Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Сандуқи байнулмилалии пул аз ҳукумати Тоҷикистон


Тед Шнейдер, раҳбари ҳайъати Сандуқи байналмилалии пул
Тед Шнейдер, раҳбари ҳайъати Сандуқи байналмилалии пул

Сандуқи байналмилалии пул аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, дар амри шаффофияти хароҷоти маблағҳои ҷамъшуда барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун талоши бештар ба харҷ бидиҳад.

Ин ниҳоди байналмилалии молӣ аз ҷумла хостааст, то ҳукумати Тоҷикистон корҳо барои муҳосиботи молии хориҷии ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро” суръат бахшад ва аз хароҷоти маблағҳо ба таври муназзам ҷомеаро огаҳ кунад.

Гуфта мешавад, фасоду ришватхорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ин нигарониҳоро барангехтааст, ки ин тарҳ низ ба ришвату фасод олуда нашавад ва пули мардум ба ҷайби афроди алоҳида наравад. Ҳукумати Тоҷикистон аҳд додааст, ки шаффофияти комил дар харҷи маблағҳо барои Роғунро замонат медиҳад.

Коҳиши фурӯши саҳмияҳои Роғун

Тед Шнейдер, раҳбари ҳайъати Сандуқи байналмилалии пул, ки рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарие дар Душанбе, доир ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, фурӯши саҳмияҳои Роғун дар муқоиса бо моҳи апрели ҳамин сол камтар шудааст.

То имрӯз мардуми Тоҷикистон бо маблаёи умумии 200 миллион доллар саҳмия харидорӣ кардаанд
Тоҷикистон умедвор аст, то охири соли равон маблағи аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои Роғун ба даст омада, на бештар аз 880 миллион сомониро ташкил хоҳад дод.

Сандуқи байналмилалии пул, ки барои иҷрои барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон кӯмаки молӣ мекунад, дар гузашта гуфта буд, ки фурӯши саҳмияҳои Роғун метавонад, боиси поён рафтани нишондодҳои иқтисодии кишвар шавад, зеро маблағи зиёде аз гардиш дар бозор хориҷ хоҳад шуд.

$200 миллион кумаки мардум барои Роғун

Тоҷикистон поёни соли гузашта ба тарғиб ва фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун шурӯъ кард ва аз ҳисоби фурӯши онҳо то кунун бештар аз 200 миллион доллар ҷамъ овардааст.

Дар сурати бунёди нерӯгоҳи мазкур, дар саргаҳи рӯдхонаҳое, ки то ба кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҷорӣ мешаванд, Тоҷикистон дигар зимистонҳо аз бебарқӣ ранҷ нахоҳад кашид.

Аммо тарҳи нерӯгоҳи мазкур нигаронии кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Ӯзбакистонро ба бор овардааст, ки ҳарос доранд, дар сурати бунёди сарбанди Роғун барои обёрии киштзорҳои васеъи худ оби кофӣ нахоҳанд ёфт.

Аз ин рӯ Ӯзбакистон хостааст, то таъсири эҳтимолии нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба вазъи экологиии минтақа аз тарафи коршиносони байналмилалӣ омӯхта шавад.

Изҳори хушнудии СБП аз ҳамкориҳои Тоҷикистон

Тед Шнейдер, раҳбари ҳайъати Сандуқи байналмилалии пул, аз ҳамкории Тоҷикистон барои анҷоми ин арзёбӣ ибрози хушнудӣ карда ва гуфтааст, аз давлати Тоҷикистон тақозо доранд, то аз Бонки Ҷаҳонӣ бихоҳад, ки консорсиуми байналмилалиеро раҳбарӣ кунад, ки нерӯгоҳи барқи обии Роғунро месозад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар анҷоми арзёбии таъсири муҳитзистӣ ва тарҳи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG