Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз лаҳзаи ифтитоҳи биноҳои навбунёди кохи ҷавонон, хобгоҳ барои донишҷуёни донишгоҳи Хоруғ ва театри навсозишудаи вилоятӣ дар ҳузури президенти кишвар, зиёда аз ду моҳ сипарӣ гардид. Вале то ба ҳол, ҳеҷ яке аз ин иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтаанд.

Сафарҳои иҷбории ҳунарӣ бинобар набудани барқ

Роҳбари театри мусиқи мазҳакавӣ Лангар Соҳибназаров изҳор дошт, ки пас аз баргузории ҷашни Рӯзи Ваҳдат, театр бинобар қатъ ёфтани интиқоли барқ дар торикӣ монда ҳунармандон ба сафарҳои ҳунарии иҷборӣ ба ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон фиристода шуданд.

Вай мегӯяд, ки сафари ҳунарии иҷборӣ наметавонад беохир давом кунад ва ҳунармандон бетоқатона интизор ҳастанд, ки кай ба саҳна бармегарданд.

Роҳбари театр «Помирэнержӣ»-ро муттаҳам мекунад, ки аз рӯи мақоли « алами Исоро аз Мусо мегиранд» амал карда, ба ҷурми қарздор будани ширкати сохтмонӣ, муассисаи фарҳангиро аз барқ маҳрум сохтааст.

Вай гуфт, ки ба сабаби маҳрумияти барқ, онҳо наметавонанд намоишномаи «Шириншо Шотемур»-ро омода ва барои хонандагони макотиб пешкаш кунанд ва шабҳои эҷодии ҳунармандониро рӯи саҳна оранд.

Ба гуфтаи мутахассиси пешбари раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Фаррух Оғоназаров, мушкилоти қарздорӣ дар назди ширкати барқрасонӣ, набуди об , хати телефон, шабакаи ҳавотозакунӣ ва дигар нобасомониҳо сабаби таъхир дар кӯч бастани кормандони раёсат ба бинои нав гардидаанд.

Донишҷӯёнро низ ноумед карданд

Умеди зиёда аз 200 донишҷӯи донишгоҳи Хоруғ ҳам, ки интизор доштанд, дар соли нави таҳсил дар хобгоҳи нав сарпаноҳ меёбанд , ба ноумедӣ табдил гардид.

Ба иллати қарздории барқ ва набуди шабакаи обрасонӣ, бино то ба ҳол аз ҷониби комиссия, қабул ва ба соҳибмулк супурда нашудааст ва донишҷуён маҷбур шудаанд, ки барои дарёфти манзили иҷора боз ангушт ба дари мардум зананд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Абдулло Холиқназаров, комиссияи давлатӣ пас аз бартараф намудани камбудиҳои ошкоршудаи андак, ҳар се иншоотро қабул мекунад.

Аммо ба гуфтаи як манбаъ дар мақомот, бинобар муфлис гардидани ширкатҳои сохтмонӣ, бартараф намудани мушкилоти андаки техникӣ ба дарозо кашидааст ва маълум нест, ки кай анҷом меёбад.

Ба иттилоъи ин манбаъ, шитобзадагӣ дар омода намудани тарҳ ва сохтмони биноҳо дар бархе аз маворид, ҳолатҳои хандаоварро ба вуҷуд овардааст.

Дар кохи ҷавонон, шабакаи винтелятсиони мавҷуд намебошад ва соҳибони оянда аз нафастанг шудан дар утоқҳо нигарон буда, кормандони телевизион бинои навашонро бе ҳоҷатхона дарёфтанд.

Мушкилот ҳали худро меҷӯяд

Дар ҳамин ҳол, масъулини ширкати «Помирэнержӣ» мегӯянд, ки кохи ҷавонон ба маблағи- 6 , театр -11 ва хобгоҳи донишҷуён -23 ҳазор сомонӣ дар назди ширкат қарздор буда, то пурра пардохт нагардидани ҳаққи хизматрасонӣ аз истифодаи барқ маҳрум мемонанд.

Мутахассиси шӯъбаи маркетинг ва фурӯши ширкати барқӣ Меҳрангез Шосабоиева бе қарздории барқу газ ва об супурдани биноҳоро ба соҳибмулкон, салоҳияти комиссияи давлатии қабул мешуморад ва мегӯяд, ки намояндаи ширкат ҳам бояд шомили комиссияи давлатии қабул бошад.

Аммо муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ санҷидани сифат ва бехатарии биноҳоро марбути салоҳияти комииссияи қабул дониста, мегӯяд, ки қарздории барқ баҳс байни ширкати барқрасонӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ мебошад.

Вай гуфт, азбаски қарздорӣ дар ҷараёни иҷрои корҳои сохтмони ба вуҷуд омадааст, он бояд дар додгоҳи иқтисодӣ ҳал шавад ва барқ бемаҳдудият ба биноҳои нав дода шавад.

Ҳамзамон оҷонсии зидди фаъолияти инҳисории ҷумҳурӣ аз ширкати «Помирэнержӣ» талаб кардааст, ки муассисаҳои буҷавӣ ва иншоотҳои муҳими аз ҷониби мудирияти сохтмонии назди президент сохташуда ба шабакаи барқӣ бояд бепул пайваст шаванд.

Аммо намояндаи ширкати «Помирэнержӣ" чунин фармоиши қоил шудани имтиёз ба муассисаҳои буҷавиро ғайриқонунӣ ва хилофи шартномаи консесинонӣ, ки як тарафи он ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, арзёбӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG