Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 20-уми сентябри соли 2010, овозхони зиндаёд ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Абдулло Назрӣ, 80 сола шуд. Абдуллоҳи Назрӣ соли 1930 дар деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз дида ба ҷаҳон кушода ва аз пайравони мактаби хонандагии хунёгари овозадор Акашариф Ҷӯраев маҳсуб мешуд.

Ӯ ҳанӯз соли 1954 аз Дарвоз ба Душанбе даъват шуд ва ҳамагӣ 3 сол баъд, дар синни хеле ҷавони 27-солагӣ сазовори унвони фохираи ҳофизи мардумии Тоҷикистон шуд. Аз соли 1963 ба ансамбли шӯҳратёри "Шашмақом" пайваст.

Аз баракати беш аз ним аср собиқаи хонандагии Абдуллоҳи Назрӣ, ба хазинаи тилоии мусиқӣ ва ҳунари тоҷик беш аз 200 таронаи ноб, ки аксар дар ҳавои сабки Акашариф Ҷӯраев хонда шудаанд, ба ёдгор мондааст.

Соли гузашта, шаҳрдории Душанбе ба хотири гиромидошти ин ҳунарманди дар воқеъ мардумӣ, кӯчаи Сурикови пойтахтро ба номи Абдуллоҳи Назрӣ гузошт.



Вале имсол ба шарафи 80-солагии ин хонандаи маъруф, кадом шабнишинии расмие дар назар нагирифтаанд ва ин ҷашн ғолибан дар ҳалқаи пайвандон ва дӯстонаш таҷлил хоҳад шуд.

Дар бораи ҷашни устод ва ҳам меросе, ки аз Абдуллоҳи Назрӣ бо бозмондагони ӯву ҳам барои ҳунари тоҷик мондааст, гуфтугӯе доштем бо фарзанди калонии ӯ Исмоили Назрӣ ва пурсидем, ки имрӯз ҷашни қиблагоҳро чигуна таҷлил хоҳанд кард?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG