Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён ҷаҳонпаҳлавон шуд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни навҷавонон, ки дар Тифлис баргузор шуд, як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ин мусобиқа бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз 28 кишвар доир шуд.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдулло, раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, тавассути телефон ба радиои Озодӣ гуфт:

«Дар мусобиқаи ҷаҳонии наврасону навҷавонон дар Гурҷистон чаҳор паҳлавони ҷавони тоҷик дар навъи самбои варзишӣ ширкат карданд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 81 килограмм бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Паҳлавони дигари тоҷик Деваштичи Убайдӣ дар вазни то 70 килограмм мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд».

Бояд тазаккур дод, паҳлавонони ҷавони тоҷик соли 2009 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасону навҷавонон дар Булғористон 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Аз он ҷумла ду нафари онҳо - Акмолиддин Каримов (дар вазни то 52 кг) ва Лутфулло Розиқов (дар вазни то 57 кг) байни ҷавонони 19-20-сола ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз шуда буданд.

Комроншоҳи Устопириён бошад, порсол дар вазни 81 кг байни наврасон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG