Пайвандҳои дастрасӣ

Як даҳсола пеш кишварҳои узви СММ ваъда доданд, то соли 2015 ба қашшоқиву фақр, гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон хотима медиҳанд, таҳсили ибтидоӣ барои ҳамаи кӯдаконро фароҳам месозанд, маргу мири кӯдаконро коҳиш медиҳанд ва монеъи густариши бемории вируси норасоии масунияти бадан мешаванд.

Бо он ки то соли 2015 вақти начандон зиёд, яъне 5 соли дигар мондааст, Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал раҳбарони кишварҳоро ба Ню Йорк даъват кард, то иҷрои ваъдаҳои мазкурро баррасӣ намоянд.

Бино ба аксарияти арзёбиҳо, бисёре аз ҳадафҳои эъломшудаи рушди ҳазора тайи даҳ соли гузашта бе иҷро мондаанд, вале Бан Кӣ Мун, доир ба ин масъала бо забони дипломатӣ сӯҳбат кард:

«Ман аз тарафдории қавӣ аз ин ҳамоиш бисёр ташвиқ шудам. Он замон ва ҳоло, масъала ҳарчӣ ки набошад, мо шоҳиди он ҳастем, ки расидагӣ ба масъала дар сатҳи сиёсии олӣ, натиҷаи дигар дорад. Дар ин мусобиқа бо вақт ҳамаи мо ваъдаҳое додаем, ки бояд ба вафо кунем».

Нақши ночизи СММ


Бан Ки Мун, дабири кулли СММ

Марк Лейгон аз Шӯрои равобити хориҷӣ қароргоҳаш дар Ню Йорк, мегӯяд, агарчӣ Созмони Милали Муттаҳид ҷойи хубе барои баррасии масоиле ба мисли қашшоқист, вале худи созмон ба ҳайси як ниҳоди байналмилалӣ дар боло бурдани даромади мардум нақши ночиз дорад. Ин Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул ҳастанд, ки дар тағйири вазъи молии мардуми ҷаҳон нақши бештар доранд, чун барномаҳои бузурги иқтисодиро дар кишварҳои мухталиф сармоягузорӣ ва иҷро мекунанд.

Стюарт Патрик, раҳбари барномаҳои ниҳодҳои байналмилалӣ дар Шӯрои равобити хориҷӣ, мегӯяд, чунин ҳамоишҳо дар Созмони Милал барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилал ба мушкилот ва ҳидоят барои рафъи онҳо муфид аст. Аммо, мегӯяд ӯ, дар робита ба иҷрои ҳадафҳои рушди ҳазорсола чандон хушбин нест:

«Ин ҳадафҳо бисёр баландпарвозона аст ва дар ҳар сурат иҷрои онҳо мушкил буд, аммо бӯҳрони ҷаҳонии моли ахири соли 2008, корро аз пештара ҳам мушкилтар кард. Хулоса ҷомеаи байналмилал дар амри расидан ба ин ҳадафҳо ақиб мемонад».

126 миллиард доллар барои хушбахтии инсоният


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфт, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳоло 26 миллиард ва то 5 соли дигар 100 миллиард доллари дигар лозим аст. Аммо бӯҳрони молӣ ба саховати кишварҳои сарватманди донор, ки иҷрои барномаҳои ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо сармоягузорӣ мекунанд, таъсири манфӣ гузошт.

СММ мегӯяд, барои рафъи қашшоқӣ дар ҷаҳон 126 миллиард доллар зарур аст
Аз ҷумла Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё чанде пеш гуфт, кишвараш ҳаҷми кӯмакҳои молӣ барои иҷрои барномаҳои байналмилалии хайрияро ба таври чашмгир коҳиш хоҳад дод. Ҳукуматҳои кишварҳои дигари донор низ гуфтаанд, ки чунин хоҳанд кард. Ягона кишваре, ки гуфтааст, ба аҳдҳои додааш вафо мекунад, Амрикост. Вале Стюарт Патрик аз Шӯрои равобити хориҷӣ мегӯяд, агар ҳукумати Амрико аз азмаш барои ихтисоси кӯмакҳо даст накашидааст, вале шояд Конгресс чандон ба ин кор моил набошад:

«Ваъдаи ҳукумати Барак Обама барои ихтисоси кӯмакҳо як чиз аст, вале чизи дигар ин аст, ки оё дар воқеъ конгресси Амрико, дар сурати тағйири таркиби ҳарду палатааш, ба ихтисоси ин маблағҳо иҷоза хоҳад дод. Дар ин сурат кор барои раиси ҷумҳур бисёр мушкил мешавад».

Баъди ҳамоиши ҳадафҳои рушди ҳазорсола рӯзҳои 23 то 29 сентябр баҳсҳои Маҷмаъи умумии Созмони Милал шурӯъ мешавад, ки дар ҳар нишасти алоҳидаи он 192 кишвари узв, дурнамои сиёсатҳои худро муаррифӣ мекунанд. Раҳбарони 130 кишвари ҷаҳон имсол дар нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милал ҳозир хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар нишаст суханронӣ хоҳад кард ва ҳамин гуна раисони ҷумҳури Афғонистону, Қирғизистон ва Туркманистон. Ислом Каримов, ки як даҳсола боз аз минбари Созмони Милал нутқ эрод накардааст, имсол аз сиёсатҳои кишвараш сухан хоҳад гуфт. Масъалаи ҳуқуқи инсон ва барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон ду мавзӯъи аслии баҳс дар ин нишаст будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG