Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дучарха ва "самокат" ба ҷои мошин


Ахиран тақрибан як соат ҳаракати нақлиёт аз ҷумла мошину автобусҳо дар яке аз роҳҳои марказӣ шаҳр манъ шуд, вале сабаб на гузори президент ё раиси шаҳр аз ин роҳ буд. Ин иқдом дар доираи як чорабинии эколожӣ таҳти унвони «350» сурат гирифт.

Ин чорабинӣ аз сӯйи созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон ба хотири ҷилавгирӣ аз олудашавии ҳаво ва бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва масоили тағйирёбии иқлим ташкил шуд.

Беш аз 300 ҷавону наврас ва ҳамчунин афроди дорои имконияти маҳдуд, дар чорабинии мазкур бо дучархаву, самокат, ролик ва скейтборд ширкат намуда, миёни сокинони шаҳр истифода аз ин навъҳои нақлиёти алтернативӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарарро тарғиб карданд.

Зарари нақлиёт ба муҳит

Умед Улуғов, корманди созмони ҷамъиятии «Ҷавонони асри 21» ва яке аз ташаббускорони чорабинии экологии «350», мегӯяд, як мушкили аслӣ дар самти зистмуҳитӣ феълан афзоиши ҳаракати нақлиёти дорои муҳаррик дар шаҳр аст, ки боиси афзоиши ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо мешавад. Ба андешаи ӯ, як роҳи муассири мусоидат дар ҳифзи муҳити зист истифода аз нақлиёти безарар аст:

«Маъракаи мо муайян кард, ки дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва умуман Тоҷикистон барои ҳаракат бо дучарха ва дигар нақлиётҳои безарар мушкилоти зиёд мавҷуд аст. Яъне мо бояд дар оянда ба ин масъала таваҷҷуҳ кунем ва барои ҳаракат бо ролику дучарха скейт ва ё барои ҳаракати афроди дорои имконияти маҳдуд бо аробачаҳо, дар роҳҳои кишвар бояд шароити хуб фароҳам оварда шавад. Ягон роҳравҳои махсус барои ин навъи нақлиёт сохта шавад. Ин ҳама албатта масъалаҳои хурд ба назар мерасанд, аммо барои ҳифзи муҳити зист масоили муҳим аст.»

Маъракаи «350»


«350» - ин маъракае эколожӣ, ки имсол дар тоҷикистон барои нахустин бор ташкил шуд, дар тамоми ҷаҳон сар аз соли 2007 гузаронида мешавад. Аввалин бор ин чорабинӣ дар Амрико ва аз сӯйи Билл МакКиббен, муаллифи нахустин китобҳо оид ба тағирёбии иқлим ва гармоиши саросарӣ баргузор шуда, тавонист дар як муддати кӯтоҳ маъруфияти зиёдеро касб кунад. Ҳадафи маъракаи экологӣ маъруф бо номи «350» бо ҷалби ҳукуматдорон то соли 2050, 80 дар сад коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ унвон мешавад. Аммо чаро маҳз «350»?

350 ин ҳадди мусоиди заррачаҳои гази гулхонаи дар фазо аст. Яъне ба бовари иқлимшиносон 350 заррачаи гази карбон дар миллион зарраи ҳаво ин ҳаддест, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз пайомадҳои нохуши тағирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба он баргардад. Бино бар хулосаи донишмандони зистмуҳитӣ, дар ҳоли ҳозир ҳаҷми СО 2 дар фазо ба 385 заррача дар миллион баробар шуда, боиси нигаронии иқлимшиносон гаштааст.

Маърифати костаи экологӣ

Оламафрӯзи Қурбоналӣ, донишҷӯи донишгоҳи миллӣ ва яке аз ширкатдорони маъракаи эколожӣ, мегӯяд, бо ташкили чунин чорабиниҳо дар шаклҳои барои ҷавонон ҷолиб мешавад, огоҳии онҳоро оид ба масоили зистмуҳити бештар кард. Ба андешаи Оламафрӯз, ба хотири коҳиш додани ҳаҷми партоби гулхонаӣ ва ҳифзи муҳити зист, дар Тоҷикистон қабл аз ҳама бояд маърифати эколожии мардум боло бурда шавад.

Алихон Латифӣ, муҳитшинос ва раҳбари клуби созмонҳои ғайридавлатии зистмуҳитии Тоҷикистон, аз ин иқдоми созмонҳои ҷавонон, яъне ташкили маъракаи эколожӣ бо номи «350» ва таваҷҷуҳи насли ҷавони кишвар ба ҳифзи муҳити зист изҳори хушнудӣ мекунад. Аммо ӯ низ аз мушкилоти фаровони ин соҳа ёдрас шуда, мегӯяд, бештар аз ҳама аз бетаваҷҷуҳии бархеҳо нисбат ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва паҳн шудани партобҳои пластикиву буриши дарахтҳо нигарон аст.

Аммо созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон оид ба масоили зистмуҳитӣ, нақша доранд аз ин ба баъд дар ҳамкори бо ҳам маъракаи маъруф бо номи «350»-ро дар кишвар бештар ба роҳ монда, бо муваққатан манъ кардани ҳаракати мошинҳои ба қавле ба табиат зараровари муҳаррикдор, дар роҳҳои бузурги шаҳр сабқаҳои дучархасавори ролику скейтборд ва дигар нақлиётҳои безарарро ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG