Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттилои расида, дар ҳудуди Узбакистон наздик ба 130 вагони ҳомили молу маҳсулоти соҳибкорони вилояти Хатлон банд шудааст.

Бештар аз ҳама вагонҳои ҳомили гандум (33 вагон), орд (20 вагон), бензин (16 вагон), сӯзишвории реактивӣ (4 вагон) ва мум ё ба истилоҳ, битум (14 вагон), ки бояд ба истгоҳҳои роҳи оҳани Хатлон бирасад, дар қаламрави кишвари ҳамсоя манъ аст.

Як намояндаи ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гуфт, бинобар манъи вагонҳо дар чанд моҳи ахир ба унвонии ширкати мазкур беш аз 300 арзу шикояти тоҷироне расидааст, ки соҳиби молу маҳсулоти воридотӣ ҳастанд. Қисмате аз ин арзу шикоятномаҳо ба ширкати «Узбакистон темир уйуллари» интиқол дода шудааст, аммо ҷониби Узбакистон дар робита ба ин даъвоҳо то ҳол изҳори назар накардааст.

Хисороти молии соҳибкорон

Маҳмадалӣ Турсунов, аз масъулони ширкати тоҷикие, ки ба воридоти орду гандум ба Тоҷикистон сарукор дорад, мегӯяд, ширкати таҳти раҳбариаш низ дар пайи ба истилоҳ, «муҳосира»-и вагонҳои борбари Тоҷикистон», зиёни қобили мулоҳизаи молӣ бардоштааст:

«Дар аввал 25-30 вагони мо дар банди Узбакистон монда буд. Проблема доштем, зарари молиявӣ бардоштем. Аммо ҳоло камтар фармоиш медиҳем ва аз ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон шикоят надорем. Маблағи қарзиро барои гардиши маҳсулотамон истифода мекардем ва моҳҳое, ки моли мо банд шуда буд, зарари ҷиддӣ бардошта будем».


Ҷаноби Турсунов афзуд, ҳанӯз то охир ҳаҷми хисороти молии бардоштааш аз манъи вагонҳои ҳомили орду гандумро пурра ҳисоб накардааст. Вай гуфт, вагонҳои орд ҳарчанд баъд аз чанд моҳ ба Қӯрғонтеппа расидааст, сифати ин навъи ғизо накоҳидааст:

«Хайрият ки мо ордро тоза пас аз тавлид шуданаш аз заводҳои Қазоқистон гирифта будем. Орд чунин хусусият дорад, ки агар як-ду моҳ пас аз истеҳсол шуданаш ҷое нигоҳ дошта шавад, сифаташ беҳтар мешавад. Орди нав истеҳсолшуда дар завод, агар нон пазед, хамираш дар танӯр намеистад. Орди муддате истода витаминаш бештар аст. Мо ақаллан аз ҳамин ҳисоб зарар надидем…»

Даъвоҳои бе додрас

Дар баробари соҳибкор Маҳмадалӣ Турсунов даҳҳо соҳибкори дигари ҷабрдидаи тоҷик феълан намедонанд, ки товони зарари молии бардоштаашонро аз кӣ, кадом ширкат талаб кунанд.

Сайфулло Шеров, раиси як ширкати хусусӣ дар вилояти Хатлон, ки ба тиҷорати маводи сӯхт машғул аст, мегӯяд, намедонад, ки барои ҷуброни зарари молӣ аз манъи вагонҳои ҳомили бензинаш дар Узбакистон мустақиман ба кӣ муроҷеъ шавад. Вай меафзояд, дар гузашта то 20 вагон маводи сӯхтро дар як дафъа вориди вилояти Хатлон мекард, аммо дар натиҷаи манъ шудани вагонҳо дар кишвари ҳамсоя то чанд миллион сомонӣ хисорот бардошта, ҳоло бо эҳтиёту таваккал ба тиҷорати маводи сӯхт сарукор дорад:

«Кӣ дар ҳамин шароит пул медиҳад, пули худамона гирифта наметавонем, куҷо то ҷуброни маблағи зарари бардоштаамон?! Ман ба ширкати роҳи оҳан муроҷиат карда будам, дар он номам ҳаҷми зарари бардоштаамро нишон дода будам, аммо то ҳанӯз ҳеҷ номаи расмӣ дар посух дарнаёфтаам. Зарари бардоштаи мо дар панҷ моҳе ки борамон манъ шуда буд дар Узбакистон, худам медонаму Худо. Фоизи қарзи гирифтаамон калон буд, то ҳанӯз қарздор ҳастам. Худатон медонед, ки дар ивази 100-150 ҳазор доллар бор оварда намешавад, ба ин пул кассе бо ту гап намезанад. Ҳоло таваккал ба Худо карда, 2-3 вагон маводи сӯхт фармоиш медиҳем, мисли пеш 15-20 вагон намебиёрем, метарсем, ки боз Узбакистон борамонро манъ мекунаду пули калон бой медиҳем…»


Чанде пеш Саидҷон Ёдгорӣ, муовини раҳбари Хадамоти боркашонии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон аз ширкати «Узбекистон темир йуллари» барои боздошти беасоси вагонҳои борбар дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ талаби товони зарари молӣ хоҳад кард, аммо ҳоло дар бораи пешниҳоди расмии чунин даъво ба кишвари ҳамсоя чизе гуфта намешавад.

Дар муҳосираи иқтисодӣ

Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯянд, вагонҳои борбари Тоҷикистон то ҳанӯз бо таъхири зиёд ба истгоҳҳои роҳи оҳани ин кишвар мерасанд. Узбакистон бастаи вагонҳоро баякборагӣ намегузорад то ба Тоҷикистон бирасанд, балки дар як дафъа ҳадди аксар танҳо 10 вагонро иҷозаи убур медодааст, ки барои ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз назари иқтисодӣ зиёновар мебошад.

Дар пайи «муҳосираи иқтисодӣ»-и Узбакистон, натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари минтақа низ хисороти молӣ бардоштаанд. Муддате беш аз 70 вагон масолеҳи сохтмонии мансуб ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки бо кӯмаки молии давлати Эрон бунёд мешавад, низ дар банди Узбакистон монда буд. Баъд аз таҳдидҳои Эрон, ҷониби Узбакистон то ҳанӯз масолеҳи сохтмонии марбут ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро бидуни монеа ба Тоҷикистон роҳ медиҳад. Вагонҳои равона ба Афғонистон ҳам, ба иддаои мақомоти ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон», бемушкил аз роҳи Узбакистон ба ҷануби Тоҷикистон ва аз ин ҷо ба ҷумҳурии исломӣ интиқол дода мешаванд.

Ва аммо як масъули истгоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, тайи як ҳафтаи ахир аз Узбакистон ба ин истгоҳ ягон вагон ворид нагардидааст, аммо дар ин авохир 10 вагони ҳомили пахта аз Қӯрғонтеппа тавассути Узбакистон ба самти Русия равона шудааст.

Бо ин ҳама, тибқи иттилои ахире, ки «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нашр кардааст, то рӯзи 20-уми сентябр, 830 вагони пурбори Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон банд монда, сабаби таъхир дар иҷозаи убури онҳоро Тошканд шарҳ намедиҳад.

Ҳамзамон то ҳанӯз масъалаи ҷуброни зарари молии соҳибкорон ва ширкатҳои тоҷикӣ аз манъи беасоси вагонҳо дар хоки Узбакистон дар ним соли ахир ҳалношуда боқӣ мемонад. Соҳибкорон намедонанд барои товони зарар ба кадом ниҳод муроҷиат кунанд ва ҳеҷ кадом ниҳоди расмӣ ҳам дар ин иртибот масъулият ба дӯш намегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG