Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазнабардори тоҷик дар Туркия


Низом Сангов-вазнбардори тоҷик

Низом Сангов-вазнбардори тоҷик

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ, ки 17-уми сентябр дар шаҳри Анталияи Туркия оғоз шуд, Тоҷикистонро танҳо як варзишгар - Низом Сангов намояндагӣ мекунад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Бобохон Сангов, дабири кулли Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон, хабар дод. Вай, ки падар ва мураббии Низом мебошад, мегӯяд:

«Низом, ки барои бори дуввум дар сабқати ҷаҳонӣ дар вазни то 62 килограмм ширкат меварзад, рӯзи якшанбе, 19-уми сентябр вориди рақобат хоҳад шуд. Вай панҷ сол муқаддам дар сабқати ҷаҳонӣ ҷои 12-умро гирифта буд ва ин дафъа мақсад дорад, ки дар байни 10 нафар беҳтаринҳо ҷойгир шавад. Барои ин ба Низом зарур аст, ки дар ду ҳарб 250 килограмм вазн бардорад».

Вале Б. Сангов аз он изҳори таассуф кард, ки ба иллати набуди маблағ ба ин мусобиқот танҳо як варзишгар фиристода шуд ва ӯ ҳам бе мураббӣ.

Мусобиқоти ҷаҳонии вазнабардорӣ дар Туркия байни мардон дар 8 вазн ва миёни занон дар 7 вазн то рӯзи 27-уми сентябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG