Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия баста шуд


Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия

Додгоҳи олии Русия Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия, бузургтарин ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро баст. Дастури манъи фаъолияти Иттиҳоди тоҷикистониҳо бо дархости вазорати адлияи Русия сурат гирифта, ин вазорат ин ҷамъияти муҳоҷирони тоҷикро дар нақзи қонунҳо айбдор мекунад.

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия ин тасмими додгоҳро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ номид:



Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия соли 2007 таъсис ёфта, 42 ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро муттаҳид мекард.

Ҳамасола то 1 миллион нафар аз нирӯи кории Тоҷикистон худро ба бозори кори Русия мезанад. Пуле, ки ин муҳоҷирон ба ватан мефиристанд, дар ҳудуди 2 миллиард доллар дар сол давр зада, ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, қариб 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

"Қонунҳои Русия нақз шудааст"

Вазорати адлияи Русия нақзи қавонини ин кишварро далели аслии тавқифи фаъолияти Иттиҳодияи тоҷикистониён унвонт мекунанд.

Видя Железнёв, мушовири Вазири адлияи Русия дар як сӯҳбати телефонӣ ба Озодӣ гуфт: «Аз ҷониби вазорати адлия фаъолияти созмонҳои ғайритиҷоратӣ бозрасӣ мешавад. Бозрасии кории мо собит кард, ки Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия бархе аз бандҳои Қонуни федеролиро нақз кардааст. Ҳатто ин гуна бозрасӣ дар соли гузашта сурат гирифта буд. Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия сабт ё қайди аъзоёнашро анҷом надода ва ба вазорати адлия гузориши солонаи фаъолияташро пешниҳод накардааст. Ҳамчунин созмон дар ин муддат рамзу нишони худро аз қайд нагузарондааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ба додгоҳ дар мавриди мутаваққиф кардани фаъолияташ пешниҳод шуд».

Ба ин тартиб, Додгоҳи Олии Русия, Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русияро барои ислоҳи камбудиҳояш ду ҳафта мӯҳлат додааст.

Ин дар ҳолест, ки Абдулло Давлатов, раиси ин созмон вуҷуди камбудиҳо дар фаъолияти Иттиҳодияи тоҷикистониёнро эътироф мекунад. Вале ӯ мӯътақид аст, ки дар ин қазия сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ба хусус баъзе аз аъзои Шӯрои навтаъсиси ҷамъиятии назди ин сафорат даст доранд.

"Ин кори сафорати Тоҷикистон аст"

Абдулло Давлатов мегӯяд: «Ба вазорати адлияи Федератсияи Русия чанд шикоят аз номи бархе аз аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат рафтааст, ки ба қавли русҳо ин созмони «мертвие душӣ» асту аслан ҳеҷ фаъолияте надорад. Махсус таъкид мекунам, ки дар ин корҳо дахолати намояндагии дипломатии Тоҷикистон аст ва медонам, ки афроди ин сафорат чунин шикоятҳоро навиштаанд».

Аммо Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин иддаои Иттиҳодияи тоҷикистониёнро комилан рад мекунад.

Мурод Бурибоев, сухангӯи ин ниҳоди дипломатӣ ба Озодӣ гуфт, «Ҳар як ҷамъият, ҳар як созмоне, ки дар таркиби он тоҷикистиён ва тоҷикон ҳастанд ва барои созандагӣ ва ободии ватан кор мегиранд ва барои пуштибонӣ аз ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ё тоҷикони муқими Русия талош мекунанд, ин хоҳ нохоҳ бояд пуштибонӣ ва ҷонибдорӣ шавад. Сафорат ҳамеша ҷонибдорӣ мекунад ва он созмонҳо ва ташкилотҳое, ки дар чаҳорчӯби кишвари иқомат, яъне бо ҳадафҳои созанда кор мегиранд ин табиист, ки бояд пуштибонӣ шавад».

"Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин қазия даст надорад"

Ба навбаи худ, Гавҳар Ҷӯраева, узви Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия дахолати худ ва дигар аъзои шӯроро ба фаъолияти Иттиҳодияи тоҷикистониён низ даъвое бебунёд номид.

Ӯ гуфт: «Ин дуруғи маҳз аст. Вақте, ки моҳи ноябри соли гузашта мо муовинон, аз Ярославл – Рустам Муҳаммадҷонов, аз Санкт – Петербург Назар Мирзода ва аз Твер – Муқим Майбалиев омад, назди Абдулло Давлатов даромадем. Вай ибораи аҷоибро истифода кард ва гуфт «Шумо ҳама барканор шудаед!». Аз ҳамон вақт мо дигар ба корҳои Абдулло Давлатов дахолат намекунем ва ба ягон ҷо ҳам ягон чӣ нанавиштем. Аммо бе сафорат дифоъ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон беҳбудӣ намеорад. Ва Абдулло Давлатов ба фикрам вай мехоҳад мустақил бошад. Зеро вай на танҳо бо муовинони худаш натавонист корро пеш барад, балки ҳамон одамони сафорат, ки кумак кардан барои ин созмон онҳо ҳам бадном шуданд».

Зимнан, хонум Ҷураева ва чанд тани дигар аз аъзои феълии Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз мубтакирони Иттиҳодияи тоҷикистониён маҳсуб мешаванд ва ба гуфтаи раҳбари ин созмон, ҳудуди як соли пеш аз ин ташаккул берун шудаанд.

"Берун шудан аз контроли сафорат, сабаби қазия?"

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия сабаби аслии чунин тафриқаандозиҳо дар атрофи ин созмонро берун шудани худи ӯ аз контроли сафорати Тоҷикистон дар Русия медонад: «Ман ҳамон вақт, ҳатто ба сафир Абдулмаҷид Доситев гуфта будам, ки ин созмони чамъиятӣ аст ва мо бояд дар асоси қонунҳои Русия ва мустақилона амал кунем. Ҳатто бархе аз раҳбарони ҷамъиятҳо дар минтақаҳоро мегуфтам, ки биёед ҷамъ шавем ва кореро анҷом диҳем, мегуфтанд, як сафоратро пурсем. О дар ҳоле, ки мо худ созмони мустақил ҳастем, пас чи ҳоҷат ба сафорат матраҳ кардани корҳои худамон. Аммо ман низ хоҳони ҳамкорӣ ҳастам ва ҳоло ҳам бо давлати Тоҷикистон ҳамкории хуб дорам. Вале ба фикрам мустақилона амал кардани ман ба сафорат хуш намомад».

Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия 3 сол пеш дар ҳоле рӯи кор омад, ки Ҷумбиши муҳоҷирони кории тоҷик, раҳбараш Каромат Шарипов, аллакай дар қаламрави Русия фаъолият дошт.

"Иттиҳодияи тоҷикистониён сохтаи сафорат буд"

Ҷаноби Шарипов мӯътақид аст, ки сафорат ва давлати Тоҷикистон Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русияро дар муқобили созмони вай ташкил карда буд, ки билохира боз ба дасти худ мехоҳад аз он халос шавад, «Худи анҷумане, ки соли 2007 таъсис шуд ва баъдтар созмон ташкил шуд бо кӯмаки сафорат ва ҳукумати Тоҷикистон. Ин ба хотири беҳбудии тоҷикони Русия набуд ва ҳеҷ хубие намеовард. Онҳо ин корро ба муқобили гурӯҳҳое мисли созмони ман – Ҷумбиши тоҷикони муҳоҷир ва созмони Додоҷон Атовулло, ки оппозисия ҳастанд, ташкил карданд. Баъдтар Абдулло Давлатов инро фаҳмид».

Бархе бар ин назаранд, ки мушкили омада бар сари Иттиҳодияи Абдулло Давлатовро натиҷаи муборизаҳо барои тақсими ба истилоҳ “бизнес”-и равғаниест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар атрофи ин тоифа созмон додаанд. Аз ҷумла тавассути роҳандозиии ҳамкорӣ бо дафтарҳои хадамоти муҳоҷирати Русия.

Абдулло Давлатов рад мекунад

Абдулло Давлатов ин иддаоро радд мекунад ва мегӯяд, баръакс ҳар дороие ки дошт, сарфи сохтани Иттиҳодияи тоҷикистониҳо кардааст: «Ман борҳо дар ҷаласаҳо таъкид кардам, ки замони духтур кор карданам ва дур будаанам аз ҷамъият, баъзе саҳмияҳое аз «Газпром» ва дигар ҷо доштам, ки барои ташкил кардаи сомонаи созмон ва нашрияи моҳонаи он бо номи «Таджикская газета», ки ҳоло номашро тоҷикӣ хоҳем кард, сарф кардам. Кадом литсензия, кадом шаҳодатнома, кадом справка? Мо иҷозатномаи корӣ ва ё ягон чиз намефурӯшем. Ва мо қатъиян тиҷорат низ намекунем. Қонунҳои Русия ин ҳақро ба мо намедиҳад».

Ин ҳама рақобатҳо байни созмонҳои мухталифи ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар ҳолест, ки теъдоди мардикорони тоҷик дар Русия то 1 миллион нафар рақам зада шуда, бахши аъзами онҳо дар ғурбат ҳамчунон дар як ҳоли беҳуқуқӣ ва маҳрумият кору зиндагӣ мекунанд.

Давлати Тоҷикистон ҳам то кунун натавонистааст ҳимояти комил аз ҳуқуқи ин артиши бузурги муҳоҷиронаш дар русияро таъмин кунад. Он ҳам дар ҳоле, ки муҳоҷирони тоҷик, ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, ҳарсола маблағи муодили зери 40 дарсад маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварро ба ватан мефиристанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG