Пайвандҳои дастрасӣ

Бо таваҷҷӯҳ ба харобкориҳои обхезии баҳори имсола ва хатарҳои эҳтимолии он дар оянда, мақомоти обу обёрии Тоҷикистон ва бахшҳои соҳилбандии кишвар аз ҳукумат хостаанд, барои мустаҳкам кардани соҳилҳо дар буҷаи соли оянда маблағи бештар ихтисос диҳад.

Ҳотамшо Шарифов, раиси ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон, бо таъкид ба зарурати афзоиш додани мизони сармоягузории умури соҳилбандӣ дар мавзеъҳои зери хавфи ҷануби Тоҷикистон гуфт, агар хисороти расида бар асари офати табиӣ дар шаҳри Кӯлобро сарфи назар кунем, обхезии дарёҳо ва сели имсола наздик ба 132 миллион сомонӣ ба мардуми Хатлон ва давлат зиён овардааст, ки дар қиёс бо як соли пеш 100 миллион сомонӣ бештар будааст.

Ҳолати сарбандҳо ва соҳилҳо нигаронкунанда аст

Ҷаноби Шарифов, ки бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард гуфт, селу обхезиҳо ҳамчунин ҷони 22 нафарро рабуда ва як нафари дигарро бенишон кард.

Имсол дар қаламрави вилояти Хатлон дар маҷмуъ наздик ба 500 ҳолати изтирории дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ рух додааст, ки нигарониҳои ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаро ба бор овардааст.

Ҳотамшо Шарифов - раиси ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон
Ҳотамшо Шарифов, раиси ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон, мегӯяд:

«Агар Ҳукумати Тоҷикистон аз бонкҳо ё аз ташкилотҳои сармоягузору молиявии давлатию байналмилалӣ маблағи кофӣ барои корҳои соҳибмустаҳкамкунӣ пайдо накунад, ба ҳама маълум аст, ки дар 2-3 соли ахир, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон хатари зериобмонӣ таҳдид мекунад. Имрӯз қисми ҷанубии Тоҷикистон, асосан дарёҳои Сурхобу Ёхсу, пур шудаанд, соҳилҳо хароб гаштаанд, барои он ки аз солҳои 80-уми асри гузашта то имрӯз соҳилҳо таъмира дидагӣ нестанд. Он симтӯрҳое, ки сохта шуда буданд, ҳоло вақти истифодаашон гузаштааст, вайрон шудаанд, аз сабаби он, ки маблағ барои ивази онҳо нест. Фикр мекунам, ҳукумати кишвар бояд зарур донад, ки маблағ бояд дарёфт шавад, то соҳилҳо мустаҳкам карда шаванд. Зеро соҳилҳо харобу бениҳоят хатарнок шудаанд…»


Табиатшиносон мегӯянд, ҳар даҳсола, ҳарорати ҳаво то 3 дараҷа боло рафта, сатҳи оби дарёҳо низ меафзояд.

Азбаски соҳили дарёҳои азими ҷануби Тоҷикистон дар 30 соли ахир ба сурати лозим мустаҳкам нашудаанд, дар баҳору тобистон хатари селу обхезӣ бамаротиб боло меравад, ки хароб шудани даҳҳо манзили зист дар Кӯлоб ва ҳамин гуна 22 манзил дар мавзеъҳои наздик ба рӯди Вахши ноҳияи Ҷомию 20 манзил дар ноҳияи Бохтар далели ин иддаост.

Аммо бархе аз мутахассисон ва афроди зарардида аз офати табиӣ мегӯянд, ҳодисаҳои ахири обхезӣ нишон дод, ки маблағро идораҳои масъул дуруст ва босамар истифода накардаанд, ки дар натиҷа мавзеъҳои ислоҳталаб таъмирношуда боқӣ мондаанд.

Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ

Аҳмади Иброҳим, яке аз садҳо нафари бехонамонда дар асари селу обхезии моҳи май дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, агар соҳилҳои рӯди Ёхсу саривақт мустаҳкам ва сангҳояш ғундошта мешуд, ба гумони ғолиб, ҳоло зарурат набуд, ки барои одамон дар мавзеъҳои беоби дур аз шаҳр манзил сохта шавад:

«Алҳол, ки ба одамони зарардида дар мавзеъҳои беобу нообод, дар рӯи хоктӯдаҳо хонаҳои зебою барҳаво сохта доданд, мардум аз беобӣ ва дур аз шаҳр будан, дарҳояшонро қуфл зада, ба ҳамон вайронаҳо, хонаи бобоии баҳорон харобгаштаашон баргаштанд…»

Дар ҳамин ҳол, ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон мегӯяд, барои поккорӣ ва соҳилбандии рӯдҳои Сурхобу Ёхсу ва беҳсозии системаи ирригатсионӣ дар водии Кӯлоб, 2 миллион сомонӣ ва 7 миллион евро аз ҷониби мақомоти ҳукумати кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ихтисос дода шудааст.

Ҳотамшо Шарифов, раиси ситоди мазкур, гуфт, феълан 21 деҳа дар ноҳияи Восеъ, 10 русто дар Кӯлоб, бахши азами рустоҳои ноҳияи Ҳамадонӣ, деҳаҳои наздик ба дарёҳои Панҷу Вахш дар навоҳии Бохтару Ҷомӣ зери хавфи обхезӣ қарор доранд.

Ҷаноби Шарифов дар робита ба сабаби афзоиши хатари обхезӣ дар чанд соли ахир дар Хатлон гуфт:

«Солҳои пеш азбаски сохтмонҳо бисёр буданд, тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ кор мекарданд, автобазаҳо буд, идораҳои роҳсозӣ буд, ҳамин санги дарёҳо кашида шуда, дар заводҳои сангмайдакунӣ майда карда мешуданд, дар бунёди роҳҳо истифода мешуданд. Аз ҳамин ҳисоб буд, ки сангҳо дар дарё пур намешуданд. Ҳоло, ки сохтмонҳо кам шудаанд, талабот ба санг кам шудааст, танҳо дар 2-3 ҷо карйер месозанд ва аз ҳамон ҷо кам-кам санг мегиранду истифода мекунанд, дигар санг пур шуда истодааст дар рӯдхонаҳо. Об, ки аз боло, аз кӯҳҳо сангҳоро шуста ба поён ҷорӣ мекунад, сатҳи оби дарёҳо баланд мешавад, дамбае, ки мо месозем, масалан агар ба баландии 5 метр бисозем, дар давоми 2-3 сол як метр сатҳи об боло меравад…»

Бо назардошти хатари такрорёбии селу обхезӣ дар баҳору тобистони оянда, ҳукумати кишвар ба чунин қарор расидааст, ки дар се моҳи оянда Барномаи давлатии умури соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011-2015-ро, бо назардошти ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳия кунад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон 947 дарё ва 276 сой бо дарозии умумии 30 ҳазор километр мавҷуданд, ки дар баробари манбаи обтаъминкунӣ, ҳамчунин сарчашмаи офатҳои табии низ унвон мешаванд.
XS
SM
MD
LG