Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки аз 20-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ба ҳайати дастаи мардонаи Тоҷикистон Фаррух Амонатов, Анвар Назаров, Ҷамшед Исоев, Соҳиб Ҷӯраев, Рашид Ҳусейнов ва ба ҳайати дастаи занонаи кишвар Марворид Насриддинова, Надежда Антонова, Лидия Антонова, Асила Мӯҳтоҷзода ва Мутрибаи Илҳом дохиланд.

Олимпиада бо ширкати 376 шатранҷбоз аз 158 кишвар аз рӯи манзумаи суисӣ дар 11 давр доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG