Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Эрон ҷиҳати муқобила бо “ҷанги нарм”-е, ки ба бовари онҳо, алайҳи ин кишвар ба роҳ андохтаанд, иқдомоти ҷавобие рӯи даст мегирад. Як намунаи он, “Нахустин ҳамоиши миллии ҷанги нарм” буд, ки дар рӯзҳои 26-27-уми октябр, дар Донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд.

Аммо бархе таҳлилгарон, ин ҳамоишро талоши дигари Теҳрон барои рехтани равғани бештар ба оташи ихтилофоти миёни Эрону Ғарб ба қалам медиҳанд ва мегӯянд, чунин иқдомҳо табиати таблиғотӣ бештар доранд, то таъсири воқеъӣ.

Аммо оё “ҷанги нарм” алайҳи Эрон то куҷо амре воқеъист ва Теҳрон то куҷо даргири чунин як ҷанги нарм шудааст?

Донишгоҳи Теҳрон - хатти пеши ҷабҳаи "ҷанги нарм"

Интихоби донишгоҳи Теҳрон ба ҳайси макони баргузории “Нахустин ҳамоиши миллии ҷанги нарм”, “ҷанг”-е, ки гӯё зидди Эрон ба роҳ андохтаанд, гоме ҳисобӣ буд. Ин донишгоҳро дар Эрон як хатти пеши ҷабҳаи ин “ҷанги нарм” ва майдоне мешиносанд, ки душманони Эрон аз он барои иҷрои талошҳои ғайринизомии худ бо ҳадафи ба ҳам задани субот ва аз байн бурдани низоми Ҷумҳурии исломӣ истифода мебаранд.

“Нахустин ҳамоиши миллии ҷанги нарм” дар Донишгоҳи Теҳрон суханрониҳои мақомоти аршади Эрон, бо шумули раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажодро дар бар мегирифт, ки дар муқобили ба таъбири ӯ, “Исломи Амрико”, аз Исломи Эрон ситоиш кард. Дар доираи ҳамоиш, силсилаи мубоҳисот ва як намоишгоҳ баргузор шуда, ҳатто сомонаи вижаи интернетиии “ҷанги нарм”-ро ҳам муаррифӣ карданд дар пайравӣ ба торнамои моҷароҷӯи “Wikileaks”, ки иқдомоти зидди Эронро ба намоиш мегузошт. Вале ин сомона мисли як шабаҳ баъди ҳамагӣ чанд соат аз Интернет нопадид шуд.

"Ҷанги нарм" ҷолише барои Эрон?

Аз замони интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурии Эрон ва ошӯбҳои пасоинтихоботӣ ба ин сӯ, “ҷанги нарм” аз пуристифодатарин баёнҳо дар забони мақомоти эронист.

Ҳатто раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ ба ин фавҷ пайваста, ҷанги нармро бузургтарин чолиши истода дар рӯбарӯи Эрон номид, вале итминони хотир дод, ки ба манзури муқобила бо ин чолиш тадобири лозим меандешанд.

Ин тадобир то имрӯз аз ташдиди назорат ва сонсури Интернет, талоши буридани тамосҳои донишмандону фаъолони ҷомиаи шаҳрвандии Эрон бо хориҷ, исломитар кардани донишгоҳҳо ва бастани даҳони мухолифин иборат буд.

Ҷомиашиноси эронитабори муқими Шветсия Меҳрдоди Дарвешпур мегӯяд, Теҳрон “ҷанги нарм”-ро ҳамчун баҳонаи хомӯш кардани мухолифат дар дохил истифода мебарад. Ба бовари ӯ, нишасти ахир дар донишгоҳи Теҳрон ва ҳушдорҳои ҷадид алайҳи “ҷанги нарм” метавонад аломати наздик шудани мавҷи нави таъқибот бошад.

Мақомоти эронӣ: "Ҷанги нарм" тавсиа ёфтааст

Ба ақидаи мақомоти эронӣ, дар моҳҳои охир ҷабҳаи “ҷанги нарм” тавсиа ва силоҳҳои ин набард тақвият ёфтааст. Ба дунболи матбуот ва Интернет, акнун занонро ба ин майдон меандозанд, ки қасдан пӯшидани сатрро дуруст риоя намекунанд. Интиқод аз тасмими қатъи ёронаҳо ҳам талоши коштани тухми норизоият дар байни мардуми Эрон талаққӣ мешавад.

Яҳё Раҳими Сафавӣ, мушовири Хоманаӣ дар умури нерӯҳои мусаллаҳ, дар “ҳамоиши миллии ҷанги нарм” қатъ шудани ёронаҳои давлатӣ барои бензинро ҷузъи пешрафти Эрон хонд ва аз тамоми “гурӯҳҳои сиёсӣ, зиёиён, донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳо” даъват кард, ки аз ин барномаи давлат пуштибонӣ кунанд.

Меҳрдоди Дарвешпур мегӯяд, тамаркуз ба муқобила бо “ҷанги нарм” буғӣ кардани норозигиҳои оммавиро дар натиҷа хоҳад дошт.

Намунаи дигар, аз раҳбари пулиси Эрон Исмоил Аҳмадии Муқаддам аст, ки дар аввали моҳи равон гуфт, мухолифини сиёсӣ бар замми “ошӯбҳои сиёсии соли гузашта” дар пайи ислоҳоти ёронаҳо мехоҳанд “ошӯбҳои иқтисодӣ”-ро барангезанд. Ӯ афзуд, пулис бо онҳое кор хоҳад гирифт, ки мехоҳанд бар “фишорҳои иқтисодии душманон” боз ҳам биафзоянд.

Чаро ғавғои "ҷанги нарм"-ро ба роҳ андохтанд?

Хабарнигор Ваҳид Пурустод, ки дар пайи ошӯбҳои пасоинтихоботӣ зиндонӣ шуда ахиран аз Эрон фирор кардааст, мегӯяд, муфаттишон ӯро аз ҷумла ба он айбдор мекарданд, ки аз сӯи душманони Эрон ба хотири пешбурди аҳдофи онҳо дар матбуоти форсизабон истифода мешуд. Ба эътиқоди Пурустод, “ҷанги нарм” барои мақомот баҳонаи муносибе шудааст, то айбҳои худро пинҳон карда ва дар ҳама иллатҳои Ҷумҳурии исломӣ фақат ва фақат қувваҳои хориҷиро айбдор кунанд.

Вакили маҷлис Аловуддин Буруҷирдӣ дар форуми Теҳрон ҳушдор дод, ки “душман” бо истифода аз қаламу васоили дигаре, чун лаълиҳои моҳвора ҷанги худро акнун ҳатто ба дохили манзили мардум густариш додаааст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ қаблан донишҷӯёну устодони донишгоҳҳои Эронро “ҷавонсарбозону фармондеҳон”-е тавсиф кард, ки метавонанд дар ин “ҷанги нарм” истодагарӣ кунанд.

Аммо як донишҷӯи 22-сола дар Теҳрон мегӯяд, натиҷаи бархӯрди мақомот танҳо боз ҳам амиқтар шудани шикоф байни намояндагони низом ва ислоҳталабон хоҳад шуд. Ба бовари ӯ, ғавғо дар атрофи “ҷанги нарм” бахше аз ҷанги равониест, ки низоми ҳоким фақат ба далели тарсаш аз ташнагии мардум ба ислоҳот ба роҳ андохтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG