Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мирзохуҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифин дар Рашт мегӯяд, таъқиби сарбозони собиқи мухолифин ва кофтукоби хонаҳои мардуми минтақа боиси нигаронӣ аст ва метавонад авзоъро боз ҳам печидатар кунад. Ӯ мегӯяд, дар деҳаи Такоба ҷустуҷӯи хонаҳои сарбозони собиқи ИНОТ сурат гирифтааст.

Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Рашт гуфт, ин амалиёт субҳи имрӯз, 21-уми сентбяр, оғоз шуда ва наздики 30 нафар аз муҷоҳидини собиқ дар Такоба пас аз он, ки нерӯҳои ҳукуматӣ манзили онҳоро мавриди кофтукоб қарор додаанд, тарки манзил кардаанд.



Размандагои собиқи мухолифин хонаҳояшонро тарк кардаанд

Вай афзуд: «Бачаҳое, ки дар гузашта ҳамроҳи мо буданду ҳоло ҳаёти мулкӣ доштанд, нерӯҳои ҳукуматӣ ба кофтукоби манзили онҳо шурӯъ кардаанд. Худи ин бачаҳо дар сари замини картошка будаанд, вале вақте ба онҳо дар ин бора хабар мерасад, гурехтаанд, то ба дасти нерӯҳои ҳукуматӣ наафтанд. Афсӯс, ки кор ранги дигар гирифта истодааст ва аз дасти нерӯҳои ҳукуматӣ...»

Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, кофтукови манзили размандагони собиқ дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки онҳо ҳаёти осоишта доштанд.

Вай гуфт, дар сурати идома пайдо кардани чунин фишорҳо, наздик ба сӣ нафаре, ки аз Такоба берун рафтаанд, эҳтимол ба гурӯҳе бипайванданд, ки дар Камароб 25 сарбози вазорати дифоъро куштаанд.

Мирзохоҷа Аҳмадов: силоҳе барои супурдан надорам

Аммо оқои Аҳмадов гуфт, худи ӯ феълан дар манзилаш қарор дорад ва ҳоло ҳеч амалиёте алайҳаш оғоз нашудааст. Вай ҳамчунин хабари супоридани силоҳҳояшро, ки расонаҳо навишта буданд, рад намуд ва гуфт: «вақте ҷаноби олӣ омада буд, мо яроқомонро ба шӯъбаи шашум супоридем. Дигар аслиҳа надорем. Худоро шукр, бидуни аслиҳа дар хона шиштаем. Пас, чиро супорем?»

Мирзохӯҷа Аҳмадов ба ин нукта ҳам таъкид кард, ки дар миёни идораҳои қудратии Тоҷикистон ҷосусони хориҷие ҳам ҳастанд, ки оромии кишварро намехоҳанд. Вагарна, ба гуфтаи Аҳмадов ҳоло ҳеч гурӯҳе дар дохил намехоҳад, ки кишвар ноором бошад.

Вокуниши вазорати дифоъ ба суханони Аҳмадов

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ҳузури нерӯҳо дар минтақа ба манзури анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ фаврӣ аст. Ӯ гуфт ин амр зарурат дорад, зеро ҳар маълумот ва хабаре, ки ситоди фаврӣ дарёфт мекунад, он бояд аз сӯи нерӯҳо таҳқиқ ва баррасӣ шавад.

Оқои Маҳмадалиев инчунин гуфт, ки Мирзохуҷа Аҳмадов ҳеҷ гуна силоҳ ва муҳимоте ба нерӯҳои давлатӣ таслим накардааст.



Баёнияи Ҳизби наҳзати исломӣ

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо пахши як баёния аз чунин ранг гирифтани авзоъ дар минтақаи Рашт нигаронӣ карда, аз марги 25 сарбози вазорати дифоъ ҳам таассуф хӯрдааст.

Дар ин баёния омадааст, “ахиран рӯҳия ва фазои моломол аз хушунат, адами боварӣ, ки гувоҳӣ аз рушди андешаҳои ифротии диниву дунявӣ медиҳанд, қадам ба қадам ҷойи фазои созишу эътимод ва боварии якдигарро гирифта истодааст...”

Ҷалолуддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ, дар ин бора ба Озодӣ чунин гуфт: “Маълум аст, ки кофтукобҳо пас аз ин гуна ҳодисаҳо зиёд мешаванд. Ҳизби наҳзати исломӣ ҷонибҳоро, чун ду ҷониб даргир шуданд ва ҳамдигарнофаҳмӣ карданд, ба муколама даъват мекунад. Дар матни муроҷиатнома ҳам омадааст, ки ҳар гоҳ муколама аз байн рафт, ҷойи онро хушунат мегирад ва ҳар ҷое, ки ҳамдигарфаҳмӣ ноком шуд, ҷойи онро таҳдиду тарсонидан ишғол мекунад. Ҳизби наҳзати исломӣ авзоъро зери назар дорад ва ҳар лаҳза омӯзиш мекунад”.

Коршинос: Бо собиқ фармондеҳон бояд муросо кард

Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури сиёсӣ дар Тоҷикистон, дар ҳамлаи пурқурбонии Камароб ва дар маҷмӯъ аз он чӣ дар шарқи кишвар мегузарад, дасти як гурӯҳи берунаро мебинад.

Аз ин рӯ вай мегӯяд, ҳоло фурсати он аст, ки бояд аз собиқ размандагони мухолифин истифода кард, на ин ки онҳоро аз худ гурезонд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи оқои Муллоҷонов, “ҳоло чи собиқ мухолифон ва чи мардуми одии Рашт дар фикри ин нестанд, ки дубора вориди даргирӣ шаванд, балки омодаанд, манзилу ҳамсару фарзандони худро дар канори худ ҳифз кунанд.”

Бо ин ҳол, ҳанӯз гуфтан мушкил аст, ки оё ин оғози ноамниҳо дар Рашт аст ё анҷоми он. Ҳамчунин, маълум нест, ки имрӯз чӣ касе коҳҳои кӯҳнаро бод додан мехоҳад: ҳукумат ё мухолифон собиқ. Гузашта аз ин, муаммост, ки ҳоло ба зери деги ноамниҳо дар Рашт кӣ оташ мемонад: худиҳо ё бегонаҳо.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG