ки эътимод ба роҳу равишҳои қонунӣ беҳтар аз бовар кардан ба аҳду ваъдаҳои забонии шарики муомилаи тиҷоратӣ аст.
XS
SM
MD
LG