Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдори барканоршудаи Маскав Юрий Лужков раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведевро дар эҷоди фазои тарсу таъқиб айбдор кард ва эълом дошт қонунмандии фармони барканории худро дар додгоҳ баррасӣ хоҳад кард.

Дар посух муфаттишони федероли Русия гуфтаанд, парвандаҳои фасоду ришвати марбут ба шаҳрдории Маскавро мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд дод.

Лужков ба додгоҳ шикоят бурданист

Ба ин тартиб рӯёрӯии Кремлин ва шаҳрдори акнун пешини Маскав Юрий Лужков, зоҳиран ба марҳилаи дигаре ворид мешавад, ки пайомадҳояшро коршиносон ба гунаҳои мухталиф пешгӯӣ мекунанд.

Чеҳраи ҳанӯз чанд рӯз пеш бонуфуз ва акнун шаҳрванди қатории Русия, Юрий Лужков худ хомӯш аст, вале дӯсташ, овозхони саршинос Иосиф Кобзон ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, шаҳрдори барканоршудаи Маскав дар садади муроҷиат ба додгоҳ аст.

Соате пас аз ин изҳорот, хабар расид, ки ба муқобили Лужков парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҷавоб номаи Лужков мунташир шуд, ки дар он бо ишора ба репрессияҳои сталинии соли 1937, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, ба эҷоди фазои таъқиб ва сонсур айбдор шудааст.

Сиёсатмадори мухолиф ва яке аз мунаққидони сарсахти Лужков, Борис Немтсов, мегӯяд, саркашиҳои шаҳрдори собиқ ӯро ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад кард:

"Ягона эроди ҷиддӣ ба Лужков ин фасоди фарогир ва амиқи Маскав аст. Биноан, Медведев маҷбур мешавад, парвандаҳоро ба кор андозад. Агар ин тавр накунад, Лужков ба як сиёсатмадори қавие табдил меёбад, ки метавонад мансабдорон ва соҳибкорони озурдаро муттаҳид кунад ва дар интихоботи соли 2012 ба ҳайси номзади президентӣ ба майдон барояд."

Лужков аз сиёсат рафтанӣ нест


Лужков рӯзи сешанбе аз ҳизби "Русияи воҳид" хориҷ шуд. Вай гуфт, ба таъсиси ин ҳизб кӯмак кардааст, аммо ҳизб дар рӯзи сахт натавонист, ӯро аз мавҷи дурӯғу тӯҳмат ҳифз намояд.

Худи ҳамон рӯз дар мулоқот бо сарони ҳукуматҳои маҳаллии Маскав вай гуфт, аз сиёсат хориҷ нахоҳад шуд ва барои интихобӣ шудани раҳбарони минтақаӣ, ки дар соли 2004 аз тарафи президенти вақт Владимир Путин барҳам хӯрда буд, мубориза хоҳад кард.

Бо вуҷуди он, ки ҳизби ҳоким ва расонаҳои давлатӣ дар барканории шаҳрдор худи Лужковро айбдор медонанд.

Коршиносон мегӯянд, дар наздик ба 20 соли раҳбарии Лужков Маскав, ба пешрафтҳои чашмрасе ноил шуд.

Кормандони хадамоти зербиноӣ ва иҷтимоии шаҳр ва бозиншастагон низ аз фаъолияти Лужков хушнуд буданд, махсусан баъд аз он ки вай тавонист, дастмузд ва нафақаи бознишастагии сокинони Маскавро афзоиш диҳад.

Оғози тақсими "мерос"-и шаҳрдори собиқ

Ҳоло онҳо нигаронанд, ки бо барканории Лужков мумкин аст, ин даромади изофаи онҳо қатъ гардад.

Истеъфои ӯ ҳамчунин роҳро барои тақсими нави буҷаи шаҳр боз мекунад, ки қариб 37 миллиард доллар аст.

Дар ҳоле, ки номи чанд номзади эҳтимолии мақоми Лужков, аз ҷумла афроди наздик ба Путин, ба гӯш мерасанд, коршиносон имкониятҳои раҳбари дастгоҳи ҳукумат Сергей Собянинро бештар мешуморанд.

Дар ин байн ширкату маҳфилҳои наздик ба Путин ва Медведев талош доранд, тарҳҳои бузургу сердаромади сохтмон ва тиҷорат дар Маскавро ба дасти худ гиранд.

Оғози ба истилоҳ тақсими мероси шаҳрдори Маскав, Юрий Лужков, ки рӯзи сешанбе бо фармони раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз мақомаш барканор шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG