Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи муштараки мубориза бо Эйч Ай ви Эйдз-и СММ ахиран лоиҳаи ҷадид ва вижаи худ, оид ба «кор бо занону духтарон ва баробарии ҷинсӣ»-ро дар Тоҷикистон муаррифӣ кард, ки дар доираи он, таваҷҷӯҳи вижа ба баробарии дастрасии итилоъот оид ба HIV ва пешгирии табъизу хушунат нисбат ба бонувон равона мешавад.

Гуфта мешавад, қаблан дар доираи барномаҳои мубориза бо HIV AIDS, СММ ба мушкилоти занону духтарон таваҷҷӯҳ зоҳир мекард, аммо масоили рӯзгори онҳо дар бастагӣ ба ин беморӣ, ба таври умумӣ баррасӣ мешуд.

Занон дастрасии маҳдуд ба иттилоот оид ба СПИД-ро доранд

Насрулло Рамазонов, ҳамоҳангсози равобит бо васоити ахбори умум ва муносиботи ҷамъиятии ин созмон мегӯяд, дар доираи ин барнома қарор аст, дар саросари кишвар низ чорабиниҳои мухталифи омӯзишӣ баргузор гардад.

Насрулло Рамазонов афзуд пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки маъмулан занон дастрасии маҳдуд ба итилоъот оид ба ВИЧ СПИД- ро доранд.

«Гирифтани итилооъот оид ба вируси норасоии масунияти бадан низ бояд баробар бошад. Фарҳанги мо чи хел аст, ки баъзан, мардҳо намехоҳанд ҳамачиро ба занҳо фаҳмонанд, гӯё ин хоси шумо нест ё айб аст. Ин амал низ як навъи хушунат аст».


Ахиран дар доираи барномаи ҷадиди СММ дар Душанбе, масъулини кумитаи занон ва оила, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятии кор бо занон, вазорати беҳдошт ва як гурӯҳи фаъолони ҷомеъа, роҳҳои муассири пешгирии хушунати занон, таъмини баробарии ҷинсӣ дар роҳи пешгирӣ аз густариши вируси норасоии масунияти баданро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Саломатии духтарон-саломатии модарони оянда

Мария Болтаева, ҳамоҳангсози барномаҳои муштараки мубориза бо Эйч Ай Ви Эйдз-и СММ мегӯяд, агар мо саломатии духтаронро ҳимоя кунем, ин нишонаи ҳифзи саломатии модари оянда аст.

Зеро ҳар қадар модари оянда аз ташхиси тиббӣ барвақтар гузарад, ҳамон қадар бемориҳои сироятӣ сари вақт ошкор ва барои пешгирӣ ё табобати он чораҳои зарурӣ андешида мешавад,

Мария Болтаева афзуд: «Агар мо дастрасӣ ба таҳсилро дар макотиби оливу миёна то ҳадди аксар барои духтарон осон намоем, ба ин васила имконоти онҳоро барои пайдо кардани ҷойҳои хуби корӣ, гирифтани маълумот оид ба ҳимояи саломатии репродуктивии худ, ба вижа дар бораи Эйч ай ви-ро афзун мекунем. Соҳиб маълумот шудан пеш аз ҳама духтаронро аз назари иқтисодию маънавӣ мустақил мекунад ва ҳамчунин дар баробари коҳиши мушкилоти беморӣ, мизони камбизоатиро низ дар оилаҳо поин мебарад».

Пажӯҳишҳои СММ нишон додааст, ки занҳо бо сохтори биологии ҷисмӣ худ нисбат ба мардҳо дар мавриди сироятёбӣ ба HIV ба маротиб заъфпазиранд. Аммо омилҳои зиёди дигар низ мавҷуданд, ки заъфпазирии занонро дар бастагӣ ба сироят ба ин вирус боз ҳам бештар мекунад.

Хонум Болтаева мегӯяд: «Пеш аз ҳама ин зуроварӣ ва таҷовузи ҷинсӣ аст. Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки таҷовузи ҷинсӣ қариб дар ҳама ҳолат дар шакли алоқаи ҳимояношуда сурат мегирад. Дар натиҷа зан метавонад ба бемориҳои гуногуни ҷинсӣ аз ҷумла HIV гирифтор шавад. Табиист, ки дар аксар маврид, занҳо мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтанашонро пинҳон медоранд ва аз ин рӯ ба кӯмаки тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ муроҷиат намекунанд. Агар мо дар доираи барномаҳои мубориза бо HIV AIDS занҳоро аз зӯроварӣ ва хушунат ҳимоя кунем, пас метавонем сари вақт ба ҷабрдидагон кӯмакҳои зарурӣ расонем».

Мария Болтаева мегӯяд ҳамасола ҳудуди 20 - 30 ҳодисаи нави сироятёбии занони ҳомила ба HIV ба қайд гирифта мешавад,ки ин аз як тарaф нишони хубтар ба роҳ мондани корҳои ташхисӣ бошад, аз сӯйи дигар гувоҳи он аст, ки эпидемия дар кишвар тавсеа меёбад ва барои пешгирии он бояд ҳама чораҳои имконпазир андешида шавад.

Табъизи беморон вуҷуд дорад

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти бадан мегӯянд, ҳанӯз ҷомеаи Тоҷикистон барои қабули беморон чун аъзоёни баробарҳуқуқи ҷомеъа омода нест.

Аз ин рӯ, ҳолатҳои мавриди хушунати равонӣ қарор гирифтани онҳо бештар ба назар мерасад.

Гулнора Давлатова, корманди созмони «Гули Сурх» мегӯяд, беморон ҳатто аз ҷониби пайвандон ва оилаи худ табъиз мешаванд:

«Келинҳои худро намегузоранд ба ашёи рӯзгор даст зананд ё ба ягон кори дигар дар хона машғул бошанд. Фикр мекунанд, ки ба воситаи ғизо, сӯҳбат кардан ё ашёи хона вирус мегузарад. Ҳарчанд, ки ин вирус аз писари худашон ба арӯси хонавода гузаштааст, ин барои онҳо фарқ надорад».

Сабаби аслии нақзи ҳуқуқи беморони HIV ва афзудани ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба он, пеш аз ҳама сатҳи пасти итилоъотии аҳолӣ ба вижа ҷавонон оид ба роҳҳои гузариши вирус арзёбӣ мешавад.

Назари мардуми оддӣ чист?

Дар ҳамин ҳол пурсиши мо низ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр нишон дод, ки бисёриҳо дар ин замина итилоӣ дурусту кофӣ надоранд:

«Ба назари ман ВИЧ ба ҳама роҳҳо мегузарад. Бисёртар аз занҳо ба мардҳо мегузарад. Аз рӯи хӯрока мегузарад, агар либоси ӯро бипӯши мегузарад. Агар ман фаҳмам, ки ягон кас ба ин вирус сироят ёфт, ман аз вай ҳазар мекунам.

Ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт: "Ин беморӣ бештар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва сӯзандорруҳо мегузарад. Агар нафари сироятёфта одами наздик бошад, ҳатман бо ӯ сӯҳбат мекунӣ ва роҳи наҷотро нишон медиҳӣ, аммо ба ҳеҷ сурат намегурезам аз ӯ."

Коршиносон мегӯянд роҳи муассири пешгирии ҳам сироятёбии аҳолӣ ва ҳам ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи беморон, ин баланд бардоштани маърифати сокинон оид ба HIV AIDS аст.

Чи тавр аз сирояти беморӣ пешгирӣ кард?

Аммо итилоъот бояд саҳеҳ ва дақиқ буда, бидуни воҳима ба мардум расонида шавад. Аз ин рӯ, нақши васоити ахбори умум ва рӯҳониён дар ин самт хеле муҳим аст.

Сураёи Шуҷоъат, раҳбари марказӣ коромӯзӣ ва мусоидати иҷтимоӣ гуфт, аз он хотир, ки бо сабабҳои бади молӣ на ҳамаи ҷавонон имкони идомаи таҳсил дар макотиби олии кишварро доранд, аз ин рӯ таълими пурраи тарбияи ҷинсӣ дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бояд хубтар ба роҳ монда шавад.

Зеро баъд аз хатми мактаби миёна, маъмулан духтарон ба шавҳар мебароянд ва писарон ба муҳоҷират рӯ меоранд ва ҳамин тариқ ҳаёти ҷинсии худро оғоз мекунанд.

Тибқи итилоъи маркази ҷумҳуриявии мубориза бо HIV AIDS- и Тоҷикистон, феълан дар кишвар расман 2204 нафар сироятёфтагони вируси норасоии масунияти бадан ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 80 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Аз ин шумор 351 нафар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳангоми ташхиси мавҷуд будан ё набудани ангезандаи ВИЧ СПИД дар хунашон посухи мусбат гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG