Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вилояти Хатлон ва созмонҳои ҷамъиятии масоили муҳоҷират аз афзоиши мизони хориҷшавии сокинони ҷануби Тоҷикистон аз кишвари муҳоҷирати корӣ изҳори ташвиш мекунанд.

Гуфта мешавад, теъдоди муҳоҷирони ихроҷшудаи хатлонӣ имсол 50 дарсад боло рафта, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳан аз ҳисоби интиқоли ройгони онҳо 65 ҳазор доллар зиён дидаанд.

Саргузашти як муҳоҷири ихроҷшуда

Манучеҳр Салимов, ҷавони 25-сола аз шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ки дар як соли ахир дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебурд, мегӯяд, ӯро мақомоти Русия ба хотири он, ки гӯё дар шиносномааш мӯҳри қалбакии хадамоти муҳоҷирати он кишвар зада шудааст, депорт кардаанд.

Ба гуфтаи Манучеҳр, шиносномаи ӯ ва ҳамраҳони дигараш аз Тоҷикистонро нафаре, ки нақши миёнаравро дар миёни мардикорон ва кордеҳ мебозид, гирифта, машғул ба тартиби аснод, дарёфти иҷозаи кор ва будубош дар Русия шудааст. Манучеҳр афзуд, ӯву ҳамраҳонаш дер фаҳмидаанд, ки ба фиреби кордеҳон уфтода, аз заҳамоти онҳо ройгон истифода кардаанд:

«Рӯз то бегоҳ дар як завод дар Красноярск кор мекардем. Он ҷо арманиҳо бригадир буданду мо коргар. Аз субҳ то шом фақат битумҳои вазнини аз 200 то 300-килоиро мекашондем. Ҳамин хел азоб доштем. Фақат хӯрок медоданд, аммо пул намедоданд барои корамон. Фиреб карданд, ки паспортатонро диҳед, мо шуморо регистратсия мекунем ва иҷозатнома барои кор мегирем. Илоҷ нашуд, шабона мошин киро кардем, молу либосҳоямонро пешакӣ фиристодем ва худамон ҳам аз баҳри ҳақмузд баромада, шабонгаҳ аз он коргоҳ гурехтем».

Пас аз ин, мегӯяд Манучеҳр, дарёфти ҷойи кори нав барояшон осон набуд ва онҳо зуд ба дасти кормандони милиса афтоданд. Додгоҳе бо даъвои милиса Манучеҳр ва чанде аз мардикорони дигарро ба депорт маҳкум кард.

Ҳамакнун, бар асоси қавонони Русия, Манучеҳр ва ҳамраҳонаш наметавонанд то панҷ соли оянда дубора вориди қаламрави он кишвар шаванд.

Фарҳанги поини ҳуқуқии муҳоҷирон

Дар ҳамин ҳол, Ислом Ғоибов, коршиноси масоили муҳоҷирати корӣ, мегӯяд, иллати аслии афзоиши мизони хориҷшавии мардикорони тоҷик аз кишвари муҳоҷират надонистани қонун, ҳуқуқ ва забони русӣ мебошад. Ба иддаои ҷаноби Ғоибов, агар муҳоҷирон ҳуқуқи худро бишносанд ва ҳифз карда тавонанд, эҳтимоли ихроҷи онҳо ба маротиб кам хоҳад шуд:

«Оддитарин чиз ҳамин аст, ки ҳар як шаҳрванди давлати хориҷӣ бо ворид шудан ба хоки кишвар зери ҳимояи қонунҳои ҳамон кишвари муҳоҷират қарор мегиранд. Аммо мардикорони тоҷик, мутаассифона, на ҳамеша инро дарк мекунанд, ки қонуни Русия аз онҳо ҳифозат мекунад ва агар ҷинояте ё ҳуқуқвайронкуние содир накардаанд, онҳо набояд пеши кормандони милиса худро «гунаҳкор» ҳис кунанд, бояд аз ҳуқуқашон дифоъ карда тавонанд, талаб кунанд, ки бо онҳо муносибати шоста кунанд".

Ин ҳама дар ҳолест, ки мақомоти вилояти Хатлон ва созмонҳои ҷамъиятии масоили муҳоҷират аз афзоиши мизони хориҷшавии сокинони ҷануби Тоҷикистон аз кишвари муҳоҷирати корӣ изҳори ташвиш мекунанд.

Олим Нурматов, сардори шӯъбаи муҳоҷирати кории хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар соли ҷорӣ 97 мавриди иҷборан хориҷшавии сокинони вилояти Хатлон аз кишвари муҳоҷират, асосан Русия, ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2009-ум ин рақам қариб 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, имсол мизони муҳоҷирати кории сокинони Хатлонзамин поин рафтааст.

Саидқадам Зоиров, додситони нақлиётии Хатлон
Ихроҷшудагон дубора ба Русия бармегарданд

Ва аммо додситонии нақлиётии вилояти Хатлон дар робита ба теъдоди муҳоҷирони депортшуда рақами дигарро нишон медиҳад. Саидқадам Зоиров, додситони нақлиётии минтақа, мегӯяд, агар дар соли 2009 аз давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон 236 сокини вилояти Хатлон депорт шуда бошад, то нимаи аввали соли 2010 наздик ба 130 нафар хориҷ шудаанд.

Ҷаноби Зоиров меафзояд: «Дар хориҷ шудани шаҳрвандони мо аз кишварҳои муҳоҷират аслан худи онҳо сабаб мешаванд. Дар бисёр ҳолат муҳоҷирони корӣ медонанд, ки дар сафарҳои қаблӣ онҳор расман депорт шудаанд, вале ному насабашонро дигар карда, бозпас ба мардикорӣ рафтанӣ мешаванд. Аммо дар нуктаҳои назорати сарҳадии кишвари муҳоҷират шиносномаи тақаллубиашон ошкор шудаву дубора хориҷ карда мешаванд. Масалан, аз 126 нафари то нимсолаи аввал хориҷшуда 102 нафарашон бинобар манъ будани вуруди онҳо ба Русия, ба Тоҷикистон равон карда шудаанд…»

Додситони нақлиётии минтақа ҳамчунин аз ниҳодҳои масъули шиносномадиҳӣ интиқод кард, ки шиносномаҳои шаҳрвандонро дар бештари маворид бо хатоҳои имлоиву фаннӣ таҳия мекунанд ё ба шаҳрвандоне, ки радди марз шудаанд, бидуни таҳқиқ шиносномаҳои нав медиҳанд.

"-зода", "-пур" - садде барои муҳоҷирон

Яке аз сабабҳои дигари эҳтимолии хориҷшавии муҳоҷирони кории тоҷикро Олим Нурматов, сардори шӯъбачаи муҳоҷирати кории хадамоти муҳоҷирати Хатлон, дар ному насаби тоҷикии шаҳрвандон мебинад. Солҳои ахир бисёре аз шаҳрвандон аз пасванди русии «-ов» дар насабашон даст кашида, ба насаби тоҷикӣ бо пасвандҳое назири «–зода», «-пур», «-духт» ва мисли ин, рӯ овардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, чунин мисолҳое ҳам рӯйи даст будаанд, ки ба хотири нашинохтани насаби тоҷикӣ дар шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба онҳо иҷозаи вуруд ба Русия дода нашудааст.

Феълан, тибқи иттилоъи расмӣ, беш аз 135 ҳазор сокини вилояти Хатлон дар муҳоҷирати корӣ, асосан дар Русия, Қазоқистон, Укроин ва Қирғизистон ба сар мебаранд. Аммо масъулони хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон инкор намекунанд, ки эҳтимолан шумораи муҳоҷирони корӣ ва низ афроди депортшуда аз кишвари муҳоҷират шояд бештар аз он бошад, ки дар омори расмӣ омадааст.

Бар асоси иттилоъи расмӣ, дар тӯли яку ним соли ахир аз ҳисоби депортшудаҳо, ки бе пардохти ҳақи роҳкиро ба ватан мунтақил мешаванд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳан беш аз 280 ҳазор сомонӣ, наздик ба 65 ҳазор доллари амрикоӣ, зиёни молӣ бардоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG