Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 7-уми октябр, Кохи Борбади шаҳри Душанбе саҳнаи ҳунарнамоии яке аз саршиностарин овозхононони таронаҳои мазҳабӣ, ҳунарманди эронитабори бритониёӣ Самӣ Юсуф буд. Ӯ дар Тоҷикистон низ аз маҳбубияти зиёде бархурдор аст.

Баргузоркунандаи ин барнома ширкати «АТМ International» ва баъзе ширкатҳои маҳаллӣ будаанд. Ҳунарнамоии Самӣ Юсуф қарор буд соати 17: 30 дақиқаи Душанбе оғоз шавад, вале он 45 дақиқа ба таъхир афтод.

Кохи лабрез аз мухлисон аз ин ҳунарманд истиқболи гарм намуд ва тамошогарони тоҷик сурудаҳои машҳури ӯро дар ҳамовозӣ бо ин ҳунарманди дӯстдоштаи худ иҷро намуданд.

Самӣ Юсуф, ки муддати 2 соати ҳунарнамоӣ мухлисонро бо худ дошт, ин шоми ҳунарии худро мондагортарин лаҳзаҳои фаъолияти ҳунарии худ унвон кард.

Самӣ Юсуф дар ин барнома ҳамчунин таронаи тозаэҷоди худро бо забони форсӣ пешкаши ҳаводорони тоҷикӣ худ намуд.

Қаблан низ шаҳри Душанбе мизбони ҳунармандони ҳамзабони мо чун Андӣ, Фарҳоди Дарё, Муъин, Ромиш ва Валӣ ва дигарон будааст.

Вале тафовути ҷиддие, ки дар барномаи ҳунарии Самӣ Юсуф ба чашм мерасид, ҳузури чашмраси сатрпӯшон ва афроди мазҳабӣ буд, ки дар консертҳои ҳунармандони дигар камрангтар будааст.

Самӣ Юсуф зодаи Теҳрон буда, дар Британия зиндагӣ мекунад ва бо таронаҳои бештар дорои мазмуни мазҳабӣ ва исломӣ дар миёни мусалмонон аз маҳбубияти зиёде бархурдор аст.

Албоми сурудаҳои ӯ бо номи “My Ummah” бо беш аз 5 миллион нусха дар саросари дунё ба фурӯш рафта ба ин ҳунармаyд маҳбубияти бештар, ба вижа дар байни ҷавонон бахшидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG