Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷонибдорони ҳизби "Ота-Ҷурт" дар Бишкек


Тақрибан ҳазор тан аз ҷонибдорони ҳизби “Ота-Ҷурт” дар маркази Бишкек ҷамъ омада, талаби тафтиши низоъ дар канори манзили ҳамраиси ҳизб Қамчибек Тошиев ва аз маснад барканор кардани раиси Хадамоти амниятии миллии Қирғизистон Кенешбек Дуйшебоеваро доранд.

Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, шумораи эътирозгарон соат ба соат афзоиш меёбад ва барои ҷилагвирӣ аз бенизомиҳо теъдоди бузурги кормандони полис сафарбар шудаанд. Ҳамин гуна ҳамоиш бо талаби тафтиши ҳодиса ва истеъфои Дуйшебоев дар назди бинои ҳукумати вилояти Ӯш ҳам доир шудааст.

Дасисаи ноком?

Низоъ рӯзи шанбе дар назди манзили ҳамраиси ҳизби “Ота-Ҷурт” воқеъ дар мавзеъи Чон Ариқи канори Бишкек рӯх дод. Ба иттилоъи масъулини ҳизб, муҳофизони Қамчибек Тошиев ду нафари машкукро хостанд боздошт кунанд ва аммо онҳо фирор карданд ва баъд аз чанд лаҳза як гурӯҳи 15-нафари ношинос дар назди манзили Қамчибек Тошиев ҳозир шуд. Байни онҳо ва муҳофизони ҳамраиси “Ота-Журт” бархӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, онҳо садои тирпаррониро шуниданд. Гуфта мешавад, ки афроди ношинос аз ҷойи ҳодиса фирор карданд. Муҳофизони Қамчибек Тошиев се туфангчаи Макаров ва як шаҳодатномаи корманди Хадамоти миллии амниятро дарёфт карданд. Кормандони полис тафтиши низоъро шурӯъ намуданд. Масъулини ҳизб Аҳмад Келдибеков ва Содир Жапаров ва раиси ҳизби “Оруномус” Феликс Қулов оҷилан ба ҷойи ҳодиса омаданд. То ҳанӯз маълум нест, ки дар ин низоъ ва тирпаронӣ чанд нафар осеб дидаанд.

Раёсати ҳизби “Ота-Журт” расман эълом дошт, ки кормандони Хадамоти амнияти миллӣ барои таҳияи дасиса ба манзили Қамчибек Тошиев омада буданд ва аз раисиҷумҳур Роза Отунбоева талаб кард, ки раиси Хадамоти амнияти миллиро аз мақомаш барканор кунад.

Дуйшебоев: Муҳофизон ҷиноят содир кардаанд

Раисиҷумҳури Қирғизистон аз ниҳодҳои қудратии кишвар хост, ки сабабҳои рӯх додани низоъ дар канори манзили ҳамраиси ҳизби “Ота-Ҷурт” Қамчибек Тошиевро тафтиш кунанд. Ба иттилоъи мақомоти додситонӣ, тасмим дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ баъд аз тафтиши ҳодиса гирифта хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Хадамоти амнияти миллӣ Кенешбек Дуйшебоев имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Бишкек дар рӯх додани низоъ муҳофизони Тошиеваро айбдор кард. Ба гуфтаи ӯ, се корманди Хадамоти амнияти миллӣ ба хотири тафтиши иттилоъ дар бораи қочоқбарони маводи мухадир ба мавзеъи Чон Ариқ омаданд. Ва аммо муҳофизони Тошиев, ки теъдодашон ба карат бештар буд, онҳоро боздошт карда, ба манзили ҳамраиси “Ота-Ҷурт” бурданд ва халъи силоҳашон карданд.

“Ота-Ҷурт” Боқиевро сари қудрат бармегардонад?

Бори аввал номи ҳизби “Ота-Ҷурт” баъди он дар сархати ахбор қарор гирифт, ки дар арафаи интихоботи парлумонӣ гурӯҳи афроди ношинос ба дафтари ҳизб дар шаҳри Бишкек ҳамла карданд. Ин ҳодиса дар пеши чашми кормандони полис рӯх дод ва аммо онҳо ба ғорати дафтари ҳизб дахолат накарданд.

Гуфта мешуд, ки ҳамла ба дафтари “Ота-Ҷурт” – вокуниши пайвандони қурбониёни ҳаводиси рӯзи 7 апрел ба як сабти видеоӣ дар интернет буд, ки дар он як шахси монанд ба Қамчибек Тошиев дар бораи омода буданаш барои ғасби ҳукумат ва сари қудрат баргардонидани раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев сӯҳбат мекард.

Ва аммо масъулини ҳизб изҳор намуданд, ки ин сабт тақаллубист ва аз сӯи рақибони сиёсии ҳизб омода шудааст. “Расман эълом медорем, ки садо дар навори тӯҳматомез – садои Қамчибек Тошиев нест ва инро метавон тавассути тафтиши ҳирфаӣ собит кард”, омада буд дар изҳороти ҳизб.

Бояд гуфт, ки пахши навори видеоӣ ва ҳамла ба дафтари ҳизб рейтинги ҳизбро пойин набурд, баръакс, “Ота-Ҷурт”, ки ҳамчун ҳизби миллатгаро муаррифӣ мешавад, дар интихоботи парлумонӣ аз ҳама бештар – тақрибан нӯҳ дарсади раъйҳоро соҳиб шуд. Ёдовар мешавем, ки дар ин маъракаи сиёсӣ ҳамчунин ҳизбҳои Сотсиал– демократ бо 8 дар сад, “Оруномус” ва “Республика” - бо беш аз 7-дарсадӣ ва “Ота Макон” - бо 5,6 дарсад райъҳои дарёфткарда вориди парлумон шудаанд.
XS
SM
MD
LG