Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш»: аз Душанбе то Барбадос


Дар ин барнома нахуст дар бораи маросими мукофотсупорӣ ба варзишгарони ҷавони тоҷик – ҷоизадорони аввалин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ва бастани қарордод бо номзадҳо ба аъзогии дастаи мунтахаби олимпии кишвар дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гузориш медиҳем.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, ба варзишгарони ҷавони тоҷик Баҳодур Қодиров, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи наврасон дар риштаи гуштии озод, ба маблағи 5000 доллари амрикоӣ, ба Шукрона Шарифова, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Сингапур дар навъи таэквон-до, ба маблағи 3000 доллар, ба мураббиёни онҳо Абдурозиқ Олимов ва Ҷамшед Абдуҷабборов ба маблағи 1000-долларӣ сертификат супурд. Ҳамчунин ҷоизадорони Олимпиадаи наврасон бо тӯҳфаҳои сарпарастон – Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюмини тоҷик» ва Ширкати мобилии «Вавилон» мукофотонида шуданд.

Инчунин дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо номзадҳо ба аъзои дастаи мунтахаби олимпии кишвар дар Олимпиадаи Лондон-2012 қарордод баста шуд. Бар асоси он ба 15 варзишгари тоҷик аз рӯи 9 навъи варзиш моҳонаи олимпӣ супурда мешавад. Инҳо гурзандоз Дилшод Назаров, гуштигирони тарзи озод Юсуф Абдусаломов, Фарҳод Анақулов ва Баҳодур Қодиров, гуштигири юнониву румӣ Мурод Тӯйчиев, дзюдочиён Расул Боқиев, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Шералӣ Бозоров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, таэквондочӣ Алишер Гулов, тирандоз Сергей Бабиков, вазнабардор Низом Сангов ва камонвар Фирӯза Зубайдова мебошанд.

Сипас дар бораи натоиҷи мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Барбадос иттилоъ медиҳем. Дар ин бора сӯҳбате дорем бо Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, ки барои бори аввал дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат дошт.

Инчунин ба шунавандагон роҷеъ ба ҷамъбасти мусобиқоти байналмилалии тирандозӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе нақл мекунем.

Ба мухлисони футболи тоҷик дар бораи натоиҷи бозиҳои пешсафони сабқати Лигаи олӣ ва бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон маълумот медиҳем.

Дар ин барнома, инчунин, хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG