Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти НАТО дар Қандаҳор бо номи "ҳамлаи аждаҳо"


Ҳамла ба Қандаҳор тарҳрезӣ мешавад
Ҳамла ба Қандаҳор тарҳрезӣ мешавад

Нерӯҳои паймони НАТО ва артиши Афғонистон дар пойгоҳи асосии Толибон амалиёти низомӣ роҳандозӣ кардаанд. Сухангӯёни паймони НАТО мегӯянд, дар ҳоли ҳозир марҳилаи ба истилоҳ "ҷангии" амалиёти "ҳамлаи аждаҳо" дар шаҳр ва канораҳои Қандаҳор пиёда мешавад.

Ҳадаф аз ин амалиёт барҳам задани имкони ҳаракати озод ва тарҳрезии ҳамлаҳои Толибон аст

Дар Қандаҳор ва гӯшаву атрофи ин шаҳри ҷанубии Афғонистон амалиёти муштарак зери унвони "ҳамлаи аждаҳо" ҷараён дорад.

Толибон дар рӯбарӯи ҳамлаи шадид

Тахминан 8000 афсару сарбози нерӯҳои паймони НАТО ва артиши Афғонистон кӯчаҳои Қандаҳор ва майдонҳои кишту боғҳои ноҳияҳои Арғандоб, Жарӣ ва Панҷваи канори Қандаҳорро аз ҷангҷӯён поккорӣ мекунанд.

Мансабдорони афғон пешбинӣ мекунанд, ки Толибон аз истеҳкомашон дифоъ хоҳанд кард.

Рӯзи якшанбе аснои сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, волии ноҳияи Жарӣ Абдулкарим Улусмой гуфт:

" Амалиёт ду рӯз инҷониб идома дорад. Дар ноҳияи Жарӣ онҳо аз деҳаи Санзарай шурӯъ намуда, ба пеш ҳаракат доранд. Ба фикри ман дар ноҳияи Жарӣ онҳо мехоҳанд, ҳамон қисматҳоеро ишғол кунанд, ки дар он душман фаъол аст."

Амалиёти "ҳамлаи аждаҳо" бузургтарин набард аз замони сари қудрат омадани генерал Дейвид Петреус мебошад.

Петреус дар моҳи июл фармондеҳии тамоми нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистонро бар дӯш гирифт.

Эҳёи назму субот дар Қандаҳор ва заиф намудани Толибон имкон медиҳад, ки сар аз тобистони соли оянда бар пояи барномаи президенти ИМА Барак Обама беруншавии нерӯҳо аз Афғонистон оғоз ёбад.

Минтақа аз ошӯбгарон поккорӣ мешавад

Рӯзи якшанбе дар Кобул сухангӯи паймони НАТО Йозеф Блотс гуфт, татбиқи бомуваффақияти амалиёти "ҳамлаи аждаҳо" имкон медиҳад, ки минтақа аз ошӯбгарон поккорӣ шуда, онҳо аз имкони ҳаракати озод ва раҳандозии ҳамлаҳо маҳрум хоҳанд шуд. Блотс пешбинӣ мекунад, ки Толибон муқовимати шадид нишон медиҳанд:

"Ин амалиёти фавқулода муҳим буда, ҳадаф аз он поксозии истеҳкомҳои Толибон дар Қандаҳор ва канораҳои он ба монанди ноҳияҳои Панҷвай, Жарӣ ва Арғандоб аст. Амалиёт дар замин бо кӯмаки нерӯҳои ҳавоӣ татбиқ мешавад. Мақсад маҳв кардани истеҳкомҳои Толибон дар ин минтақа аст."

Блотс афзуд, ки дар ҷараёни ин амалиёт мавқеъҳои таҳкимёфта ва пинҳонгоҳҳои Толибон маҳв гардонида мешаванд, то онҳо ба тарки минтақа маҷбур шаванд.

НАТО мегӯяд, Толибон фақат аз силоҳи хурду гулӯлаандоз оташ кушода, то кунун ба нерӯҳои НАТО ва артиши афғон зиёне нарасонидаанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи якшанбе НАТО гузориш дод, ки рӯзи ҷумъа ошӯбгарон марзи Покистону Афғонистонро убур намуда, дар вилояти Хусти Афғонистон болои посгоҳи нерӯҳои амниятии ин кишвар ҳамла намуданд. НАТО афзуд, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ беш аз 30 ошӯбгар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG