Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Бриҷтауни Барбадос баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Русия ба анҷом расид.

Муштзанҳои Русия се медал – ду тилло ва як нуқра ба даст оварданд. Дастаи Чин бо 1 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷои дуввумро гирифт. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ севум шуд. Дастаи Ҳиндустон бо 1 медали тилло ва 1 биринҷӣ ҷои чаҳорумро азони худ кард.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо дастаи Чин ( 7 медал) ғолиб шуд. Тимҳои Русия, ИМА, Укроин ва Маҷористон се медалӣ ба даст оварданд. Дар навъҳои олимпӣ Чин (1-2-0) дар ҷои аввал, Канада (1-0-0) дар ҷои дуввум ва Ирландия (1-0-0) дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Қаҳрамонону ҷоизадорони сабқати ҷаҳонии бокс миёни занон:

Вазни то 48 кг. 1. Мэри Ком (Ҳиндустон). 2. Стелюта Дута (Руминия). 3. Элис Апарри (Филиппин) ва Нозгул Боронбоева (Қазоқистон).
Вазни то 51 кг. 1. Рен Канкан (Чин). 2. Никола Адамс (Инглистон). 3. Ханна Маккинен (Финляндия) ва Татяна Коб (Укроин).
Вазни то 54 кг. 1. Елена Савелева (Русия). 2. Хи Сон Ким (Кореяи Ҷанубӣ). 3. Чилла Немеди-Варга (Маҷористон) ва Каролина Михалчик (Лаҳистон).
Вазни то 57 кг. 1. Кум Чжу Юн (Кореяи Шимолӣ). 2. Ян Янси (Чин). 3. Тассамали Тончжан (Тайланд) ва Рим Жуни (Тунис).
Вазни то 60 кг. 1. Кэти Тэйлор (Ирландия). 2. Дон Чен (Чин). 3. Каролина Грачик (Лаҳистон) ва Кален Андервуд (ИМА).
Вазни то 64 кг. 1. Гулсум Татар (Туркия). 2. Вера Слугина (Русия). 3. Клара Свенссон (Шветсия) ва Кэшмсер Ҷексон (ИМА).
Вазни то 69 кг. 1. Андрейча Уассон (ИМА). 2. Саванна Маршалл (Бритониёи Кабир). 3. Маричелл Йонг (Ҳолланд) ва Ян Тинтин (Чин).
Вазни то 75 кг. 1. Мэри Спенсер (Канада). 2. Ли Тзинси (Чин). 3. Мария Ковач (Маҷористон) ва Лилия Дурнева (Укроин).
Вазни то 81 кг. 1. Розели Фейтоса (Бразилия). 2. Марина Волнова (Қазоқистон). 3. Тимея Над (Маҷористон) ва Ван Янрай (Чин).
Вазни беш аз 81 кг. 1. Надежда Торлопова (Русия). 2. Катерина Кужел (Укроин). 3. Ли Юнфей (Чин) ва Кавита (Ҳиндустон).

Ёдовар мешавем, ки Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни занон дар Барбадос ноком шуд ва аз медалҳо маҳрум гашт.

Вай дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм дар даври аввал бар Аманда Коулсон (Инглистон) дастболо шуд ва дар даври баъдӣ бо варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Куин Ундервуд қувваозмоӣ кард.

Аз рӯи ҷамъбасти чор раунд ҳисоб баробар – 7:7 шуд. Вале доварон муштзани пуртаҷрибаи амрикоиро ғолиб донистанд.

Мавзунаи 18-сола, ки имсол ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд, барои аввалин бор дар сабқати ҷаҳонӣ ҳамроҳи мураббиаш Мирзо Шамсиев ширкат варзид.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни занон дар Барбадос 306 варзишгар аз 74 кишвар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG