Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли ҲНИТ дар Рашт боздошт шудааст


Хонум Шафоат Сафарзода, сокини деҳаи Навдони ноҳияи Рашт ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 25 -уми сентябр се нафар дар либоси низомӣ ва як нафари мулкипӯш бародар ӯ Назриддин Сафарзодаро аз хонааш бодошт намуда, бо худ бурдаанд ва то ҳол хешовандон аз вай дарак надоранд.

Ӯ гуфтааст, барои пайдо кардани бародараш бо нома ба Додситонии кулл, Вазорати дохила ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон муроҷиъат кардааст, вале то ҳол аз ин ниҳодҳо дар бораи сабабҳои боздошти бародараш посухи дақиқ дарёфт накардааст.

Назриддин Сафарзода аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон вакили Шӯрои маҳаллӣ мебошад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон таъйид кардааст, ки аз "нопадид" шудани намояндааш хабар дорад.

Қабл аз ин, рӯзи 10 сентябр як вакили дигари ҲНИТ дар маҷлиси маҳаллии ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов низ дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.

Ҳусниддин Давлатов баъдан тавассути телевизон суханронӣ кард ва гуфт, ки ба бародараш Аловуддин Давлатов дар таҳияи шароит барои муқовимати мусаллаҳона, аз ҷумла харидории маводи мунфаҷира ва либосу муҳимоти низомӣ кӯмак кардааст.

Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) дар созмон додани ҳамла ба корвони нерҳои вазрати дифоъ дар таърихи 19 -уми сенятбр муттаҳам дониста мешавад. Бар асари ин ҳамла 26 сарбози вазорти дифоъ ба қатл расида буд.
XS
SM
MD
LG