Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашт то ҳол аз иртиботи телефонӣ маҳрум аст


Дар ҳоле, ки даҳҳо ҳазор муштариён бинобар қатъ будани хатҳои алоқаи ширкатҳои телефонҳои мобилӣ ва заминӣ ба водии Рашт изҳори норозигӣ мекунанд, намояндагони ширкатҳои телефонӣ иллати ин вазъро «мушкили техникӣ» меноманд.

Аз таърихи 21-уми сентябр, яъне ду рӯз баъд аз ҳамлаи мусаллаҳона ба корвони Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб, тамоми хатҳои телефони ноҳияи Рашт бидуни шарҳу тавзеҳи пешакӣ қатъ карда шуд.

Ҳоло рушан нест, ки бо дастури кадом ниҳоди давлатӣ хатҳои телефон ба Рашт қатъ карда шудааст ва сабаби он дар чист?

Вазири мухобирот: Мо дар ин бора хабар надорем

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, гуфтаас, аз қатъи хаттҳои телефон ба Рашт хабар надорад
Вазири транспорт ва мухобироти Тоҷикистон Олим Бобоев ба хабаргузориҳои гуфтааст, ки аз қатъ шудани фаъолияти ширкатҳои телефонӣ дар водии Рашт хабар надорад.

Ҳоло рӯзи севвум аст, ки аз тариқи ширкати мобилии «Бабилон», «МЛТ» ва ё «Тоҷик телеком» ва дигар ширкатҳои телефонӣ имкони тамос бо қаламрави ноҳияи Рашт вуҷуд надорад.

Сулаймон Тоҳиров, муовини раиси ширкати «Тоҷиктелеком» мегӯяд, «азбаски хатҳои телефонӣ хароб шудаанд, аз ин рӯ имкони алоқа вуҷуд надорад. Мо кӯшиш дорем, ки истгоҳи телефониамон дар минтақа солим бошад, албатта бисёриҳо аз мо мепурсанд, ки чаро наметавонанд тамос бигиранд мо мегӯем, ки нуқсони техникӣ аст».

Як масъули ширкати «МЛТ», ки аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, феълан ба ин суол ҷавоб дода наметавонад, вале дар зарфи даҳ рӯзи оянда ин мушкил рафъ хоҳад шуд.

Ба сурати умум намояндагони аксари ширкатҳои мобилӣ ба ҷуз нуқси техникӣ аз шарҳи дигари қатъ шудани алоқаи телефонӣ ба минтақаи Раштро худдорӣ мекунанд.

ВКД: Телефон ба амалиёт халал мерасонад

Аммо як афсари аршади Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, фаъол будани хатҳои телефонӣ дар минтақае, ки амалиёти низомии ниҳодҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Камароб идома дорад, ба ҷараёни амалиёт халал ворид месозад.

Ба қавли ӯ, ҳатто дар нахустин рӯзи амалиёт дар Камароб то наздик шудани нерӯҳои низомӣ ба ҷои будубоши гурӯҳҳои мусаллаҳ рушан будани хатҳои телефонӣ боис шудааст, ки гурӯҳи мусаллаҳ аз мавқеи низомиёни Вазорати дифоъ огоҳ шуда, ғайримунтазира мошинҳои ҳомили сарбозонро бо норинҷакандоз ба оташ кашиданд.

Ин афсари вазорати умури дохила гуфт, ки онҳо ба ҷои ҳодиса нарасида, иттилоъ ба гурӯҳҳои мусаллаҳ мерасад. Аз ин рӯ хомуш будани телефонҳо ба нафъи натоиҷи мусбати амалиёти зидди гурӯҳҳои худсар дар дараи Камароб будааст. Аммо ин ҳарфҳои афсари умури дохиларо дафтари матбуоти ин вазорат тасдиқ накард.

Изтироби мардум

Дар ҳоле ки сабабҳои мухталиф аз қатъ шудани хатҳои телефонӣ пеш оварда мешавад, вале сокинони кишвар наметавонанд аз вазъи саломатии наздиконашон дар ноҳияи Рашт дараке ёбанд.

Лутфия Сафарова, яке аз сокинони маҳаллаи Зарафшони пойтахт, мегӯяд, ки бехабарӣ аз ҳоли хешовандонаш хонаводаи онҳоро сахт дар изтироб гузоштааст: «Дар он ҷо хешовандони шавҳарам зиндагӣ мекунанд. Баъд аз куштори аскарон ва нооромӣ дар Ғарм дар ташвиш шудем. Ду рӯз мешавад, ки занг мезанем, телефонҳо хомуш аст. Ҳоло намедонем, аҳволи онҳо чӣ хел бошад».

Як сокини дигари пойтахт мегӯяд, ки духтарчааш дар дараи Камароб дар хонаи наздиконашон ҳаст ва се рӯз аст, ки наметавонад аз аҳволи фарзандаш огаҳ шавад.

Нақзи ҳуқуқи муштариён

Дар чунин шароит, ба қавли ҳуқуқшиносон, ҳаққи муштариёни ширкатҳои мобилӣ поймол мешавад, зеро онҳо аслан намедонанд ва ба онҳо на аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ ва на за ҷониби кадом як мақоми давлатӣ шарҳ дода намешавад, ки бо чӣ сабабе хатти телефон фаъол нест.

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, ки тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон, миёни муштарӣ ва ширкати мобилӣ қарордоди риояи уҳдадориҳои дуҷониба ба имзо расидааст. Барои муштарӣ чӣ аҳамият дорад, ки вазъият дар ноҳияи Рашт чӣ гуна аст? Ширкати мобилӣ бояд тибқи қарордод шароити алоқаро барои муштарӣ таъмин кунад.

Аммо намояндагони ширкатҳои мобили ҳамчунон ин вазъро ба нуқси техникӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ин мушкил дар рӯзҳои наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG